Home СИЁСАТ БАДАХШОН БОЯД ДИГАР ОРОМ БИГАРДАД!

БАДАХШОН БОЯД ДИГАР ОРОМ БИГАРДАД!

by admin
233 views

Ба бахти мардуми сарбаланди Бадахшон имрӯз Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ кушта шуд.

Дигар бояд дар Бадахшон оромӣ ҳукмфармо гардад. Ин мардуми сарбаланд ҳаққи дар оромӣ зиндагӣ карданро доранд. Чаро 10-20 нафари ҷинояткор номи ин мардумро бад карда, оромии онҳоро ба ҳам бизанад? Ин ҳақро ҳеҷ кас надорад, ки аз номи як миллати бутун гап зада, нотинҷии ҷомеаро ба бор биоварад.

Мардуми сарбаланди Бадахшон бояд кӯшиш кунанд, ки чунин ҷинояткоронро мисли Боқир несту нобут кунанд, зеро ин гуруҳ одамон фарзандони онҳоро мағзшӯӣ карда, ба ҳар роҳу васила истифода мебаранд.

Бояд ҳама бидонад, ки Тоҷикистон дигар он Тоҷикистони солҳои 1992 нест ва барои оромии шаҳрвандонаш тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

Сулҳ беҳтарин неъмат аст, ки бояд онро ҳифз кунем. Агар ба қадри сулҳу субот нарасем, ояндаи торике моро интизор хоҳад шуд.

Зиндаву поянда бод сулҳу оромиш дар тамоми дунё!

Related Articles

Leave a Comment