Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БОБОҶОН ҒАФУРОВ-ХОДИМИ БАРҶАСТАИ СИЁСӢ ВА ОЛИМИ ТАВОНО

БОБОҶОН ҒАФУРОВ-ХОДИМИ БАРҶАСТАИ СИЁСӢ ВА ОЛИМИ ТАВОНО

by admin
178 views

Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ аст ва бо итминони комил изҳор медорам, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд. 

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаеро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.

Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

Солҳои 1926-1928 Б.Ғафуров таҳсили худро дар мактаби назди стансияи роҳи оҳани Хуҷанд идома дода, сипас фаъолияти меҳнатии худро оғоз менамояд. Дар синни 18 солагӣ ӯ корманди фаъоли комсамол интихоб гардида, аввал ба ҳайси мудири бюрои бачагон, сипас ба сифати мудири шӯъбаи маданияти комитети комсомоли ноҳиявӣ кор кардааст. Охири соли 1928 бо роҳхати комсомол барои таҳсил дар курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ ба шаҳри Самарқанд рафта, пас аз хатми он ба ихтиёри КМ ҲК (б) Тоҷикистон ба шаҳри Сталинобод фиристода мешавад. Аз моҳи январи соли 1930 муддате ӯ дар Комиссариати халқии адлия ба сифати ёрдамчии комиссар ва баъди чанде ба ҳайси мудири шӯъбаи ин комиссариат кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 1930 корманди ҷавон Бобоҷон Ғафуров бо тавсияи КМ ҲК (б) Тоҷикистон барои кор ба идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тожикистон» фиристода шуда, дар ин муассисаи идеологӣ ба ҳайси мудири шӯъба ва ҷонишини муҳаррир ифои вазифа кардааст. Пас аз як сол (1931) истеъдоди баланди касбиашро ба назар гирифта ӯро барои таҳсил ба Москва фиристоданд.

Солҳои 1931-1935 Бобоҷон Ғафуров дар Донишкадаи Умумиитифоқии комунистии журналистика дар шаҳри Москва таҳсил намуда, дар он ҷо аз устодони варзида, ходими намоёни сиёсиву ҳизбӣ, рузноманигорони ботаҷриба ва бомаҳорат донишу малака андухтааст. Бобоҷон Ғафуров дар байни рӯзноманигорони тоҷик яке аз нахустин шахсонест, ки ҳанӯз миёни солҳои 30-юми асри ХХ дар пойтахти ИҶШС-шаҳри Москва маълумоти олии касбии рӯзноманигориро соҳиб гаштааст.

Истеъдоди муҳаққиқӣ ва қобилияти ҷӯяндагии Бобоҷон Ғафуровро ба инобат гирифта, КМ ҲК (б) Тоҷикистон соли 1941 ӯро барои баланд бардоштани савияи илмӣ ба Москва мефиристад. Дар муддати на чандон тӯлонӣ, аз моҳи сентябри соли 1940 то моҳи апрели соли 1941 ӯ дар аспирантураи институти таърихи Академияи Илмҳои ИҶШС таҳсил намуда, таҳти роҳбарии шарқшиноси намоёни Шӯравӣ, олими исломшинос Е. А. Беляев дар мавзӯи «Таърихи мазҳаби исмоилия аз ибтидои асри XIX то оғози ҷанги ҷаҳонии империалистӣ» бо муваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Пас аз хатми аспирантура Б. Ғафуров моҳи марти соли 1941 узви бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташвиқоту тарғибот ва аз моҳи майи соли 1945 котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон интихоб гардид. Саҳми Б. Ғафуров дар инкишофи илму фарҳанг, иқтисодиёт ва сунати давлатдории тоҷикон басо арзанда аст. Мо ифтихор аз он дорем, ки академик Б. Ғафуров на танҳо дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ба Донишгоҳи омӯзгорӣ кӯмак расонидааст, балки солҳои 1939-1940 ҳамчун омӯзгор аз фанни таърихи халқҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дарс гуфтааст.

Бобоҷон Ғафуров солҳои 1946-1956 — котибии аввали Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, ки ин дар замони Шӯравӣ баландтарин мансаби ҳизбию давлатӣ ҳисоб меёфт.

Аз соли 1956 дар рӯзгори Бобоҷон Ғафуров марҳилаи нав оғоз мегардад. Олим фаъолияти тадқиқотӣ ва илмӣ-ташкилотчигии хешро ғолибан ба шарқшиносии советӣ мебахшад.

Дар миёнаи солҳои 50-ум дар таърихи шарқшиносии советӣ марҳилаи сифатан нав шурӯъ гардид. Бо кӯмаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж,Қарочи ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун “Таърихи халқи тоҷик” ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.

