Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

by admin
123 views
  Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Аз ин хотир имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм экстремизм” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, сардори Раёсати таълим Мирзоев Қурбоналӣ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали муставфӣ Азимов Раҷабалӣ, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Нурматов Шарофиддин, ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонзода Некрӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ карда, қайд намуданд: “Яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрӯза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро аз решааш хушк намоянд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад”.
Сипас Муродова Гулчеҳра, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент дар мавзуи “Экстремизм ва терроризм омилҳои барҳамдиҳандаи арзишҳои волои инсонӣ” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет як саҳнаи тарбиявӣ бо номи “Сарбоз” манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment