Home ХАБАР СОРБОН ЛАТИФОВ РОҲХАТ БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНРО БА ДАСТ ОВАРД!

СОРБОН ЛАТИФОВ РОҲХАТ БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНРО БА ДАСТ ОВАРД!

by admin
129 views

Санаи 10-11-уми апрели соли ҷорї дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гуштини “Самбои муҳорибавї” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи соли 4-уми факултети тарбияи ҷисмонї ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакї Сорбон Латифов дар вазни 62 кило иштирок намуда, бо 5 ҳарифаш ғолиб омад ва ҷои аввалро ишғол карду роҳхат ба чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Баъд аз ғолибият ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Сорбон Латифовро дар саҳни донишгоҳ пешвоз гирифта, ӯро бо ин муваффақияти навбатиаш сидқан табрик намуда, барои ӯ дар муҳорибаҳои навбатї барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Related Articles

Leave a Comment