Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
37 views
Санаи 25 апрели соли 2025 Бобозода Бахтовар Сулаймон — унвонҷӯи кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, рисолаи илмии худро дар мавзуи «Асосҳои методӣ ва лингвофарҳангии ташаккули салоҳиятмандии коммуникативии донишомӯзони хориҷизабон ҳангоми омӯзиши забони тоҷикӣ» дар ҷаласаи муштараки кафедраи «Методикаи таълими забони англисӣ», кафедраи «Умумидонишгоҳии забони хориҷӣ (фаронсавӣ ва олмонӣ)» ва кафедраи «Умумидонишгоҳии педагогика»-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муваффақона аз муҳокима гузаронд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастовардро ба унвонҷӯ ва роҳбари илмияш табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илму таҳқиқ музаффариятҳои беназир таманно менамояд.

Related Articles

Leave a Comment