Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БОЗТОБИ АНДЕШАИ ХЕШТАНШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАТАНПАРАСТӢ ДАР РАСОНАҲОИ ХАБАРӢ

БОЗТОБИ АНДЕШАИ ХЕШТАНШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАТАНПАРАСТӢ ДАР РАСОНАҲОИ ХАБАРӢ

by admin
157 views

Дар пешравии афкори ҷомеа нақши ВАО хеле зиёд аст ва имрӯз рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион, махсусан интернет дар ташаккули афкори ҷомеа таъсири беандоза зиёд мерасонанд. Ҳар сухане, ки аз ин расонаҳо пахш мешавад, метавонад созанда ё сӯзанда бошад. Бинобар ин вазифаи публитсистика ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва бунёдкорӣ даъват кардан аст. Ҳамчунин вазифаи тарбияи ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ доштани матбуот ҳамеша муҳим буда, яке аз самтҳои асосии рушди давлатдорӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳову суханрониҳои худ дар бораи таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа пайваста изҳор медоранд, ки табъу нашри мавод дар саҳифаҳои матбуот дар роҳи тарбияи хештаншиносии миллӣ бояд ҳамеша дар мадди аввал бошад. Аз ҷумла, рӯзи 1 марти соли 2016 дар суханрониашон дар рафти ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори омма, дар мавриди ВАО ҳамчун зарурияти манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуда, онҳоро ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки ВАО бояд ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшад: «Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт вобаста буда, аз роҳи таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд ба даст меояд.

Ба таъкиди Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотиpаҳои таъpихӣ, ифтихоp аз мансубияти миллӣ, даp шyypи ҳаp яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳаp кадоми мо манфиати миллиpо ҳамчун қаpзи муқаддаси шаҳpвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиpом нагyзоpем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат баpоямон ба аpзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намеpасем».

Барои  расидан ба ҳадафи хештаншиносии миллӣ, пеш аз ҳама лозим аст, ки шуури миллиро дар зеҳни мардум ҷой кард ва дар назди шуури миллӣ вазифаи аслӣ, пеш аз ҳама рисолати бузурги худшиносии миллӣ меистад.

 Имрӯз дар кишвари мо системаи нави давлатдорӣ, яъне демократӣ ҳукмфармост. Ҳамчунин метавон гуфт, ки сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, малакаи касбӣ ва мафкуравии ҷавонон мавриди талаби замон ва рӯҳияи замон хеле боло рафта, ки хоҳу нохоҳ ба нерӯманд гаштани рӯҳияи миллии хештаншиносӣ  бетаъсир намемонад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар ҷараёни истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан, ҳамзамон бо як силсила душвориҳо масъалаи фарҳанг ва донистани саргузашти таърихии миллат ба миён омадааст. Ҳамин аст, ки дар кишвари мо  масъалаи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Густариши масъалаҳои хештаншиносӣ дар байни мардум талаботи бештаро ба омӯзиши гузаштаи тамаддуни куҳанбунёдамон  ба вуҷуд овард.

Дар ин ҳошия донишманди варзидаи тоҷик Зафар Мирзоён дар бораи худшиносии миллӣ ва ватанпарасти чунин гуфтааст: “Дар ҷаҳонбинии Ҳаким Фирдавсӣ мебинем, ки ҳаргиз душман ба пуррагӣ нобуд намешавад ва боз дар нахустин фурсати созгор сар бармедорад ва ба душманиву бегонагӣ пардохта, байни инсонҳо фосилаҳоро меафзояд. (Бесабаб нест Заҳҳокро, ки зодаи Урушалим-Байтулмуқаддас гуморидаанд, кушта нашуда, нобуд мешавад. Ва ин ҳам рамзеро дар худ ниҳон дорад, мабни бар он ки аҳриманзодагон нобуд намешаванд ва дар сурати парокандагӣ дубора барои ошуфтасозии озодагон бармехезад. Ҳанӯз на ҳама ҳамватанони мо медонанд, ки мо бар асари бор кардани фарҳангу бовариҳои бегонагон, беҳтарин арзишҳои маънавии худ, саргузашти ниёконамонро аз ёд бурдаем”.

Дар тарбияи шахсият нақши адабиёту фарҳанг ва ВАО бениҳоят муҳим аст. Яъне адибону журналистон бо осорӣ адабӣ ва навиштаҳои публитсистии худ метавонанд, дар тарбияву ташаккули насли бофарҳангу ватандӯст ва бунёдкор саҳми арзанда дошта бошанд. Вазифаҳои маводу матолиби нашрӣ ин ташаккули мавқеъ, таҳрик ва иттилоърасонӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба  масъалаи муҳими ҷомеа, аз ҷумла солимии он, гиромидошти арзишҳои меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Зикр кардан лозим аст, ки солҳои ахир дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, дар барномаҳои радиотелевизионӣ (чи расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ва чи ғайриҳукуматӣ) дар мавзуи тарбияи хештаншиносии миллӣ мақолаҳову намоишҳои зиёд интишор ва пахш мешавад ва муаллифон андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк карда, фикру мулоҳизаҳои худро дар мавриди худшиносии миллӣ, пешниҳод мекунанд.

Тоҳиров Шермуҳаммад забоншинос, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мақолааш “Паём-бозгӯйи сиёсати фарҳангсолорӣ” дар нашрияи “Маърифат” дар масъалаи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ андешаронӣ намуда иқтибосеро аз суханронии Пешвои муаззами миллат бамаврид такид намудааст. “Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум хусусан, наврасону ҷавонон муҳим мебошад”.

Мавзуъҳои асосие, ки муаллифони мақолаҳои дар матбуоти солҳои ахир ба табъ расондаанд, бештар ба ваҳдати ҳақиқии миллӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ, бознигарӣ ба гузаштаи таърихии тоҷикон ва монанди он нигаронида шудаанд.

Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти мерос, фарҳанги таърихӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст.

Дар ин маврид дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мақолаи устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон Шаҳбоз Саидзода зери унвони “Шоҳнома” ва эҳсоси миллӣ”  ба табъ расидааст, ки ба ақидаи муаллиф “… аз муассиртарин роҳҳои ноил шудан ба ин мақсад даст ёфтан ба худшиносӣ  ва ҳисси миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо шахси худшинос ва дорои эҳсоси баланди ватанпарастӣ метавонад дар ҳама гуна ҳолат аз манфиатҳои миллӣ дифоъ намояд …”.

Чуноне гуфта шуд, тарбияи худшиносии миллӣ паҳлӯҳои гуногун дошта, ба ташаккули мафкураи мардумон нигаронида шудааст ва барои инъикоси дурусти он бояд ҳама паҳлӯҳои ин масъаларо муайян намуд. Ҳамон гуна, ки каси худогоҳ бояд дар баробари ҷустани ҷавоб ба андешаи “Мо аз куҷо омадаем? Гузаштаи мо чӣ гуна буд? Бояд бо кадом роҳ асолати миллии худро ҳифз намоем?” ба омӯзиши таърих, донистану ҳифзи расму оинҳо ва ҷашнҳои миллӣ, рамзҳои миллӣ ҳамчун нишони нангу номуси миллӣ аҳамияти авалиндараҷа диҳад.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло оид ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», иқтибос аз Паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи Парчами давлатӣ, 24 ноябри соли 2015, чунин фикрҳои пандомезу раҳнамоикунанда оварда шудааст: «Эҳсоси муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ, ҳамчун муҳаббат ба Ватан — Модар бояд дар зеҳни фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия карда шавад».

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан  ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

Самимона дӯст доштани ин Ватан ва ин сарзамин, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва саъю талош кардан ба хотири ҳифзу густариши онҳо, инчунин оштинопазир будан бо ақидаҳои бегонапарастӣ яке аз вазифаҳои ҷонии ҳар як шаҳрванд бояд бошад.

 Ҳамин тариқ, матбуоти тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ ба мавзуи ҳимоят аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва хештаншиносӣ таваҷҷуҳи махсус намуда, саҳифаҳои зиёди худро дар тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас вомегузорад, ки ин инъикоскунандаи тарғиби хувияти миллӣ ва  ватанпарастӣ дар саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ мебошад.

Алишери АБДУЛМАҶИД, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment