Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ” Маҳфилҳо 18.04.2026 72

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ” Маҳфилҳо 18.04.2026 72

by admin
3 views

Санаи 18 апрел дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Педагогикаи томактабӣ”-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Латифзода Ойҷонбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, донишҷӯёни курси 5-уми факултет Раҳмонзода Садафмо дар мавзуи “Тарбия намудани инсонгароӣ дар давраи томактабӣ” ва донишҷӯи курси 1-ум Мудинзода  Б. дар мавзуи “Тарбияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуда, доир ба масъалаҳои тарбияи шахсият ва ташаккули арзишҳои инсонӣ дар давраи томактабӣ андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Related Articles

Leave a Comment