Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ–БЕДОРИИ КОМИЛИ ФАРДИЯТИ ИНСОН

ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ–БЕДОРИИ КОМИЛИ ФАРДИЯТИ ИНСОН

by admin
291 views

Масъалаи худшиносӣ ба масоили ахлоқи инсонӣ алоқаи бевосита дорад. Дар назари аввал ба хонандагон шояд аҷиб намояд: худшиносӣ чӣ маънӣ дорад, одам худашро бояд чӣ хел шиносад, он ки вай ному насабашро медонад, оиладорӣ ва тарбияи фарзандонашро медонад, оё худи ҳамин худшиносии одам нест? Аз ҷиҳати ҷисмонӣ одам медонад, ки аъзои бадани вай аз чӣ тартиб ёфтааст ва аъзои баданро чӣ хел ҳифз кардан ва тоза нигоҳ доштан лозим аст. Ин як ҷанбаи худшиносии инсон аст. Ба ҷуз ин худшиносии дигар ҳам оё вуҷуд дорад ва, агар мавҷуд аст, он худшиносӣ чист?

 Ба масъалаи худшиносии одамон аз замонҳои қадим ҳам дар илму ҳам дар дин таваҷҷуҳ кардаанд. Мегӯянд, ки аз ин ду ҳазор ё се ҳазор сол пеш юнониён дар маъбади бузурге, ки ба поси Худои муътабари худ Аппалон бино карданд, дар болои даромадгоҳ бо ҳарфҳои калон навишта буданд: худро бишнос! Ин муроҷиат табиист, ки ба инсон, ба одамон нигаронида шуда буд, яъне пеш аз он ки ибодати худро анҷом бидиҳӣ, ту бояд худатро бишносӣ. Дар аввалҳо чунин шиор танҳо мазмун ва мундариҷаи ахлоқӣ дошт. Инсон ба хотири ахлоқи поку беолоиш худашро назорат кунад, ба кирдору гуфтори худ таваҷҷуҳ дошта бошад, ба рафтору кирдор, гуфтору фаъолияти худ баҳо дода тавонад, ки вай бо роҳи хато, ба роҳи ҷиноят наравад, дурӯғ нагӯяд ва одамонро фиреб надиҳад ва ғайра. Баъдтар шиори худро бишнос! дар афкору ақоиди файласуфони юнонӣ мавқеъ ва нуфузи калон пайдо кард. Яке аз файласуфони аввалине, ки дар Юнон ин шиорро ба таълимоти илмию фалсафӣ тавҷеҳ дод, Суқрот буд. Суқрот мегуфт, ки инсон худро ҳамчун як офаридаи ин ҷаҳон бояд шиносад, ки ӯ ба дунё барои чӣ омадааст ва агар инро донист, бояд рафтору гуфтораш мувофиқи ҳамин худшиносӣ бошад. Сипас, ин шиор ва таълимот дар афкору ақоиди файласуфону олимон нуфузу таъсири калон пайдо кард ва яке аз мавзуъҳои баҳсу мунозираҳои доманадору судманде гардид. Аз ин ҷо мегӯянд, ки фалсафаи Юнон, ки аз илму донишҳои аввалин ва қадимтарини олами тамаддун аст, аз ҳамин шиори худро бишнос! ибтидо гирифтааст.

 Мо, оё имрӯз гуфта метавонем, ки шиори худшиносӣ ва таълимоти он аз юнониён ба мо гузаштааст. Ва оё донишмандони мо пеш аз юнониён дар ин хусус фикр намекарданд? Шояд худшиносӣ ҳамчун илм ба мо ва умуман ба олами урупоиён низ аз юнониён гузашта бошад. Лекин ман гумон намекунам, ки одамони мо дар хусуси худшиносӣ пеш аз юнониён ё бидуни юнониён фикр накарда бошанд. Охир, ҳоло ҳам дар байни мардум мегӯянд, ки одам бояд ҳаддашро дониста гап занад, яъне одам бояд аввал ҳадди донишу фаросати худро бидонад ва фаҳмад, ки ӯ кист ва  ҷойгоҳи ақлу фаросаташ то куҷост, баъд ба дигарон насиҳат кунад. Ё ин ки мегӯянд: аввал хеш, баъд дарвеш. Ин мақол дар маънию мазмун паҳлуҳои гуногун дорад. Аввал худатро бишнос, ки буданатро бидон ва сипас дар бораи дигарон андеша кун. Хулоса, худшиносӣ ҳамчун илм ва ақоиди фалсафӣ ташаккул наёфта бошад ҳам, мафҳуми худшиносӣ дар байни мардум ҳамчун меъёри ахлоқӣ ва хислати инсонӣ вуҷуд дошта ва мардум аз рӯйи ҳамин кор мебастанд, аз рӯйи ҳамин ба фарзандҳояшон андарзу панд мехонанд.

 Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мисли ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ як илме набуд, ки аз он дар мактабҳо дарс гӯянд. Аммо худшиносӣ як ҷанбаи ахлоқи инсонӣ буд, ки онро ба ҳар тарзу восита ба одамон талқин мекарданд. Худшиносӣ ҳидоят, роҳнамои зиндагӣ буд. Аз ин сабаб набояд гумон кард, ки худшиносиро фақат аз китобҳо хонда, омӯхтан мумкин бошад. Худшиносӣ аз зиндагӣ таҷриба омӯхтан, аз устодон сабақ гирифтан ва ниҳоят ба кирдору рафтори худ назорат кардан аст. Чунончи, мегӯянд, ки аввал сӯзанро ба худ халон, агар дард накунад, баъд ба дигарон. Ба одамон бадӣ накун, бубин, ки агар ба ту бадӣ намоянд, ба ту чӣ қадар сахт мерасад, бадӣ кардани ту ба дигарон низ ба ҳамин андоза сахт ва пурозор аст. Чунин мисолу таҷрибаҳоро аз зиндагӣ бисёр овардан мумкин аст.

 Бале, дар зиндагӣ бисёр мардони кордида ва аз таҷрибаи рӯзгор сабақ гирифта ҳастанд, ки онҳо ба мо дарси худшиносӣ медиҳанд. Баробари ҳамин, чунон ки дар Юнон худшиносӣ як мавзуи баҳси олимону файласуфон гардид, дар таърихи маънавиёти мо ҳам дар ин мавзуъ бисёр мунозираву мубоҳисаҳо сурат гирифта ва китобу рисолаҳо таълиф шудаанд.

 Мо бояд ин масъаларо аз нигоҳи ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ омӯзем ва донем, ки ислом ва Қуръони карим чӣ андоза бузург аст, дар инсон як лутфу рӯҳи Илоҳӣ ҷойгузин гардидааст. Аз ҳамин сабаб олимону файласуфони мо, аҳли тасаввуф дар масъалаи он ки инсон бояд худро шиносад, фикру ақидаҳои пурарзиш баён кардаанд. Хулосаи ин мулоҳиза ва муҳокимаҳо иборат аз он аст, ки инсон то кӣ будани худ ва барои чӣ офарида шудани худро нашиносад, дарк накунад, вай ба шинохтани ҳодисаҳои дигари дунё сарфаҳм рафта наметавонад. Биёед, дар ин хусус боз аз уламои дин ва фиқҳи исломӣ сухан сар кунем, зеро ки дар гузашта сарвати маънавӣ ва афкори ақоиди илмию фалсафии мо аз Қуръон ва пояҳои ислом манша мегирифт.

 Дар миёни уламои дин ва аҳли тасаввуф чунин мақоле ҳаст, ки мегӯянд: ман арафа нафсаҳу фақад арафа раббаҳу – ҳар кӣ худро, шинохт, Худои худро ҳам мешиносад. Ин мақол, ки онро ҳадиси Паёмбар (с) ҳам мегӯянд, аҳамияти хеле калоне дорад ва калиди бисёр муаммоҳо ба ҳисоб меравад. Пеш аз ҳама, инсон бояд худро шиносад. Баъд аз он ки ӯ ба дараҷаи шинохтани худ расид, ӯ Худоро ҳам шинохта метавонад. Биёед, дар ин ҷо ба китоби хеле муътабари олами ислом «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ муроҷиат кунем. Имом Ғаззолӣ пояи мусулмониро дар аввал ибодат ва чаҳор унвон донистааст. Унвони аввали мусулмониро ӯ «шинохтани хештан» донистааст. Баъд меояд унвони дуюм  «шинохтани Ҳақ таоло», баъд унвони сеюм «шинохтани ин ҷаҳон» ва ниҳоят унвони чорум «шинохтани охират» будааст. Маълум мешавад, ки барои ҳар як мусалмон зарур будааст, ки дар оғоз кӣ будани худро шиносад ва муайян кунад. Агар мегӯяд- Ғаззолӣ, касе аз зоҳири худ ҳаминро шиносад, ки вай чашму гӯш, дасту пой дорад, ки бо ин восита кор мекунад ва оламро мешиносад, ин шиносоиро гову хар ҳам медонад. Агар одам дар ботин ҳамин қадарро донад, ки вақти гуруснагӣ нон мехӯрад, ё барои шаҳват зан мегирад, ё хашмаш биёяд ба ягон кас дармеафтад, ин ҳам аз хислатҳои ҳайвонист. Ин худшиносии инсонӣ нест. Ва Ғаззолӣ мегӯяд: пас туро ҳақиқати худ талаб бояд кард, то худ чӣ чизӣ ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ ва туро барои чӣ кор офариданд ва саодати ту чист ва шаҳовати ту чист ва дар чист?

 Фарқи одам аз ҳайвон на танҳо дар он аст, ки инсон соҳиби ақл аст, балки вай қобилияти шинохти ботини худро дорад, ки дигар махлуқот мисли ҳайвонот аз ин атои Худовандӣ маҳруманд. Ғаззолӣ дар ин бобат гуфтааст: агар хоҳӣ ки худро бишносӣ, бидон, ки туро офаридаанд аз ду чиз; яке ин қолаби зоҳир, ки онро ба чашми зоҳир тавон дид. Ва яке ботин, ки онро нафас гӯянд ва дил гӯянд ва ҷон гӯянд ва онро ба сирати ботин. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки инсон бояд худ нафси худро бидонад, барои фаҳмидан ва донистани ин маънии ботинӣ ба инсон шуурро додаанд. Агар идроки инсон баланд бошад, шуурро ҳассос ва ақли закӣ дошта бошад, вай натанҳо зоҳири худ, балки ботини худро мефаҳмад. Ботини худро донистан чӣ маънӣ дорад? Ҳам Ғаззолӣ ва ҳам мутафаккирони дигар мегӯянд, ки бояд ботини инсон, дар табиати инсон аз аввал сифат ва хислатҳои мухталиф ниҳод шудааст. Дар инсон сифати ҳайвонӣ ҳам, сифати даррандагӣ ҳам, хислати дев ҳам ҳаст ва баробари ин дар инсон сифати фариштагон ва хислати поку покизагӣ низ ниҳода шудааст. Инсон бояд бо фаҳму шуур дар ботини худ нигоҳ кунад ва хислатҳои неки худро аз сифатҳои бади худ ҷудо карда тавонад. Агар инсон бадию некиро дар худ фарқ карда тавонад, пас ӯ метавонад бадию некиро ҳам дар дунё ва ҳам дар одамон мушоҳида намояд. Бадию некиро ки фарқ карда тавонист, ӯ ба ҷодаи Ҳақ роҳ ёфта метавонад. Бадию некиро, ки фарқ карда тавонист, одам виҷдони тоза пайдо мекунад, ҳақбину ҳақиқатпарвар шуда тавонӣ шинохт метавонад. Агар инсон тамоми умр ба мардум бадӣ карда бошад, пас бояд донад, ки ӯ аз бадкорони худованд аст ва худованд аз ин банда рӯй мегардонад.

 Инсофу ҳақиқат, адолату ҳақбинӣ танҳо ба воситаи ахлоқи пок муяссар мешавад. Ахлоқи пок танҳо бо воситаи худшиносӣ муяссар мегардад. Чаро шоирони мо ҳамон мазмуни Қуръонро дар баландии мартабаи инсон ва рӯҳи Илоҳии инсониро дар шеърҳояшон бо шӯру ҳаяҷон сурудаанд? Танҳо барои он ки инсон аз ботини худ сифатҳои ҳайвонӣ ва дарандагиро дур андозад. Вай бояд донад, ки ӯ ба дунё барои тоати Ҳақ омадааст ва баробари ҳамин ободу шодоб доштани ҷаҳон дар доираи худи ӯст ва қуввати дастони ӯст. Тоати Ҳақ инсонро аз корҳои шоиста ва судманди обод доштани дунё ва кушодани баҳрҳову барҳо набояд боз дорад. Дар ин маънӣ Ҳаким Саноӣ дар маснавии «Ақлнома» чунин фармудааст: 

 Олами рӯҳро ту бурҳонӣ,

Дили пажмурдаро.

 Зинда дилҳо ба бӯйи насли туанд,

 Гавҳарон тозарӯҳ зи асли туанд.

 Роҳбари чарху ҷунбиши фалакӣ,

 Қуввати қуту мояи малакӣ.

 Қобили хатти даври паргорӣ,

 Нуқта дар дойра ту медорӣ.

 Ҳастӣ аз чобукӣ фариштаваш,

 Ту чун ҷонӣ.

 Кафшат об омаду кулоҳ оташ,

 Гоҳ бӯсад лаби ту гардунро,

 Гаҳ диҳад бӯса рӯйи ҳомунро.

 Ба ҳамин тариқа, ободии дунё ба инсон вобаста аст ва инсон, ҳангоме ки дар бораи худ ва мақоми олии хеш фикр мекунад, бояд пеш аз ҳама, дар бораи ободии дунё андеша намояд.

 Маорифпарварони ҷаҳон, аз ҷумла маорифпарварони мо, махсусан Аҳмади Дониш дар бораи худшиносии инсон бисёр фикрҳои ҷонсӯзона ва пурфоида гуфтаанд. Аҳмади Дониш ба муқобили уламои фиқҳу калом, ки инсонро танҳо як фарде мешуморанд, ки дар дунё барои иҷрои тоати Ҳақ омадаасту вазифаи ӯ барои дунёи охират андӯхтани савобу амали солеҳот аст, рад карда мегуфт, ки барои инсон тоати Ҳақ воҷиб аст. Аммо Офаридгор инсонро танҳо барои тоату ибодат наофаридааст, балки барои иҷрои вазифаҳое, ки воҷиботи инсон аст, халқ намудааст. Инсон бояд донад, ки ӯ барои обод доштани дунё омадаст, обод доштани дунё ба илму дониш ва касбу ҳунар, фарҳанг муяссар мешавад. Аз ин сабаб инсон бояд донишҳои гуногунро фаро гирад. Бигзор он илму дониш аз мамлакатҳои Урупо бошад, ё аз Осиё ё пешаи ғайри мусулмонон бошад ё аз назди мусулмонон. Ва илмро неку бидон ва он чӣ бидонистӣ ба накутарин иборате ба кор бар, то хиҷил набошӣ аз даъвӣ кардани бемаънӣ. Ва дар сухан гуфтану маъвиза додан ҳар чӣ бо хавфу риҷо гӯй, якбора халқро аз раҳмати Худои таоло навмед макун ва низ якбора бетоат ҳеҷ касро ба биҳишт мафирист. Бештар он гӯй, ки барои он моҳир бошӣ ва нек маълуми ту гашта бошад, то дар сухан даъвии беҳуҷҷат накарда бошӣ, ки оқибати даъвии беҳуҷҷат шармсорӣ бошад.

 Дар ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: дар талаби илм то ба гӯшаҳои олам низ роҳ рав. Талаби илм барои мусулмон як амри иллоҳӣ аст ва итлофи дониш баҳри онон, ки имтеҳқоқи онро надорад, ба сони овехтани марворид, ҷавоҳир ва тилло бар гардани хук аст.

 Инсон бо доштани илм ба авҷи хушбахтӣ мерасад ва ба мақоми шоиста ҳамдами салотини ҷаҳон шуда ва ба камоли саодат дар охират ноил мегардад.

 Он чи ки дар боло гуфтем, ба он ният буд, ки истилоҳи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ чист? Ватан ҳувияти муштақоти бедорӣ ва огоҳии комили фардияти инсон аст. Ҳувият ва худшиносӣ пораҳои гуногуни як истилоҳанд, ки баҳри ифшои як ҳадафи умдаи бақои миллат мавриди истифода қарор мегиранд. Он ҳадаф кадом аст? Ҳадаф, қабл аз ҳама, аз аҷдодон сунатҳои фарҳангу адаб, расму русум ва эътиқод бо дину ойин ва мазҳабҳову матлабҳои он манфиатҳои дарунмоягиро дар танӯри синаи орифонаи хеш ваҳдат бахшидан, ҳар чӣ поктару тобноктар сайқал дода ба пасовандони хеш бериё ба нияти мададгорӣ эҳдо бахшидан амри муқаддасест. Аз нигоҳи луғавӣ вожаи худшиносӣ, чунон ки дидем, агар аз як ҷониб тарафи муштараки ҳувият бошад, аз ҷониби дигар ба маънии фарохтаре доман мезанад. Он мисли дарахти солхӯрда самарбори ҷовидонаест, ки дар заминаи андешаи миллӣ сабзишу нумӯ дорад.

 Барои ривоҷи худшиносӣ, эҳё намудани андешаи миллӣ шукри Худо бо тамоми имконоти васеъ дастраси мурдумонамон фароҳам омадааст. Танҳо зарур аст, ки шаҳрвандони кишвар садоқатмандонаву ҷонсӯзона аз ин мавриди мусоид таҳаммулпазиронаву зиракона истифода карданро сармашқи зиндагии навини соҳибистиқлолӣ дар ҳамоҳангии ваҳдатпазиронаи хеш ба дарк гирифта бошем.

 Таҷриба нишон медиҳад, ки барои мутахассиси хуб шудан бояд шахс аввал ба рафтору гуфтори худ дуруст баҳо дода тавонад, худро шинохта тавонад. Агар инсон худашро шинохта тавонист, худшинос бошад, ӯ худашро дӯст медорад, касби интихобкардаашро эҳтиром менамояд. Агар шахс худшинос бошад, ӯ худоро мешиносад, падару модар, калонсолонро мешиносад, ба қонуну қоидаҳои ҷамъият, шариат бечуну чаро итоат мекунад.

Иброҳимов Гурез, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment