Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКӢ ВА НАЗАРИЯИ ФУНКСИЯҲО

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКӢ ВА НАЗАРИЯИ ФУНКСИЯҲО

by admin
28 views

Санаи 14.12.2023 дар кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудири кафедра, номзади илмҳои физика ва математика Каримова Назокат, номзади илмҳои физика ва математика Хидиров Худойқул, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким, муаллими калони кафедра Кулобиев Мирзо ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, мудири кафедра Каримова Назокат суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким дар мавзуи “Баъзе хосиятҳои муодилаи хаттии интегродифференсиалии типпии Барбашин” баромад намуданд.

Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт ва аҳли нишаст ба маърӯзакунанда саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment