Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ “АҲРОМИ МОЛИЯВИИ “МӮҲРА –БИЗНЕС”

“АҲРОМИ МОЛИЯВИИ “МӮҲРА –БИЗНЕС”

by admin
240 views

16 сол қабл аҳроми молиявие бо номи “Мӯҳра-бизнес”, ки аз ҷониби Ҷамшед Сиёев роҳбарӣ мешуд, Тоҷикистонро такон дод. Ҷ. Сиёев, наздики 10 сол қабл, ки роҳбарии ширкати дигареро бо номи “Ҷамол-компания” ба ӯҳда дошт, ба зиндон афтода буд.

Баъди баромадан ба озодӣ ӯ даст ба бизнеси наве зад, ки дар миёни мардум бо номи “мӯҳра-бизнес” маъруф шуд. Ӯ ба муштариён мӯҳра тақсим мекарду онҳо дар навбати худ ба он ресмон гузаронда, бармегардонданд ва ҳаққи заҳмати худро мегирифтанд.

Ҳазорон нафар фиреби Ҷ. Сиёевро хӯрда, ба бизнеси осон рӯ оварданд ба маблағҳои калон мӯҳра хариданд. Аммо бо гузашти камтар аз як сол маълум шуд, ки мӯҳра -бизнес аҳроми молиявӣ будааст.

Бинобар ин, вақте ки “падари мӯҳрабизнес” Ҷ. Сиёев боздошт, шуд, шаҳрвандони зиёде зарари иқтисодиву маънавӣ диданд, зеро нафарони зиёде маблағҳои супоридаи худро баргардонда натавонистанд.

Сабаби аслии фиреб хӯрдани ин муштариён бехабар будан аз донишҳои молиявӣ буд.

МАФҲУМҲО ФАРҚ МЕКУНАНД, АММО МАҚСАД ЯГОНА АСТ

Масъалаи саводнокии шаҳрвандон яке аз мубрамтарин масъалаҳоест, ки дар тайи чанд даҳсолаи охир давлатҳои ҷаҳон ба ҳалли он таваҷҷӯҳи зиёд нишон медиҳанд, аз ҷумла, ИМА ва Аврупо, ки дар ин муддат барои ҳалли проблемаи мазкур чораҳои зиёд ва муассир дида, ба пешрафтҳои назаррас ноил гардиданд.

Тибқи оморҳо ҳоло дар Аврупо сатҳи саводнокии шаҳрвандон 75% фоизро ташкил мекунанд ва ин нишондиҳандаи хеле баланд аст. Ин нишондод аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аксарияти кулли аврупориён донишҳои хуби молиявӣ доранд ва медонанд, ки чӣ гуна маблағ ба даст биоранд ва онҳоро сарфаву харҷ кунанд.

Мақсад аз зикри дастовардҳои кишварҳои пешрафта шинос кардани хонандагон бо таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт нест, балки сухан дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон аст, ки ҳамагӣ 10-12 сол қабл ба ин мавзӯи барои шаҳрвандон хеле муҳим ва зарурӣ рӯ овард ва он ҳам дар натиҷаи тавсияҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ.

Аммо қабл аз он, ки мо дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунем, мехостам дар бораи ин мафҳум ва истифодаи он дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои хориҷӣ ишора кунем.

То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, дар Тоҷикистон, чунон ки дар боло ишора кардам, ба масъалаи саводнокии молиявӣ дар охири даҳаи аввали асри равон рӯ оварданд. Ва дар тӯли каме бештар аз даҳ сол ин мафҳум ба таври гуногун истифода гардид ва мо ҳоло ҳам истилоҳи ягона ва меъёриро надорем.

Масалан, дар оғоз, вақте ки Ассотсиатсияи бонкҳо ва баъзе созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии хориҷӣ ба тарғиби ин мавзӯъ пардохтанд, бештар аз мафҳумҳои “саводнокии молиявӣ” ва ё “дониши молиявӣ” истифода мебурданд.

Масалан, китобчае, ки соли 2012 дар ҳаҷми 70 саҳифа дар ҳаммуаллифии раиси Ассотсиатсияи бонкҳо И. Лалбеков, Директори Маркази таълимии байнибонкӣ Р. Сайисмонов ва Х. Мироқилов чоп шуд, “Баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ” ном дошт.

Ҳоло тамоми бонкҳо ва расонаҳо аз мафҳуми “саводнокии молиявӣ” истифода мебаранд. Қариб тамоми бонкҳои бонуфузи Тоҷикистон ба шумули Бонки миллӣ дар сайтҳои худ боби махсус зери унвони “Саводнокии молиявӣ” дошта, аз фаъолиятҳои худ дар ин самт хабару гузориш пахш мекунанд.

Дар баъзе расонаҳо ин мафҳум “саводи молӣ” гуфта мешавад. Аммо дар доираҳои илмӣ бештар ибораи “маърифати молиявӣ” роиҷ гардидааст. Чанд китобе, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, ҳамин гуна номгузорӣ гардиданд.

Масалан, китоби “Маърифати молиявӣ” (муаллифонаш Ҷӯраев Б.М ва Шарипов Б.М, Нашриёти “Ирфон” соли 2016), китоби “Маърифати молиявӣ” (муаллифон Ш. Қодиров ва Б. Ҷӯраев, (чопи ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф”, соли 2018), “Маърифати молиявӣ. Тавсияҳои методӣ оид ба гузарондани машғулиятҳои фанни асосҳои иқтисодиёт барои синфҳои 11” дар доираи лоиҳаи ҳамкории Бонки миллӣ ва Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон соли 2017 чоп шудааст, дар ин бора гувоҳӣ медиҳад.

Ба андешаи мо, ҳарду ин мафҳум тарҷумаи ибораи русии “финансовая грамотность” аст, ки ба забони тоҷикӣ дар се вариант тарҷума шудаанд.

Мо дар бораи он ки кадоме аз вариантҳо дурустанд, баҳс карданӣ нестем, фақат ҳаминро гуфтанием, ки бояд мутахассисони соҳа ва забоншиносон дар ин маврид андешаҳои худро иброз дошта, сипас як калима – “саводнокӣ” ва ё “маърифат”-ро ба ҳайси истилоҳ қабул кунанд.

Аз ҷониби дигар, он чиро, ки мо аз забони русӣ ба ҳайси “саводнокии молиявӣ” ва ё “маърифати молиявӣ” пазируфтем, на дар ҳама кишварҳо ба ин мазмун ифода мешаванд. Барои тақвияти ин фикр муроҷиат мекунем ба таҷрибаи дигарон.

Масалан, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд аз истилоҳи “маълумоти молиявӣ” истифода мекунад. Дар Англия мафҳумҳои “қобилияти молиявӣ”, “потенсиали молиявӣ” –ро бештар роиҷ аст. Дар Германия бошад аз мафҳумҳои “қобилияти молиявӣ” ва “масъулияти молиявӣ” кор гирифта мешавад.

МАҚСАДИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ

Ҳоло мафҳуми саводнокии молиявиро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба тарзҳои гуногун тафсир мекунанд.

Умедҷон Ҳикматов, доктори илмҳои иқисодӣ, яке аз пажуҳишгарони эътирофшудаи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мегӯяд, ки қариб 10 тафсири мафҳуми саводнокии молиявӣ вуҷуд дорад.

Ба назари инҷониб, шояд ҳоло тафсири аз ҳама маъмултар ва эътирофшуда тафсири зерин бошад: саводнокии молиявӣ қобилияти шаҳрвандон дар масъалаи идора кардани молияи худ ва қабули қарорҳои самараноки дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат мебошад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мафҳуми саводнокии молиявиро раванде ҳисоб мекунад, ки дар рафти он, шахсони инфиродӣ ҳангоми истифодаи маҳсулоти молиявӣ тасаввуроти худро тавассути дастурҳо роҷеъ ба рискҳо баланд бардошта, қарорҳои самаранок қабул мекунад, то ки сатҳи зиндагӣ ва қобилияти ҳифзи манфиатҳои шахсиаш афзояд.

Коршиноси рус Александр Чулков дар мақолаи худ “Повышение уровня финансовой грамотности населения России как элемент системы укрепления экономической безопасности государства” мегӯяд, ки ҳоло дар зери мафҳуми “саводнокии молиявӣ” одатан раванди гирифтани маълумот дар соҳаи молия ва ё таҷаммӯъи ду унсурро мефаҳманд:

  1. доштани маълумот дар бораи маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолкунандагони он (фурӯшандаҳо), инчунин каналҳои ба даст овардани маълумот ва хизматрасониҳои машваратӣ;
  2. қобилияти истеъмолгарон дар масъалаи истифодаи маълумоти мавҷуда ҳангоми татбиқи ҳисобҳои махсус, баҳодиҳии рискҳо, муқоисаи бартариятҳои муқоисавӣ ва камбудӣ дар ин ё он хизматрасонии молиявӣ.

Ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки чаро масъалаи саводнокии молиявӣ барои ҳукуматҳо ва шаҳрвандон дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи хеле ҷиддӣ мубаддал гардидааст?.

Аввалан, давлатҳо ва институтҳои молиявӣ манфиатдоранд, ки шаҳрвандон дар масъалаҳои молиявӣ тасмимҳои дуруст бигиранд, зеро дар акси ҳол, онҳо мушкилоти ҷиддиеро ҳам барои ҳукуматҳо, ҷомеаҳо ва ҳам барои худ эҷод мекунанд.

Дар натиҷа, сафи ҳаннотон меафзояд, сатҳи ҷинояткорӣ боло меравад, шаҳрвандон маблағҳои худро дар бонкҳои шубҳанок пасандооз мекунанд ва ё васоили шубҳанокро барои афзудани сармояи худ истифода мебаранд, аз ҷумла, дар аҳромҳои молиявӣ мисли “Мӯҳра -бизнес” ва “Квестнет”.

У. Ҳикматов мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии моливиявиро дар таъмини амнияти молиявӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ тавассути як қатор омилҳо, аз ҷумла омилҳои зерин мебинад:

– баланд бардоштани сатҳи дониш ва ташаккули малакаҳое, ки ба истифодаи самараноки захираҳои молиявии аҳолӣ нигаронида шудаанд;

– баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ нисбат ба маҳсулот ва хизматрасониҳои муассисаҳои молиявӣ ва қарздиҳанда;

– муносибати ҷиддитари аҳолӣ ҳангоми муносибат бо муассисаҳои молиявиву қарздиҳанда;

– кашф ва рушди потенсиали соҳибкорӣ дар миёни аҳолӣ;

– пайдо кардани донишу малакаҳое, ки ҷалбу истифодашавии аҳолиро дар схемаҳои қаллобонаи аҳромҳои молиявӣ пешгирӣ мекунанд;

– баланд шудани масъулият зимни қабули қарорҳо дар бахши молия;

– баланд гаштани некӯаҳволии аҳолӣ.

Бархе коршиносони дигари соҳа ба ин назаранд, ки саводнокии молиявӣ ба ҳар як оила имкон медиҳад, ки худро дар ҳолатҳои пешгӯинашаванда, аз ҷумла, бӯҳронҳои иқтисодиву молиявӣ эмин нигоҳ дошта, инчунин сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии худро беҳтар кунад.

Дар ин иртибот Илҳом Иброҳимов, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ шаҳрвандоне, ки маърифати молиявияшон чандон баланд нест, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд сатҳи зиндагиашонро беҳбуд бахшанд, гузашта аз ин, ин категория ҳама вақт мавриди фиреби ҳаннотон қарор мегиранд.

Баҳром Шарипов, ҳаммуаллифи китоби “Маърифати молиявӣ” таъкид мекунад, ки маърифати молиявиро ба шаҳрвандон барои он омӯзондан лозим аст, ки воситаҳои молиявиро дуруст истифода бурда тавонанд, вагарна, баъзан онҳоро ташкилотҳои молиявӣ фиреб дода, рискҳои (хавфҳои) худро ба гардани одамон мепартоянд ва ғ. ки ин боиси паст шудани сатҳи зиндагӣ мегардад.

Номбурда ба ин назар аст, ки истифодаи дурусти воситаҳои молиявӣ боиси рушди оила ва давлат мегардад, аз ҷумла, гирифтани фоидаи иловагӣ аз пасандоз, хариди коғазҳои қиматбаҳо ва ғ. дороии молиявии оилаҳоро мустаҳкам ва васеъ карда, вобастагии онҳоро аз маоши буҷетӣ камтар мегардонад.

– Давлат зимни истифодаи захираҳои дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди одамон барои кам кардани қарзи беруна, паст кардани таваррум ва фоизи қарзҳо ва ғайра мусоидат карда, суботи молиявии кишварро мустаҳкам мекунад ва таъсири манфии тағйирёбии вазъи берунаро ба иқтисодиёти миллӣ коҳиш медиҳад, – иброз медорад Б. Шарипов.

Аваз Ибодов, корманди Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Олмон, ки таҷрибаи калони тренерӣ дар ин бахш дорад, мегӯяд, ки агар шаҳрвандон ё оилаҳо роҳҳои дурусти истифода бурдани маблағҳои дар даст доштаашонро донанд, на танҳо зиндагии худро ба хубӣ пеш бурда метавонанд, балки ба буҷаи мамлакат низ таъсири бевоситаву мусбат мерасонанд.

Ӯ дар ин маврид ба чанд нукта ишора мекунад, аз ҷумла:

агар хонаводаҳо талаботи худро қонеъ карда тавонанду ниёз ба чизе надошта бошанд, онҳо на танҳо ба буҷа чандин намуди андозро намесупоранд, балки аз ҷониби дигар барои онҳо субсидия ва кӯмакпулиҳо ҷудо карда намешавад.

  1. ин хонаводаҳо на танҳо оилаҳои худро таъмин мекунанд, балки маблағҳои зиёдатӣ ва пасандозҳои худро метавонанд дар оянда ҳамчун сарчашмаи маблағгузорӣ истифода бурда, воситаи пайдошавии ҷойҳои нави корӣ гарданд ва дар натиҷа, ҳамзамон, худи ҳамин оилаҳо як сарчашмаи нави даромадро пайдо мекунанд.

Муаллифони китоби “Повышение финансовой грамотности населения: международный опыт и российская практика» А.В. Зелентсова, Е.А. Блискавка, Д.Н. Демидов мегӯянд, ки аҳолии аз лиҳози молиявӣ саводнок як қатор корҳоро ба анҷом мерасонад, аз ҷумла:

– ҳар моҳ фоида ва масрафи оилаи худро ҳисоб мекунад:

– тибқи имконоятҳои молиявии дар ихтиёр доштааш зиндагӣ мекунад;

– аз лиҳози молиявӣ дурнамои зиндагии худро ба роҳ мемонад;

– дар асоси интихоб маҳсулоти молиявӣ ва хизматрасонии молиявиро мехарад;

– ба масъалаҳои молиявӣ сарфаҳм меравад.

НАЗАРСАНҶИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЧИРО НИШОН МЕДИҲАНД?

Соли 2012 таҳқиқоти Базаи глобалии додаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи пасттарин қарор доштани сатҳи саводнокии молиявии сокинони Тоҷикистонро ҳатто дар минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дод. Бо истинод ба таҳқиқоти мазкур, Бонки ҷаҳонӣ эълон дошт, ки ҳамагӣ 2, 5 % аҳолии синнашон аз 15 сола болотари кишвар дар муассисаҳои молиявӣ суратҳисоб доранд, фақат 08 % суғуртаи тандурустиро месупоранд.

Ҳамин тариқ, таҳқиқоти имкониятҳои молиявии сокинони Тоҷикистон дар соли 2012 нишон дод, ки танҳо нисфи пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз хизматрасониҳои бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда иттилоъ доранд.

Ба ғайр аз ин, ба ҳисоби миёна, аз 7 савол доир ба саводнокии молиявӣ тоҷикон танҳо ба 4.1 -тои онҳо дуруст посух гуфтанд, аммо аксарияти кулли сокинони кишвар аз мафҳумҳо ва консепсияҳои молиявӣ хабар надоранд.

Баҳори соли 2014 IFC (Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ), аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо институтҳои молиявии Тоҷикистон барномаи комплексии саводнокии молиявиро барои аҳолии кишвар ба мақсади рафъи сатҳи пасти саводнокии молиявӣ шурӯъ кард.

Дар доираи ин барнома IFC дар ҳамкорӣ бо «AccessBank Tajikistan», «Нахустин бонки хурди молиявӣ”, «ИМОН Интернешнл» ва «Финка” ба татбиқи барномаи м азкур шурӯъ карданд.

Дар соли 2015 ожонсии Standard & Poors ба хотири муайян кардани саводнокии молиявии аҳолӣ дар 150 кишвари ҷаҳон таҳқиқот гузаронд. Ба пурсидашудагон якчанд савол дар бораи таваррум, диверсификатсияи рискҳо, фоизҳои мураккаб пешниҳод гардид.

ЧАРО МО БОЯД АЗ ЛИҲОЗИ МОЛИЯВӢ САВОДНОК БОШЕМ?

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ нишондиҳандаҳои беҳтаринро Эстония нишон дод. 54% шаҳрвандони ин кишвар ба масъалаҳои молиявӣ сарфаҳм мераванд. Дар Латвия (48%), Туркманистон (41%), Украина и Қазокистон (40%), Литва (39%) дар бораи молия тасаввурот доранд.

Дар дигар кишварҳои боқимондаи собиқи шӯравӣ ин нишондод чунин буд: Беларус -39%, Россия– 38%, Озарбойҷон -36% , Гурҷистон – 30%, Молдова – 27%, Ӯзбекистон – 21%, Қирғизистон -19%, Арманистон – 18%, Тоҷикистон – 17%.

Вазъияти аз ҳама беҳтар дар Аврупои шимолӣ аст. Саводнокии молиявии шаҳрвандони Дания, Шветсия, Норвегия 71%, баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳонро дорост.

Дар Англия 67% , Олмон – 66%, ИМА – 57%, Фаронса – 52% шаҳрвандон метавонанд худро аз лиҳози молиявӣ саводнок ҳисоб кунанд.

Дар вазъияти аз Тоҷикистон ҳам бадтар Яман (13%), Албания (14%), Афғонистон (14%), Сомалӣ (15%) ва Ангола (15%) қарор доштаанд.

Саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон мутаносибан хеле паст аст. Натиҷаҳои гузарондашудаи аҳолӣ дар соли 2012 нишон доданд, ки қариб 15 % аҳолии кишвар танҳо ба 6 савол дар мавриди молия посух дода тавонистанд, танҳо 2 фоизи пурсидашудагон ба ҳамаи 7 саволи пешниҳодшуда посухи дуруст доданд

Алалхусус вазъияти ташвишовар дар ин қисмат дар деҳоти кишвар мушоҳида мешавад, зеро на танҳо дар бораи молия, балки дар бораи саводнокии молиявӣ низ тасаввурот надоранд.

ТАШАББУС АЗ МУАССИСАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БУД

Дар Тоҷикистон , чунон ки дар боло ишора кардем, дар ибтидо ба масъалаи саводнокии молиявӣ якчанд ТҒД ва ташкилотҳои донор таваҷҷӯҳ карданд.

Ба ин мақсад Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва кӯмаки Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (GIZ) дар давоми солҳои 2010-2012 дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар мавзӯҳои зерин тренинҳо доир кард:

– Буҷети оила ва мақсадҳои молиявӣ;

– Дороиҳо ва сармоя;

– Амалиётҳои амонатии бонк;

– Пасандоз ва фишангҳои он;

– Қарз ва идоракунии он;

– Хизматрасониҳои молиявии ҳозиразамон.

Дар ин солҳо аз ҷониби Ассотсиатсия барои як теъдоди қобили мутахассисони пешбари бонкҳо ва устодони мактабҳои олии кишвар «Тренинг барои тренерон» (ТоТ) гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар тайи ду сол Ассотсиатсия бо ёрии GIZ се маводи таълимӣ (бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар масъалаи “Баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ” чоп кард, ки барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ пешбинӣ шуда буд.

Аз моҳи декабри соли 2011 от моҳи маи соли 2012 беш аз 23 ҳазор нафар дар чорабиниҳои ба ин хотир доир гардида фаро гирифта шуданд.

Тибқи иттилои пешниҳодкардаи бонкҳои кишвар, дар натиҷаи гузарондани чунин чорабиниҳо беш аз 1000 нафар шаҳрванд депозит кушода, 2, 5 миллион долларро дар бонкҳо пасандоз карданд. Ин лоиҳа то моҳи сентябри соли 2012 идома кард.

Дар ибтидои соли 2012 барномаи пилотии “Imon International” бо “Oikocredit (ташкилоти молиявии голландӣ) фаъолияти худро шурӯъ карда, то тобистони ҳамон сол аллакай 11 тренинг бо ҷалби 160 зан доир кард. Дар доираи ин тренинг ширкаткунандагон дар бораи тартиб додани плани молиявӣ, идораи буҷа, иттилооти аввалия дар бораи маҳсулоти молиявӣ ва ғ. маълумот пайдо карданд.

“Imon International” ҳамчунин тренингҳоро ба мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявӣ барои донишҷёӯн дар сатҳи мактабҳои олӣ доир мекард.

Дар баҳори соли 2014 IFC (Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ), аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки ҳамроҳ бо институтҳои молиявии Тоҷикистон программаи комплексии саводнокии молиявиро барои аҳолии кишвар шурӯъ карда буд, аз ин тарщи худ натиҷагирӣ кард.

Тибқи таҳқиқоти гузарондаи созмони мазкур, 83 фоизи пурсидашудагон истилоҳоти бонкиро шарҳ дода натавонистанд, 90 фоиз дар бораи бюрои таърихи қарзҳо чизе нашунидаанд, фақат 40 фоиз ҳозир шуданд, ки ба бюрои таърихи қарзҳо маълумот пешниҳод кунанд.

Рӯзи 13-уми декабри соли 2017 тарҳи “Саводи молии” Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе аз натиҷаи миёндаврии ин тарҳ, ки соли 2014 оғоз шуда буд, натиҷагирӣ кард. Зарина Одинаева, мутахассиси ин тарҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи пажӯҳиши тозаи онҳо танҳо 29 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон саводи кофии молӣ доранд ва метавонанд даромадҳои худро мақсаднок истифода кунанд. Одинаева афзуд, дар се соли ахир ин шумора танҳо ду дарсад афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки то 75 дарсади аҳолии кишварҳои аврупоӣ аз донишҳои молӣ бархӯрдоранд ва дар Афғонистон ин рақам 13 дарсад будааст (Бонки Ҷаҳонӣ: “Пулдорӣ ҳунар нест, сарфи оқилонаи пул ҳунар аст”).

БОНКИ МИЛЛИИ КИШВАР ТАҲҚИҚОТИ ХУДРО ГУЗАРОНД

Соли равон Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири баҳодиҳии саводнокии молиявии сокинони кишвар таҳқиқоти худро гузаронда, онро дар сайти худ ҷо дод.

Гуфта мешавад, ки назарсанҷии мазкур дар миёни 1500 нафар гузаронда шудааст.

Барои муайян кардани сатҳи саводнокии сокинон чанд савол пешниҳод шудааст, аз ҷумла:

Оё шумо дар бораи маҳсулот ва хизматрасонии молиявӣ ягон чиз шунидаед?”

Посухҳо нишон доданд, ки аксарияи пурсидашудагон дар бораи захираҳои молиявӣ огоҳии зиёд надоранд. Инчунин маълум мешавад, ки 50,4%-и пурсидашудагон бо маҳсулоти “корти маошгирӣ ва ё иҷтимоӣ/нафақагирӣ шиносанд”.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки огоҳии пурсидашудаҳо дар мавриди маҳсулоти молиявӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи чандон паст нест, зеро аксари пурсидашудаҳо ҳадди аққал дар бораи панҷ типи маҳсулот иттилоъ доранд.

Сарфи назар аз сатҳи миёнаи маълумотнокӣ дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ, маҳсулоти асосии истеъмолӣ дар миёни пурсидашудагон “корти бонкӣ барои гирифтани маош ва ё корти иҷтимоӣ ва ё нафақа 40,6% ва “Қарзи бонкии бе гарав” – 17,2% аст.

Ба саволи он ки “Аз кадом маҳсулоти молиявӣ ва ё хизматрасонӣ бештар истифода мебаред”: боз ҳам ҳамон маҳсулот, яъне “корти бонкӣ барои гирифтани маош ва ё корти иҷтимоӣ ва ё нафақа” – 42,1% ва “Қарзи бонкии бе гарав” – 17,1% “ номбар шудаанд”.

Барои муайян кардани сатҳи саводнокии молиявӣ ба пурсидашудагон саволҳо оид ба мантиқ ва математика ва баъзе истилоҳоти иқтисодӣ дода шуданд.

  1. «Панҷ бародар бояд 1000 сомонӣ ҳамчун тӯҳфа гиранд ва онро байни худ тақсим кунанд. Биёед бигӯем, ки онҳо ҳиссаи худро аз ин 1000 сомонӣ дар як сол мегиранд ва сатҳи таваррум бетағйир боқӣ монда, 12 фоизро ташкил медиҳад. Оё онҳо пас аз як сол харида метавонанд … ”.

Дар миёни якчанд ҷавоб посухи дурусташ “Камтар аз оне, ки имрӯз харида метавонистанд” буд. Тақрибан 10% пурсидашудагон тавонистанд, ки ба саволи мазкур дуруст ҷавоб диҳанд.

  1. “Тасаввур кунед, ки шумо ба як дӯстатон барои як шом 25 сомонӣ қарз додед ва рӯзи дигар ӯ ба шумо 25 сомонӣ баргардонд. Вай барои ин қарз чанд фоиз пардохт кардааст?”. 98,3% -и пурсидашудагон ба ин савол ҷавоби дуруст доданд.
  2. Ба мусоҳибон пешниҳод шуд, ки фоизи пасандози фарзияшонро (шартияшонро) ҳисоб кунанд: «Фарз кардем, ки шумо дар суратҳисоби бонкӣ 100 сомонӣ ба мӯҳлати панҷ сол бо 2% солона гузоштед. Фоизи пасандози шумо дар охири ҳар сол ҳисоб шуда, ба маблағи асосии пасандоз илова карда мешаванд. Агар шумо ҳисоби худро пур накунед ва бозпас нагиред, пас аз 1 сол дар суратҳисоби шумо чӣ қадар пул хоҳад шуд?” Ҳар як мусоҳиби панҷум ба саволи додашуда посухи дурустдод.

ПАС, ЧӢ БОЯД КАРД?

Масъалаи саводнокии молиявӣ таваҷҷӯҳи ҷиддиро талаб мекунад, зеро бо зуд-зуд иваз шудани шароити бозори молиявӣ проблемаҳои нав ба нав пайдо мегарданд ва ин боис мешавад, ки на фақат аҳолӣ, балки мутахассисони соҳаи молия ва бонк низ ихтисоси худро такмил диҳанд.

Баҳром Шарипов дар ин иртибот мегӯяд, ки агар пештар барои кормандони бонкҳо дониши азхудкарда барои 15-20 соли оянда хизмат мекард, ҳоло фақат барои 2-3 сол хизмат мекунад.

– Ин тақозо мекунад, ки кормандони бонкҳо доим дар фикри такмили дониши худ бошанд, ба худомӯзӣ низ машғул шаванд, аз ҷониби дигар, ҳама бонкҳои мавҷудаи Тоҷикистон марказҳои таълимӣ кушоданд, дигар намудҳои омӯзишро истифода бурданд, – мегӯяд номбурда.

Б. Шарипов ҳамчунин ба ин назар аст, ки барои кӯмак расондан ба аҳолӣ бояд шабакаи ташкилотҳои консалтингӣ пайдо гарданд, то ки тарзи дурусти истифодаи воситаҳои молиявии ҳозиразамонро ба аҳолӣ фаҳмонанд ва аз тарафи дигар, одамонро бояд омӯхт, ки бо асосҳои дониши молиявӣ ва дуруст истифода бурдани воситахои молиявӣ омода бошанд.

У. Ҳикматов мегӯяд, ки масъалаи саводнокии молиявӣ бояд дар мактабҳои миёнаву олии кишвар ба таври бояду шояд ба роҳ монда шавад. Ӯ дар ин иртибот тазаккур медиҳад, ки ҳоло дар донишгоҳҳову донишкадаҳои Тоҷикистон ба фанҳои умумӣ, ки ба тахассуси донишҷӯён алоқаи мустақим надорад, соатҳои зиёд ҷудо мешаванд ва чунин муносибот аз замони шӯравӣ мерос мондааст.

Ӯ ба ин бовар аст, ки барномаи мактабҳои миёна ва олӣ донишҳои зарурии соҳаи молияро, ки дар ҳаёт барои ҳар як инсон зарур мебошанд, намедиҳанд.

– Албатта, ин фанҳо ба рушди умумии шогирдон таъсири мусбат мерасонанд, аммо ин набояд аз ҳисоби донишҳое, ки ба зиндагӣ ва некӯаҳволии ҳар як одам таъсир мерасонад, ҷуброн шавад, – таъкид мекунад У. Ҳикматов.

Ҳоло аз замони сар задани фоҷеае бо номи “Мӯҳрабизнес” беш аз 15 сол гузаштааст. Новобаста аз ин, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар дар Тоҷикистон ҳамин гуна аҳром боз пайдо шавад, эҳтимол дорад, ки сокинони зиёде ба доми он афтанд.

Аз ин рӯ, бояд шаҳрвандон бештар фаъол гардида, саводнокии молиявии худро баланд бардоранд, барои ин фақат хоҳиш ва ирода лозим аст.

Нуралӣ Давлат,

рӯзноманигор, муаррих

 

Related Articles

Leave a Comment