Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

by admin
30 views
Санаи 19.02.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи математика ва методикаи таълими он мизи мудаввар дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳо дар самти рушди илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ” бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов Ҷонмаҳмад дар мавзуи “Роҳҳои тадбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм”” ва муаллими калон Амируллозода Маликамо дар мавзуи “Баррасии омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Паёми Пешвои муаззами миллат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Мизи мудаввар бо мубодилаи афкор миёни омӯзгорон ва донишҷӯён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment