Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АШУР САФАР

АШУР САФАР

by admin
79 views
Якуми май зодрӯзи шоири маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Ашӯр Сафар мебошад. Агар умр вафо мекард, Ашӯр Сафар имрӯз 97-сола мешуданд.
АШӮР САФАР 1 майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Баъди мактаби миёна Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлобро ба фарҷом расонда, муддате дар макотиби минтақа омӯзгорӣ кардааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи маориф, ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», мухбири радиои ҷумҳурӣ дар навоҳии Кӯлоб, мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб иҷрои вазифа намудааст. Ҳамзамон, аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибъилмон беш аз 50 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Натиҷаи ҳамин хидматҳост, ки сазовори унвони фахрии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ» гардонида шудааст.
Фаъолияти эҷодии Ашӯр Сафар аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо маҷмӯаи ашъори «Ибтидои роҳ» (1964) ба дунёи шеъру шоирӣ ворид омадааст ва ба гунаи мушоҳиди ҳассоси неку бади зиндагӣ рангомезиҳои сарнавишти инсонро дар шеъру таронаҳояш воқеъбинонаю шарикона ба қалам овардааст.
Шеъру қиссаҳои Ашӯр Сафар ҷанбаи пурқуввати лирикиву иҷтимоӣ дошта, дар маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Хандаи гулҳо» (1973), «Фарзанди аср» (1976) интишор ёфтаанд.
Беҳтарин намунаҳои эҷоди шоир дар китоби «Самари умр» (1980) ҷойгузин шуда, бо номи «Плоди жизни» («Советский писатель», Маскав, 1984) пешкаши хонандагони русизабон ҳам гардидааст.
Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои «Дастёри додо» (1979), «Гулгардонӣ» (1989) ва «Э мойнӣ, мойнӣ» (1994) гирд омадаанд, азёд медонанду мехонанд.
Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи «Гапи подор» (1987) гувоҳи даъвост.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули Маҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1984), «Холи фатир» (1987), «Цветок луны» (ба забони русӣ, 1987), «Арзи меҳр» (ба ҳуруфи арабӣ, 1993), «Достони нотамом» (1993), «Китоби нохонда» (1995), «Рӯзи сиёҳ» (1994), «Андешаи зиндагӣ» (1997), «Хӯшаи нур» (1998), «Мунтахабот» (2003), «Борони ҳидоят» (2008) аст.
Маҷмӯаи «Арзи меҳр» (1994)-аш сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, «Гулчини ашъор» (1997)-аш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.
Ашӯр Сафар дар боби тарҷумаи осори адибони хориҷӣ ва ҷамоҳири бародар ҳам хизмати шоиста карда, намунаҳое аз ашъори Р. Ҳамзатов, А. Софронов, С. Смирнов, Зулфия, П. Хузангай ва дигаронро пешкаши хонандаи тоҷик гардондааст. Тарҷумаи маҷмӯаҳои ашъори Қармис Дӯсанов «Табассуми Офтоб» (1985), Семён Данилов «Офтоби зимистон» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои оддӣ» (1990) ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ашъори алоҳидаи Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ, латишӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон (1991).
Аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
10 январи 1997 аз олам даргузашт.
Дар Кӯлоб Китобхона-осорхона, хиёбон, нимпайкара ва дар Душанбе кӯчае номи ӯро доранд.
Беҳтарин ёдгории ӯ хотироти рангину ашъори дилпазираш аст. Чанд ғазалашро чун армуғони зодрӯзӣ ба шумо пешкаш менамоем:
Майл агар бар мо надорӣ, гап кушудан хуб нест,
Оташи пинҳони дил боло намудан хуб нест.
Борҳо дил додаму бар ман диле нагзоштанд,
Ғуссаи деринаро аз нав фузудан хуб нест.
Нони кас қарз аст, мегӯянд, бар кас, одамон,
Дил агар додан нахоҳӣ, дил рабудан хуб нест.
Ҳоли кас аввал бипурсу баъд аз он ҳазле бигӯ,
Дар бари озурдадил ногаҳ сурудан хуб нест.
Гап ту донӣ одаме ғарқ аст дар гирдоби ғам,
Соате дар ёди ӯ беғам ғунудан хуб нест.
Ошиқӣ ин дигару дигартар аст одамгарӣ,
Майлаш, ошиқ бош, лек одам набудан хуб нест.
****
Бо мурураш неку бад афсона мегардидааст,
Рози пинҳон ҳам бурун аз хона мегардидааст.
Аз чӣ мегӯянд «анори дона-дона» дар суруд,
Баски хирман сербор аз дона мегардидааст.
Дӯст дорад ошиқу маъшуқа рӯ тобад агар,
Ошиқ аз бечорагӣ девона мегардидааст.
Зӯриву зориву зар ин ҷо намеояд ба кор,
Мардуме банди гапи ҷонона мегардидааст.
Ишқ агар аз дилбарон сар мезадӣ, хуш давлате,
Бенаво дилдодаи шайдо намегардидааст.
Зиндагӣ то ҳол моро мактаби н-омӯхта-ст,
Зиндагиомӯз кас фарзона мегардидааст.
Нозукиҳояш бувад бориктар аз мӯи сар,
Дар шикаст аз мӯи сар ҳам шона мегардидааст.
Нест ҷои шиква аз он дӯст, ки таркат кунад,
Рафта-рафта бачча ҳам бегона мегардидааст.
****
Дидаи масти ту сайёди ман аст,
Тир бар ҷону ба бунёди ман аст.
Дур ҳам дорам худамро аз назар,
Дилшикории ту дар ёди ман аст.
Нолаи талхе расад бар гӯшҳо,
Порае аз оҳу фарёди ман аст.
Дар фалак абре, ки гирён меравад,
Як варақ аз ишқи барбоди ман аст.
Бар ғаму дарди фаровонам маханд,
Ханда бар ғамхор ҷаллоди ман аст.
Субҳ аз рӯи ту дилбар мешавад,
Шабнами субҳ ашки навзоди ман аст.
Бӯсае дуздам гар аз лабҳои ту,
Байти маҳбубе дар эҷоди ман аст.
Пеши даргоҳи ту мурдан зиндагист,
Дар садоқат марг устоди ман аст.
* * *
Дилбар куҷо, ки кори ман танҳо намешавад,
Як чашма ҷӯш дораду дарё намешавад.
Аз лутфи ёр ҷилваи илҳом пурҷилост,
Бе навбаҳор лолае пайдо намешавад.
Номи вай аз забони ман асло нарафт, лек
Коме ширин ба гап-гапи ҳалво намешавад.
Гуфтам, ки дил барам зи худ савғо ба дилбарам,
Гуфтанд дил ба номи ӯ савғо намешавад.
Дил дар ҳавои дидани дидор метапад,
Ду дил, ҳазор мекунам, якҷо намешавад.
Дорои ишқ дар бари иқболу давлат аст,
Нодори ишқ бахтро доро намешавад.

Related Articles

Leave a Comment