Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ДАР БОРАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ДАР БОРАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

by admin
215 views

 Калима ё худ номи “тоҷик” ҳанӯз дар сарчашмаҳои хаттии тибетӣ соли 792 дучор меояд, ки ин то ба имрӯз қадимтарин акси ин ном дар сарчашмаҳо мебошад. Халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон дар давоми таърихи ҳазорсолаи худ асосан ҳамон давраҳои тараққиёти ҷамъияти инсониро аз сар гузаронидаанд.

   Ҳарчанд замони инкишофёбии илму фарҳанг дар давраи салтанати Сомониён аз тарафи аҷнабиён торумор шуда бошад ҳам, хидмати шоирону нависандагон дар эҷодиёти назму наср хело бар аъло мушоҳида мешавад. Мо, халқи тоҷик имрӯз аз он мефахрем, ки гузаштагони мо донишманду обрӯманд ва меҳандӯст буданд. Ба мисли устодон Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон.Шоҳасари таърихии устод Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиноосии миллӣ ва рушди тафаккури таърихи мардуми мо хидмати арзанда намудаст. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳанги миллати тоҷикро зарра-зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд. Асари “Тоҷикон” воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохт. Имрӯз халқи тоҷик бояд аз гузаштаи худ хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯхтани таърихи миллати худ таъкид мекунанд. Таърихро омӯхтан ин танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии насли оянда хидмат мекунад. Мо ҷавонон имрӯз аз он мефахрем, ки дар чунин кишвари ободу зебо, орому осуда зиндагӣ фаъолият мекунем. Мо насли хушбахти имрӯз дар зебогии ин меҳан саҳмгузор бошем, чун ояндаи Тоҷикистони азиз дар дасти мо ҷавонон аст.

Тахмина МАДАЛИЕВА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment