Дар таърихи 11.03.2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-методии ғайринавбатии назди кафедраи молия ва қарз бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Дар кори семинар маърӯзаи муаллими калони кафедра Ҳаёзода Қиёмиддин дар мавзуи “Самтҳои таъмини устувории фаъолияти бонкҳо дар шароити норасоии захираҳои молиявӣ” шунида шуд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба охир расид.