(ҳамоиши устодону донишҷӯён ҷиҳати натиҷагирии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023)
Таърихи 25-уми декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши устодону донишҷӯёни Донишгоҳ таҳти унвони “Дурахши илму ҳунар” ҷиҳати натиҷагирии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, садорати факултетҳо, масъулин, роҳбарони илмии донишҷӯён, магистрантон ва докторантоне, ки дар давраҳои (донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ) озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Маснавихонӣ”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намудаанд.
Ҳамоиш бо суханронии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Устод зимни баромади худ нақш ва ҷойгоҳи фарҳангу маънавиётро дар сиёсати давлатдории фаротаърихии ниёгонамон муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки дар миёни ақвоми гуногун халқи тоҷик аз зумраи он халқиятҳост, ки бо таърихи тӯлонӣ, адабиёти оламшумул, эҷодкориву фарзонагӣ, офарандагиву бунёдкорӣ ва манзалати воло ба худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст.
Дар марҳилаи нави давлатдорӣ раванди созандагиву бунёдкорӣ ва эъмори давлатдориву таҳкими пояҳои он ва ривоҷу равнақи тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоиро барои миллати тоҷик самараи заҳмату талошҳои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, таъкид доштанд, ки дар воқеъ, мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, хосатан аҳли зиёи кишвар, ифтихорманд аз онанд, ки бо азму ирода, заковату матонат, хирадмандиву заковатмандӣ, заҳмату талош ва тадбирҳои хусравонаву ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои хирадоину некройи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳукумфармо гардида, сарзамини соҳибистиқлоли мо дар тамоми олам ҳамчун макони сулҳ ва созгори миллӣ шинохта шуда, партави нуру сафо ва ҳамдигарфаҳмӣ равшанибахши хонадони тоҷик гардидааст.
Дар ин марҳила эҳёи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва тарғиби фарҳангу маданияти миллӣ дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳнамоиву дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза ёфта, дар роҳи тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҳар як фарди Тоҷикистони маҳбуб заминаи боэътимод гардидааст.
Дар ин радиф дар замони соҳибистиқлолии миллӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Сарвари хирадоину маърифатпарвар, ватандӯсту хештаншинос дар қатори самтҳои гуногун ба соҳаи илму маориф ва фарҳангу маънавиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ба дастовардҳои зиёди фарҳангӣ мушарраф гардидааст. Яке аз дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар, ин ташкили озмунҳои бонуфузи “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат” ва ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” мебошанд.
Ҳамчунин дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи озмунҳои сатҳи баланд ибрози андеша намуда, баён доштанд ки озмунҳои мазкур заминаи устуворро дар роҳи тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва маърифатандӯзиву донишпажӯҳишии тамоми қишрҳои ҷомеа гузошта, рӯз то рӯз боиси зиёд гардидани теъдоди нафарони китобхон дар кишвар гардидааст.
Профессор, Раҳмон Дилшод Сафарбек зимнан дар суханронии худ аз иштироки донишҷуёну магистрантон ва докторантону устодони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ натиҷагирӣ намуда, ёдовар шуданд, ки дар тамоми давраҳои баргузории озмунҳо ҳайати омӯзгорону донишҷуёни донишгоҳ аз рӯйи номинатсияҳои гуногун иштирок намудаву сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гирдида, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла соли 2022 донишҷӯёни донишгоҳи мо- дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- Муҳтарамаи Зиёвуддин – донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи хориҷӣ, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва Абдураҳимзода Ҳабиба- донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи рус дар номинатсияи адабиёти классик иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2-юм гаштанд. Ҳамчунин дар соли 2023, 6 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 2 нафарашон барои иштироки фаъолона бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла Гулназарова Моҳитобон- донишҷӯи курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, номинатсияи эҷоди назм (сипоснома ва мукофотпулӣ); Айниева Омина- донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи хориҷӣ, номинатсияи эҷоди наср (сипоснома ва мукофотпулӣ); Нуриддинзода Моҳру- донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номинатсияи адабиёти классикии тоҷик; Гулназарова Меҳрона- донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи хориҷӣ, номинатсияи адабиёти муосири тоҷик; Бобоева Саида — магистранти курси дуюми факултети филологияи хориҷӣ, номинатсияи адабиёти ҷаҳон; Раҳматуллоева Шарофат- донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус, номинатсияи адабиёти ҷаҳон аз зумраи донишҷёни мазкуранд.
Соли ҷорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” Одинеав Фазлиддин- корманди бахши фарҳанги Донишгоҳ, дар номинатсияи навозандагӣ ва Қаландарбекова Моҳбибӣ — донишҷӯи курси чоруми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ иштирок намуда, ба гирифтани Шоҳҷоиза ва дипломи озмун мушараф гардидаанд.
Ҳамчунин дар ин сол дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 9 нафар устодону донишҷуёни донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, 2 нафар Мадасани Азизмад — магистранти курси якуми ихтисоси география сазовори ҷойи якум ва Мирзозода Насиба- донишҷӯи курси дуюми ихтисоси география сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.
Дар ин баробар омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” иштироки фаъолона намуда, ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ ва ифтихорномаву мукофотпулӣ шарафёб гардиданд, ки инҳо мебошанд: Каримова Зарнигор – унвонҷӯи кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ; Расулзода Абдулбосит – донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ; Раҳимов Насим – донишҷӯи курси якуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Дар идомаи ҳамоиш ҷиҳати қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии устодону донишҷӯён мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз 14.12.2023, таҳти №№248, 249 масъулин, роҳбарони илмии донишҷӯён, магистрантон ва докторантоне, ки дар даври ҷумҳуриявии озмунҳо иштирок намудаанд, дар шакли зерин: 4 нафар дар ҳаҷми 1 маоиши вазифавӣ ва 18 нафар, ҳар кадом, ба маблағи 500 сомонӣ ва Сипосномаи ректори Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 14.12.2023, таҳти №249 донишҷӯён ва магистрантоне, ки дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ғолиб дониста шудаанд, 2 нафар барои ишғоли ҷойи аввал дар ҳаҷми 10 стипендияи муқаррарӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ; 1 нафар барои ишғоли ҷойи дуюм дар ҳаҷми 8 стипендияи муқаррарӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва 17 нафар барои иштирок дар даври ҷумҳуривии озмунҳои сатҳи баланд, ҳар кадом, дар ҳаҷми 5 стипендияи муқаррарӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва ҳамзамон тибқи фаомоиши мазкур 52 нафар донишҷӯён ва магистрантоне, ки дар даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ғолиб дониста шудаанд, дар шакли зерин: 13 нафар ғолиби ҷойи 1-ум, ба ҳар кадом, маблағ дар ҳаҷми 3 стипендияи муқаррарӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ, 20 нафар ғолиби ҷойи 2-юм, ба ҳар кадом, маблағ дар ҳаҷми 2 стипендияи муқаррарӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ, 19 нафар ғолиби ҷойи 3-юм, ба ҳар кадом, маблағ дар ҳаҷми 1 стипендияи муқаррарӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар рафти ҳамоиш аз тарафи ансамбли “Наво”-и назди Хонаи маданияти донишгоҳ дастагуле аз савту наво пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки сафту навои марғум ба шеъру таронаҳои рақсӣ боси хушҳолӣ ва болидарӯҳии иштирокчиёни ҳамоиш гардид.
Дар интиҳои ҳамоиш умед карда шуд, ки ҷомеаи фарҳангдӯсту адабпарвари кишвар, хосатан донишҷӯёну магистрантон ва устодону омӯзгорони донишгоҳ, дар партави сиёсати хирадбунёди ҳомии кохи фарҳангу адаб, зиннатбахшу машъалафрӯзи роҳи илму ҳунар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбубу илҳомбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо татбиқи бомароми ҳадафҳои созанда ва фаъолияти бунёдкоронаву дастаҷамъона, бо азбар намудани донишҳову малакаҳои наву замонавӣ дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ормонҳои таърихии миллатро амалӣ, неъмати истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ҳамдилиро ҳифз, рушди устувори мамлакатро таъмин намуда ба наслҳои ин сарзамини фарзонагон давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта- Ватани ободу пурсафоро ба мерос хоҳем гузошт.