Home ХАБАР КОНФРОНС ТАҲТИ УНВОНИ “ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ”

КОНФРОНС ТАҲТИ УНВОНИ “ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ”

by admin
318 views
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар ин росто, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи фалсафа конфронси умумидонишгоҳии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Фалсафаи ваҳдат” баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, номзади илмҳои таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз, мудири кафедраи фалсафа, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Абдуллоев Насрулло, саромӯзгори кафедраи фалсафа Зайналов Қурбоналӣ, докторанти PhD-и кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ ва дигар профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва оштиву ваҳдат аст. Халқи тоҷик тавонист дар сарнавишти миллат дигаргуниҳои зиёдеро дар мавриди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд орад. Дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд. Ин аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.” Профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар қисмати охири суханронӣ тамоми сокинони Тоҷикистонро бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.
Сипас, номзади илмҳои таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзуи “Ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори суҳл ва таъмини Ваҳдати миллӣ”, саромӯзгори кафедраи фалсафа Зайналов Қурбоналӣ дар мавзуи “Сулҳи тоҷикон — зодаи тафаккури солим”, докторанти PhD-и кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ дар мавзуи “Хирадбоварӣ — асоси пойдории сулҳу субот” суханронӣ намуданд.
Баъд аз ҷаласаи ифтитоҳӣ идомаи конфронс дар бахши “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳи Тоҷикистон” идома ёфт. Дар ин бахш 13 мақолаи илмӣ шунида шуд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи профессорону омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment