Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
181 views
Санаи 11-уми июн дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯй кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ Маҳсудинов Рамазон Исмоналиевич дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии категорияи сиға дар забони тоҷикӣ ва англисӣ” (роҳбари илмӣ, Каримов Шуҳрат Бозорович, доктори илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Рафиев Сафархон, декани факултети филологияи хориҷӣ, Қурбонов Кароматулло, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Гулаҳмадшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ҷурақулов Бозоралӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Ҷоматов Самиддин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Давлатов Файзиддин, номзади илмҳои педагогӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Маҳсудинов Рамазон Исмоналиевич бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment