Home ХАБАР БАРГУЗОРИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ВА СУПОРИДАНИ СИПОСНОМАҲО БА ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

БАРГУЗОРИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ВА СУПОРИДАНИ СИПОСНОМАҲО БА ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

by admin
181 views
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маросими супоридани сипосномаҳо ба ғолибони мусобиқаи донишгоҳии “Волейбол” баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини декан оид ба таълим Муродов Ҷамил ва ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Шодигули Саидхуҷа, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Қоидаҳои пайванд гардидани ҷузъҳо дар исмҳои сохта ва мураккаб дар забони тоҷикӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.
Бояд қайд намоям, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоии ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ аз санаи 22-юми ноябр то санаи 23-юми ноябр мусобиқаи “Волейбол”-ро роҳандозӣ гардида буд, ки дар он дастаи донишҷӯдухтарони факултети филологияи тоҷик ва журналистика сазовори ҷойи якум гардиданд.
Ҳамзамон дар фарҷоми маҳфил аз ҷониби декани факултет, дотсент Абдусамадзода Эраҷ ба ғолибони ин мусобиқа Сипоснома барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва барои ишғоли ҷойи аввал дар мусобиқаи “Волейбол” байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Related Articles

Leave a Comment