Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ИНТИХОБИ ҲАМСАФАРИ ҲАЁТИ ОЯНДА

ИНТИХОБИ ҲАМСАФАРИ ҲАЁТИ ОЯНДА

by admin
113 views

Ҳаёти мо ба мисли яхпораҳо аст, ки об шуда меравад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ҳаёти худро рангин созад. Мо инсонҳо барои ҳаёти дурустро интихоб кардан ҳамеша ростқавлу поквиҷдон бошем.

Мавзӯе, ки ман дар ин шумора матраҳ намудаам, мавзӯи ҳалкунандаи зиндагии имрӯзу фардои ҳар як ҷавони бонангу бономуси ҷомеа мебошад. Яъне, интихоби ҳамсафари ҳаёт номгӯзорӣ шудааст. Зиндагии мо инсонҳо ба мисли қиссаи яхфурӯшест, ки аз ӯ пурсиданд, фурӯхтӣ гӯфт: Нахариданд, аммо тамом шуд.

Мақсад аз матраҳ намудани мавзӯи мазкур интихоб кардани ҳамсафари ҳаёт барои ҷавонони ҷомеаи мутаммадин мебошад. Мо бояд ҳамеша кӯшиш намоем, ки дар ин лаҳзаҳои кӯтоҳи ҳаёт ҳамсафари хубе интихоб намоем, то дар ҳама лаҳзаҳои пастиву баландии зиндагӣ то охири умр дар барамон бошад, зеро бузургон гуфтаанд: “Интихоб кардани зан ба мисли интихоб кардани китоб аст, ҷилди зебои китоб инсонро ба худаш ҷалб мекунад. Дарунаш, ки хуб набошад, то ба охир хонданаш хеле душвор аст.”

Ҳангоми интихоб намудани зан на ба зебоӣ, балки ба рафтору кирдор ва хислатҳои зан аҳамияти махсус бояд дод. Дар урфият гуфтаанд: Тилло бо оташ зан бо тилло ва мард бо зан об мешавад.

Саймаҳмуди САЙМАВЛОН,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи молиявию иқтисодӣ

Related Articles

Leave a Comment