Аз соли 1956 то охири умраш Ғафуров Б.Ғ. директори Иниститути шарқшиносии академияи фаннҳои СССР буд. Тадқиқоти олим асосан дар се самт: омӯзиши таърих ва вазъияти ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқҳои Шарқ, таърихи халқҳои Шарқ ва, пеш аз ҳама, давраҳои қадим ва асри миёнагии он ҷараён ёфтааст. Ӯ дар ин солҳо чандин мақола, маҷмуаҳо, ҳуҷҷату дастурҳо интишор намуд, ки ба масъалаҳои инқирози системаи мустамликадории империализм ва ташаккули давлатҳои ҷавонӣ мустақили Осиё ва Африқо бахшида шудаанд. Ғафуров Б.Ғ. бо иштироки фаъолаш дар Конгресси 25-уми байналхалқии шарқшиносон (1960, Москва) ва бисёр дигар форумҳои байналхалқии шарқшиносон ҳамчун раиси Комитети советии оид ба лоиҳаи ЮНЕСКО — «Шарқ-Ғарб» дар вусъат ёфтани равобити байналхалқии шарқшиносии советӣ ҳиссаи калон гузошт. Ғафуров Б.Ғ. аз соли 1967 барои амалӣ гардидани барномаи тадқиқотии ЮНЕСКО аз рӯи лоиҳаи Осиёи Марказӣ ҷиддан камар баст. Маҳз тадқиқи давраи Кӯшониён ба сифати муҳимтарин масъала дохил карда шуд ва дар асоси он Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО бахшида ба таърих ва маданияти Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе (сентябри соли 1968) баргузор гардид. Вай раиси конфереренсия интихоб гардид ва дар мавзуи «Давраи Кӯшониён ва тамаддуни ҷаҳон» маърӯза кард. Ғафуров Б.Ғ. дар кори Конгресси 13-уми байналхалқии илмҳои таърих (1970, Москва) низ ҳиссаи калон гузошт. Ӯ раиси Конференсияи 3-юми байналхалқӣ оид ба масъалаҳои таърихи нав ва навтарин, таърихи инкишофи мадании мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIX-XX интихоб шуд (1972, Ашқобод) ва дар он оид ба мавзуи «Давраҳои асосии тараққиёти таъриху маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ» маърӯза кард. Ғафуров Б. муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавист. Хизмати Ғафуров Б. дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ  хело калон аст. Ӯ 17 сол муҳаррири маҷаллаи илмӣ ва иҷтимоию сиёсии «Азия и Африка сегодня» буд. Ғафуров Б. кори илмиро бо фаъолияти ҷамъиятии байналхалқӣ пайваст. Ӯ Президенти Ассосиасияи байналхалқии омӯзиши маданияти Осиёи Марказӣ, раиси Комитети Шурои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ, ноиби президенти Иттифоқи байналхалқии тадқиқот оид ба Шарқ ва Осиё, раиси Комитети Шурои миллии Ассосиасияи илмии Уқёнуси Ором, раиси Комитети якҷояи оид ба мукофоти ба номи Фирдавсӣ, раиси бунёди якдилии Осиё ва Африқо ва бисёр дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ буд.

Ғафуров Б. аъзои фахрии ҷамъиятӣ шарқшиноси Полша, доктори фахрии Институти Олиарди Ҳиндустон, аъзои хориҷии Академияи илмҳо ва санъати Босния ва Герсоговинияи Югославия, аъзои фахрии ҷамъияти Осиё дар Париж, аъзои Совети миллии Ҳиндустон оид ба алоқаҳои маданӣ интихоб шудааст. Ғафуров Б. вакили Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 1-3), депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2-7) буд. Дар анҷуманҳои ХIХ-ХХ КПСС аъзои КМ КПСС интихоб шудааст. Ӯ бо шаш ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, байрақи Сурхи Меҳнатӣ Муғулистон, Мукофоти байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ ва соли 1997 дар қатори аввалинҳо бо ҳамроҳи сардафтари адабиёти муосири  тоҷик Садриддин Айнӣ бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ба туфайли фаъолияти илмӣ-ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва, хусусан мамлакатҳои Шарқ, муносибатҳои муътадили тиҷоратии фарҳангӣ ба амал омаданд. Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 қабри Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт.

Зиёда аз 20 соли (1956-1977) фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров чун сарвари Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои ИҶШС, бе муболиға, солҳои корнамоии илмию ташкилотчигии олим ҳисоб меёбанд. Маҳз дар ин давра шарқшиносӣ чун равияи ниҳоят муҳими илмии мамлакат доимо дар мадди назари роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари он, Институт ба бонуфузтарин маркази таҳлили таърихи қадим, асрҳои миёна ва наву муосир ва раванди муборизаи миллӣ-озодихоҳии халкҳои Осиёву Африқо ба муқобили зулми мустамликавӣ табдил ёфт. Ба қалами ӯ асару мақолаҳои зиёде доир ба таърихи халқи тоҷик тааллуқ доранд, вале ду асари безаволи ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (соли 1947) ва «Тоҷикон» (солҳои 1972, 1983, 1985 такроран рӯи нашрро дидааст) дар таърихнигории тоҷик ҳамто надоранд.

Бобоҷон Ғафуров чун фарзанди баору номус ва дилсӯзи миллат баробари фаъолияти ҳизбию сиёсӣ таърихи миллати моро офарид ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатони худ дар олами таърих равзанае кушод. Шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров — китоби безаволи «Тоҷикон», ки имрӯз китоби рӯимизии ҳар фарди худшинос мебошад, самараи меҳнати 30-солаи олим буда, соли 1972 дар шаҳри Москва бо забони русӣ нашр гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров гуфтааст: «Асари «Тоҷикон» шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро такмил дод».

Асари безаволи Бобоҷон Ғафуров  шоҳиди он аст, ки мо дар шахсияти муаллифи он донандаи барҷастаи таърих ва инчунин таърихи тамоми Осиёи Миёнаро мебинем, ки асарҳояш то ба имрӯз хонандагон ва тадқиқотчиёнро ба худ ҷалб мекунанд.

Абдуллоев МАҲМУД, доктори илмҳои таърих,  профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ; Исмоилов ЗАФАР, ассистенти кафедра

Related Articles

Leave a Comment