Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ МАВЛОНО

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ МАВЛОНО

by admin
303 views
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули форсу тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш аз 800 сол инҷониб маъруф аст. Ҷаҳони тафаккури ин алломаи ирфону адаб ҳамеша андешаҳои инсонгароиву инсонсозиро ба ҳукми шиори зиндагӣ ва ҳикмати пурбори маънавӣ ҷилвагар месозад. Ин нуқта 29-уми сентябр зимни ҳамоиши илмӣ — бадеӣ бахшида ба бузургдошти “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Бишнав аз най” баргузор шуд, баён гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Шамшоди Ҷамшед ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Насиҳатгарӣ ва пандомӯзӣ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми ориётабор аст, ки умқи таърихи миллӣ реша дорад. Минбаъд суннату анъанаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ аз насл ба насл гузашта, дар эҷодиёти бузургони илму адабиёти миллӣ тадовум пайдо мекунанд. Зиёда аз ин, тавассути оини тарбияти бузургони мо халқу миллат ва дар умум мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб кардаанд. Яке аз бузургони илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ки дар побарҷо нигоҳ доштани суннатҳои ахлоқӣ ва маданӣ нақши калидӣ доштааст, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Тазаккур бояд дод, ки таълимоти ахлоқии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бар асоси андешаҳои гуманистӣ созмон ёфта, дар он мавзӯи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули рӯҳии худ мақоми хос дорад. Мавлоно кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар доираи асарҳои худ беҳтарин намунаҳои ахлоқи инсониро таблиғ намуда, вобаста ба тақозои мавзӯъ аз мушаххасоти тарбиятӣ ёдовар мешавад ва мақому мартабаи инсонро дар ахлоқӣ будани ӯ арзёбӣ мекунад”.
Сипас, дотсент Зулфиев Гадомад дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ- мунодии ваҳдат”, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Дӯстӣ ва ҳамбастагӣ дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Кенҷаева Озодамо дар мавзуи “Назаре ба афкори адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Ҷалолиддин Балхӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 30-юми сентябр дар қаламрави кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфонс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Related Articles

Leave a Comment