Home ХАБАР БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМ!

БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМ!

by admin
487 views

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Хонаободии мо – омӯзгори пуршараф,
Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.

Имрӯзҳо дар саросари кишвари маҳбубамон рӯзи омӯзгор бо шукуҳи беандоза ҷашн гирифта мешавад, зеро омӯзгор равшангари роҳи зиндагӣ, илҳомбахши рӯзгор, таълимдиҳанда ва тарбиятгари инсон мебошад. Натиҷаи заҳматҳои омӯзгор аст, ки инсон обутоби маънавӣ мегирад, аз илму дониш бархурдор мегардад ва ҳамчун шахси комил ба зиндагии мустақилона қадам мемонад.

Омӯзгор шахсест, ки дилу дида, кору пайкори худро баҳри сабақи шогирдонаш мебахшад. Ӯ заҳмат мекашад, заковату маҳорати худро истифода мебарад, то ки шогирди хубер ба воя расонад. Ӯ ҳамеша роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори инсон аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

Омӯзгорӣ касби пуршараф ва пурифтихор мебошад, зеро тамоми талошову меҳнатҳои омӯзгор баҳри соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ равона гардидааст. Ӯ бо ақл, хирад, таҳаммул ва заҳматҳои бепоёни хеш насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос ва худогоҳро тарбия менамояд.

Ҳар шахсро дар зиндагӣ устоде ҳаст, чӣ духтур, чӣ ронанда, чӣ кулолгар ва чӣ деҳқон. Пешравӣ, бурдбориву комёбӣ ва муваффақиятҳои инсон пеш аз ҳама аз заҳматҳои устод аст.

Омӯзгор барои ба ҷомеа пешкаш намудани шогирдон ақлу заковаташро сарф менамояд, нури чашмонашр аз даст медиҳад, мӯйи сараш сафед мешавад ва умрашро фидо мекунад. Пас мо бояд ба қадри заҳматҳои ӯ бирасем, ҳурматаш намоем, хотирашро пос дорем ва аз ӯ ифтихор дошта бошем. Зеро шоир мефармояд:

Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо, ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аст пораи нони муаллим.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои зиндагии орому осуда ва фаъолияти кории пурсамари онҳо шароити арзанда фароҳам овардааст. Сол ба сол зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, баъзе имтиёзҳои молиявӣ, дастгирии омӯзгороне, ки дар ноҳияҳои дурдаст фаъолият менамоянд, сохта ба истифода додани мактабҳои нави замонавӣ ва бо технологияҳои муосир таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд.

Дар ҳамаи давру замон омӯзгор миёни мардум эътибори хосае доштаву дорад. Чунки ривоҷи тафаккур ва маънавиёти инсон маҳз аз дарси як омӯзгор сарчашма мегирад.

Бояд қайд намуд, ки таълиму тарбия ду унсури муҳими инкишофи шахсият дар ҷомеа мебошанд ва дар баробари падару модар ин вазифаи пурмасъул ба зиммаи омӯзгор аст.

Беҳуда нест, ки омӯзгорро чароғи роҳнамо ва мактабро боргоҳи маърифат гуфтаанд, зеро заминаҳои аввалини саводу маданият бо роҳнамоии омӯзгор маҳз дар ҳамин ҷо гузошта мешавад.

Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.

Дар ин мисраъҳо мазмуни амиқе нисбати омӯзгор нуҳуфтааст. Офтобро барои гармиву рӯшанияш истиқбол мекунанд. Вақте ки субҳ тулӯъ мекунад, олам аз партави он мунаввар мегардад, худ месӯзад, то хушбахтии зиндагии дигаронро таъмин намояд. Муаллим ҳам бо нури илму дониш ба тамоми олам рӯшанӣ меафканад. Ин партави заковату маънавияти инсон аст, ки имрӯз коинотро фатҳ менамояд. Ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, рушди воситаҳои иттилоот, кашфи тамоми нуқтаҳои Замин, баромадан ба Кайҳон ва монанди инҳо натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошанд, ки бо такмили донишу маънавият ба даст омадааст. Аз ин бармеояд, ки муаллим касе оддӣ нест, балки масъули имрӯзу ояндаи инсон мебошад.

Дар фарҷом бояд гуфт, ки омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи дарси муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии шогирдораш ифтихор мекунад.

Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии омӯзгор аз байн намеравад ва ӯ ҳамеша чун ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом мемонад. Эҳтироми омӯзгор вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси аст.

Бузургон, аҳли илму адаб дар ситоиши омӯзгор шеър гуфтаву асар эҷод намудаанд. Аз ҷумла, устод Боқӣ Раҳимзода гуфтаанд:

Шеъре ба номи некат омӯзгор дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам.
Баҳри сипоси хотир дастат ҳаме фишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи омӯзгорони ватани азизамонро бо рӯзи идашон муборакбод намуда, саломативу бурдборӣ, хушбахтиву хонаободӣ, саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати касбӣ комёбиҳо таманно дорем.

Мазарифов Манучеҳр, номзади илмҳҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ

Related Articles

Leave a Comment