Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

by admin
152 views

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист.

Санаи 29-уми сентябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ – назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет бахшида ба Рӯзи Мавлоно таҳти унвони “Бишнав аз най…” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Нахуст, сухани ифтитоҳиро дотсент Зулфиев Гадомад оғоз намуда қайд намуданд: “Насиҳатгарӣ ва пандомӯзӣ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми ориётабор аст, ки умқи таърихи миллӣ  реша дорад. Минбаъд суннату анъанаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ аз насл ба насл гузашта, дар эҷодиёти бузургони илму адабиёти миллӣ тадовум пайдо мекунанд. Зиёда аз ин, тавассути оини тарбиятии бузургони мо халқу миллат ва дар умум, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб кардаанд. Яке аз бузургони илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ки дар побарҷо нигоҳ доштани суннатҳои ахлоқӣ ва маданӣ нақши калидӣ доштааст, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад”.

Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи “Маълумоти мухтасар оид ба таркиб ва сохти “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ” ва муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтинисо дар мавзуи “Баъзе аз масъалаҳои забонии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ” баромад намуданд.

Дар охир аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз ашъори ин нобиғаи сухан манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment