Home ХАБАР ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН БАРОИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШ

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН БАРОИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШ

by admin
139 views
Ҳар як шахси солимфикр, бахусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифои Ватан ҷонро фидо мекарданд.
Ин нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастии халқи тоҷик аз даврони пеш то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад.
Вобаста ба ин масъала имрӯз бо иштироки намояндагони комиссарияти ҳарбӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо хатмкунандагон сӯҳбату вохӯрӣ ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯри Мирализода Абдусалом Мустафо, ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Гулаҳмадзода Ҷамшед, сардори шуъбаи минтақавии Раёсати агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Кӯлоб, Қунғуротзода Фотеҳ, сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, Орзу Ҳомидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Давлатзода Маснавӣ, комиссари комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ оғоз намуда, қайд намуданд, ки “Ҷоиз ба зикр аст, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои миҳимӣ сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ба хизмат мераванд. Дар қиёс нисбати солҳои пешин шароити хизмат дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз рафти хизмати фарзандонашон дидан намуда, аз шароити хуби он нисбати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳури изҳори сипос менамоянд.”
Сипас, Қунғуротзода Фотеҳ, сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, Орзу Ҳомидиён муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуданд ва ҷавононро даъват карданд, то ки омада дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо намоянд ва қайд намуданд, ки имрӯзҳо барои шахсоне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, имтиёзҳои хело зиёд ба роҳ монда шудааст.
Дар қисмати охир донишҷӯён ибрози андеша намуданд ва аксари онҳо розигӣ доданд, то ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шаванд.

Related Articles

Leave a Comment