Home ХАБАР “АНВОРИ ДОНИШ” — БАРАНДАИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН “НЕРУИ СУХАН-2019” ГАРДИД!

“АНВОРИ ДОНИШ” — БАРАНДАИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН “НЕРУИ СУХАН-2019” ГАРДИД!

by admin
181 views

Озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Неруи сухан”, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣбарои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан»», таҳти №10, аз 8 январи соли 2020 ба имзо расида буд, рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣҷамъбаст гардид.

Ин сабқати эҷодӣ бо мақсади дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, тарғиби расму ойин  ва арзишҳои  миллї, имкониятҳои сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумї, рушди деҳот, волоияти қонун, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, инчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣва проблемаҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣдар ҳаёти ҷамъиятї, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон баргузор мегардад.

Тибқи низомнома, озмун аз рӯйи 7 номинатсия гузаронида шуд. Дар озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣва ҷаҳонӣнамояндагӣмекунанд, иштирок карданд.

Имсол дар озмун 50 довталаб беш аз 250 маводи журналистӣпешниҳод кард. Кумитаи тадорукотӣбо ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳа пас аз омӯзишу баррасии матолиби пешниҳодшуда ғолибони ҷоизаи вилоятии «Неруи сухан-2019»-ро муайян намуданд.

Аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавї” нашрияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ- “Анвори Дониш” соҳиби Дипломи дараҷаи 1 гардида, барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони “Неруи сухан” дар соли 2019 гардид!

Related Articles