Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИФТИТОҲӢ ОИД БА САФАРБАРКУНИИ ДОНИШҶӮЁН БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИФТИТОҲӢ ОИД БА САФАРБАРКУНИИ ДОНИШҶӮЁН БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАЪЛИМӢ ВА ИСТЕҲСОЛӢ

by admin
197 views
Таърихи 13.06.2022 дар факултетҳои донишгоҳ конференсияи ифтитоҳӣ ҷиҳати сафарбаркунии донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс, Шарипов Анвар, сардори раёсати таълим, Мирзоев Қурбоналӣ, муовини сардори раёсати таълим, Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, садорати факултетҳо, роҳбарони таҷрибаомӯзии факултетҳо, мудирони кафедраҳо, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юми ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ сафарбаршаванда иштирок доштанд.
Дар кори конфронс оид ба вазифаҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, манбаи ташаккул додани малакаҳои касбӣ ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ суҳбат гузаронида шуд. Инчунин, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ дар назди методистони тахассусӣ ва масъулини баргузории таҷрибаомӯзиҳо вазифагузорӣ шуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи таълимии донишгоҳ дар мустаҳкам намудани донишҳои назариявию амалии дар давоми таҳсил омӯхтаи донишҷӯён ва омодашавии онҳо барои омӯхтани фанҳои тахассусӣ, тасаввурот нисбат ба малакаю маҳорати касбӣ ва шинос шудан ба фаъолияти касбии оянда маълумоти назариявию амалӣ пешниҳод намуда, дар баркамолии мутахассисони ҷавобгу ба бозори меҳнат саҳмгузор бошанд.

Related Articles

Leave a Comment