Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ-ОМИЛИ ИҚТИДОРУ ШУКӮҲИ МИЛЛАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ-ОМИЛИ ИҚТИДОРУ ШУКӮҲИ МИЛЛАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

by admin
9 views
Тамаддуни башарӣ бозгӯйи ин воқеият аст, ки ваҳдату ҳамдилӣ, иттифоқу ҳусни тафоҳум, сарҷамъӣ атрофи ғояҳои созандаву соҳибватанӣ, эътирофи Пешвои нектадбиру ҷонфидо, ғаюру хирадсолор, посдори арзишҳои миллӣ омили иқтидору шукӯҳ, азамату неру, шуҳрату дурахши ҳар қавму миллате дар дарозои таърих ва ҳамчунин, кафолати пойдориву бардавомии давлату давлатдории онҳо будааст. Дар муқобил, аз ҳаводиси таърихӣ, аз ҷумла таърихи зиндаи кишварҳои дунё, стратегияҳои нуфузафзоии абарқудратҳои ҷаҳон баръало маълум аст, ки маъмултарин, муассиртарин, натиҷабахштарин тарҳи баровардасозии нақшаву барномаҳои муғризонаи мустабидон ин ҳамон тарҳи машҳури “нифоқ андохтану ҳукумат рондан” ба ҳисоб меравад.
Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлол низ, ки чун мероси давлатдории куҳану оламшумул барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик армуғони деринтизору шоистаи чархаи гардун буд, танҳо баъд аз тасвиби санади дигари сарнавиштсоз-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таъмини иҷрои бомароми муқаррароти конститутсионӣ, татбиқи ғояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, имкони амалисозии тадриҷӣ ва пайгиронаи ормонҳои миллӣ даст ёфт.
Чунончи сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, сулҳи Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомада, барои расидан ба он зиёда аз се сол, ё 1171 рӯз сарф кардан рост омадааст. Дар ин муддат зиёда аз 20 мулоқоти байни ҳукумат ва мухолифин (дар маҷмӯъ 8 музокирот) баргузор гардиданд, ки тамоми раванди онҳо ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд аст.
Мардуми фарҳангиву худогоҳ, ибратомӯзу соҳибандешаи мо, бо баргузидани фарзанди шоистаи замон, меросбари ганҷи ниёкон, давлатмарди ҷавону нектадбир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлату Пешвои миллат, саривақт аз дасисаву бозиҳои худбохтагони дохиливу нуфузталабони хориҷӣ пай бурда, бо зуҳури ваҳдату ҳамдилӣ, иттифоқу сарҷамъӣ, иқдомҳои созандагиву соҳибватанӣ, ғояҳои нифоқбарангезона, нақшаҳои солиёни дароз тарҳрезӣ намудаи онҳоро ботил намуданд. Даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои дардошнои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо гӯши ҷон шуниданд, атрофи Сарвари ҷавону соҳибтадбир муттаҳид гашта, ҷисми пурҷароҳати Ватанро, ки аз хавфи парокандашавӣ раҳида буд, бо иқдомҳои наҷиби дастаҷамъона малҳаму даво гаштанд.
Хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу салоҳ, таъмини якпорчагии Ватан, амнияти халқу миллат, дароз намудани дасти дӯстиву бародарӣ аз ҷонибҳои даргир дар таърихи тамаддуни инсонӣ таҷрибаи нодир аст.
Таҷрибаи тоҷикон дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан, ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгароии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан дар мусоҳиба ба мухбири маҷаллаи русии «Огонёк» соли 2000 гуфта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».
Тоҷикистони азиз дар партави хиради пурзиёву ояндаафрӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз файзи Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва фаъолияти якдилонаву дастаҷамъонаи халқи кишвар ба остонаи таҷлил аз ҷашнҳои пуршукӯҳу муқаддаси миллӣ, эътирофи ташаббусҳои ҷаҳониву арзишҳои фарҳангӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ расида, бо татбиқи пайвастаи тадбирҳои ватандориву соҳибдавлатӣ, аҳдофи стратегии миллӣ, дурнамои рушди минбаъдаи давлат ва некуаҳволии миллат боз ҳам рангину пурҷило хоҳад буд.
Даъвати гӯшнавозу меҳрангези Шоири халқии Тоҷикистон, устод Назри Яздонӣ гӯё таҷаллии ҳамон даъвати таърихӣ, нутқи эътимодбахшу умедзои Пешвои миллатро мемонад, ки аз фарози минбари Қасри Арбор садо дода, истиқболи он аз ҷониби халқи кишвар оғози раванди самарабахши сулҳу ваҳдати деринтизор гардид:
Эй бародар, пораи ҷисми Ватан,
Пораи дигар манам аз ин бадан.
Гар ману ту яктану якҷон шавем,
Комилу якпора мегардад Ватан!
Барҳақ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, сулҳу ваҳдат сифату сиришти азалии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо вуҷуди шикастҳои камаршикан, ин арзишҳои бунёдӣ боиси эҳёи дубора, равнақи беш аз пеш, ҳифзи асолату ҳувият ва ганҷураи безаволи ниёгонамон гардидаанд.
Ба таъбири ховаршиноси маъруф, муаллифи рисолаи арзишманди “Се шикасти ориёиён” Зафар Мирзоён, миллати тоҷик туфонҳои зиёди рӯзгорро, ки бисёре аз миллатҳои дигар ба онҳо тоб наоварда, аз саҳнаи таърих берун шудаанд, пушти сар ниҳодааст. Мо низ зери фишори омилҳои бегона, борҳо аз асли худ дур шуда, муддатҳо ба парешониву даргириҳо гирифтор шудаем ва имрӯз бояд бидонем, ки бо чи душвориҳои камаршикане ба хеш бозгаштаем ва чи бикунем, ки дигар он шикастҳои таърих ба пайкари мо роҳ наёбанд.
Дар шароити сиёсии ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо мо ҷомеаи шарафманди кишвари соҳибистиқлолу рӯ ба пешрафти бемайлонро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта зиракии сиёсиро ҳифз карда, атрофи ғояҳои сулҳу ваҳдати миллии Пешвои маҳбуби миллат бошем ва пайи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру супоришҳои Сарвари оқилу хирадманд камари ҳиммати ҷавонмардӣ бандем. Зеро чунончи Рафиқа Мӯсоева-раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мегӯянд: “Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сипари боэътимоди Ватани мо ва сокинони Тоҷикистон мебошанд. Роҳбарии ӯ гарави сулҳи бардавом, истиқрор, субот, ягонагии миллат ва шукуфоию пешрафти халқ аст”.
Таваҷҷуҳи ҳамешагиву афзуни Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои маҳбубу ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси шарафу масъулияти мо қишри ҷавони мамлакат мебошад. Чунончи дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд:
“Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.
Хушбахтона, барои мо насли сарафрози Истиқлол, ҳанӯз аз остони мактаб, аз партаи синфҳои ибтидоӣ масали “Панди падар ба писаронаш”, ки дар он падари соҳибтадбире ҷигарбандонашро зимни корҳои хоҷагӣ, бо имтиҳони қувваи бозӯяшон ҷиҳати шикастани бастаи химчаҳо, дарси иттиҳоду ҳамдилӣ, иттифоқу сирри қудрат медиҳад, омӯзонида шуда, фалсафаву хирадмояи он дар мағзи ҷонамон нақшпазир гардидааст: — Азизони падар, бидонед, ки ҳаёт пастиву баландиҳои зиёд дорад. Аммо агар шумо мисли ин бастаи химчаҳо бо ҳам иттиҳоду ҷудоинопазир, дӯсту бародари воқеӣ бошед, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз шуморо шикаставу пароканда карда наметавонад. Мудом солиму побарҷо мемонед.
Иқдомҳои фарҳангпарварона, ислоҳоти соҳаи маориф, тақвияти инфрасохтори соҳаи варзиш, ташкили китобхонаҳо, роҳандозии озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, сафарбарсозии ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ва дигар ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат буд, ки имрӯзҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон баръало мушоҳида шуда, ҷавонони кишвар дар олимпиадаҳои варзишиву фаннии байналмилалӣ парчамбардори кишвари азизамон ҳастанд.
Ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бевосита панду насиҳат ва роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро водор месозад, ки ба бовариву эътимоди Пешвои хирадоини хеш сазовор буда, атрофи ғояҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ сарҷамъу муттаҳид бошем, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари некрою ояндабин саъю талоши афзун намуда, дар дигаргунсозиҳои мусбии ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок ва дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳмгузор бошем.
Мо насли сарафрози Истиқлол, баҳраманди Ватани ободу шукуфо, бо илҳому ҳамрайъӣ аз таманниёти Пешвои муаззами миллат дар Паёми табрикиашон ба ифтихори ҷашни Тиргон, ҷиҳати адои қарзи фарзандӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, шарафи ватандориву соҳибдавлатӣ, тарбияи наслҳои миллат дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва арзишҳои волои соҳибдавлатӣ омодагии ҳамешагӣ иброз менамоем: “Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд”.
Исозода Парвиз Асадулло-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment