Home ХАБАР МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!”

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “БИЁ, ҲАМАДОН ШАВЕМ!”

by admin
91 views
 Дар таърихи 21.10.2022 дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Биё-Ҳамадон шавем” ва ҳамчунин Викторинаи саволу ҷавоб миёни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил Иброҳимов Бобоҷон, мудири китобхонаи донишгоҳ, Мадасани Азизмад, роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил, ки аз факултетҳои мухталифи донишгоҳ ҳастанд ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро Иброҳимов Бобоҷон, мудири китобхона оғоз намуданд. Сипас, Сатторзода Лоиқ, донишҷӯи курси чоруми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм ду омили номатлуби ҷомеа” ва Фозили Муҳаммад, донишҷӯи курси чоруми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Тарғиби ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ниёгон” суханронӣ намуданд.
Дар давоми маҳфил Викторинаи саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ба ҳамаи саволҳо аъзоёни маҳфил ҷавобҳои дуруст доданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment