Home ХАБАР “РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ ВА РАҚАМИКУНОНИИ БАХШИ МОЛИЯВӢ”

“РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ ВА РАҚАМИКУНОНИИ БАХШИ МОЛИЯВӢ”

by admin
39 views

Таҳти унвони мазкур санаи 19.12.2023 бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо иштироки коршиносони соҳа аз ташкилоту муассисаҳои молиявии кишвар аз қабили Бонки милии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоядагони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ намояндагони ташкилоту муассисаҳои молиявии кишварро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ тариқи технологияҳои инноватсионӣ нақши бонкҳоро дар иқтисодиёт боз ҳам боло мебарад. Зеро ҳисоббаробаркуниҳо миёни субъектони хоҷагидорӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро суръат мебахшад.

Инчунин мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Юсуфзода Алиаҳмад зимни сухани шодбошии худ қайд намуданд, ки технологияҳои инноватсионии фарогири ҳудуди васеъ бо суръати баланд тараққӣ намуда, солҳои наздик тасаввуроти моро оид ба имкониятҳо куллан дигар месозанд. Тараққиёти босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ, бозори смартфонҳо, иҷозати бемаҳдуд ба интернет, технологияи таълими мошинӣ ва интелекти сунъӣ куллан оламро дигаргун месозанд. Дар ин замина, таҳлили нақши технологияҳои рақамӣ дар ташаккули низоми бонкӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Дар қисмати пленарии конфронс зиёда аз 6 маърӯза, аз ҷумла Шариф Раҳимзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, директори Институти иқтисодиёт дар мавзуи “Технологияҳои рақамӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт”, Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Масъалаҳои такмили низоми муқовимат ба қонунигардонии (шустушӯи) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Содиқова Шоира Музаффаровна Раиси ҶСП Бонки “Арванд” дар мавзуи “Рақамикунонии бахши бонкӣ дар таҷрибаи ҶСП Бонки «Арванд””, Фаррух Муродов-Мактаби байналмилалии идоракунии давлатӣ Сеули Донишгоҳи миллии Сеул, Кореяи Ҷанубӣ дар мавзуи “Экосистема ҳамчун модели нави рушди фаъолияти бонкӣ Тоҷикистон” ва Зикрулло Заланд — докторанти PhD- Донишгоҳи илмии Кипр дар мавзуи “Таҳлили робитаи байни даромаднокии бонк ва тағийрёбандаҳои макроиқтисодӣ” маърӯзаҳои илмии худро диор ба «Рушди низоми бонкӣ ва рақамикунонии бахши молиявӣ»  мавриди баррасӣ ва муҳокимаву омӯзиш қарор дода шуда, иброз гардид, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ дар бахши бонкӣ ва истифодаи фаъолонаи онҳо дар сиёсати муосири пулию қарзии кишвар муносибатҳои байни ташкилотҳои қарзӣ ва мизоҷон дар соҳаи қарздиҳӣ, хизматрасонӣ, огоҳ кардани мизоҷони худро дар амал татбиқ менамояд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ малакаҳои нав ва кадрҳои баландихтисосро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, бо мақсади самаранок иҷро кардани ниёзҳои муштариён, талаб мекунад. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ такмил медиҳанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, то муваффақ ва рақобатпазир бошанд.

Конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома рӯзҳои 19-20 декабри соли 2023 дар чор бахш: “Рақамикунонӣ ҳамчун пешбарандаи фаъолияти инноватсионӣ дар низоми бонкӣ”, “Гузаштани хизматрасониҳои давлатӣ ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”, “Нақши рақамикунонӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ” ва “Мавқеи рақамикунонии низоми молиявӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ” ба роҳ монда, дар он маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки беш аз 140 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ аз қабили Юнон, Кореяи ҷанубӣ, Туркия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорусия, Ҷумҳурии Қазоқистон маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намудаанд, ки барои ҳалли проблемаҳои ҷойдошта нақши созгор мегузорад.

Related Articles

Leave a Comment