Home ДАСТОВАРҲО ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР!

by admin
28 views
Санаи 17.01.2025 Раҳматов Умед Раҷабович — муаллими калони кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Такмили механизми молиявии таъмини сармоягузории рушди иқтисодӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)», зери роҳбарии Файзулло Машраб Қурбоналӣ — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.07- Молия, муомилоти пулӣ ва қарз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment