Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН-ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

ЗИРАКИИ СИЁСИИ ҶАВОНОН-ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ

by admin
360 views
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрқаз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зӯҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст.
Аҳолии зиёд хонавайрон гардида дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли си соли сипаригардида марҳилаҳои гуногуни рушду инкишофро паси сар намуд. Дар ин давра системаи сиёсӣ ва ниҳодҳои сиёсии ҷомеа хеле дигаргун гардиданд. Дар марҳилаи навини давлатдорӣ татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатӣ дурнамои рушди минбаъдаи кишварро муайян менамоянд. Аммо чӣ дар марҳилаҳои сипаригардида ва чӣ дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ таҳдиду хатарҳое ба вуҷуд омадаанд, ки дар самти амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаҳои миллӣ ба таври ҷиддӣ монеа эҷод намудаанд. Яке аз ин таҳдиду хатарҳо зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошанд. Дар шароити Тоҷикистон терроризм ва экстремизм ба сохтори конститутсионии давлат, якпорчагии марзу бум, ба устувории пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ба сулҳу субот ва оромии ҷомеа мустақиман таҳдид менамоянд. Ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо роҳи зӯроварӣ ташкил намудани инқилоби ранга, табаддулоти давлатӣ, ғасби ҳокимияти давлатиро мақсади асосии худ қарор додаанд, ки дар ниҳоят тағйир додани сохти конститутсионии давлат ва ташкил намудани давлати исломӣ ҳадафи ниҳоии онҳо мебошанд.
Тӯли ду даҳсолаи охир зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, бештар гардидани низоъҳои сиёсию ҳарбии минтақаҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ терроризму экстремизм миқёси худро васеъ намуда, дар сатҳи глобалӣ зоҳир гардида истодааст. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, соли 2001 ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ин падидаи номатлубро ҳамчун таҳдиди сатҳи байналмилалӣ муайян намуданд. Воқеан ҳам имрӯз терроризм хусусияти байналмилалӣ касб намудааст. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои террористии замони муосир чун «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида» ва монанди инҳо намояндагони халқиятҳо ва миллатҳои зиёдро ба сафҳои худ шомил намуда, дар кишварҳои гуногуни олам амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ кишварест, ки нахустиншуда стратегияи муқовимат ба экстремизму терроризмро ба тавсиб расонидааст. Ҳанӯз соли 2016 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016 — 2020» ва нақшаи иҷрои он ба имзо расида буд. Ва ҳадафи Стратегия муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ, ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар баромаду суханрониҳои хеш пайваста хавфу хатари терроризм ва экстремизмро ёдоварӣ менамоянд ва ҷиҳати пешгирии он ба мақомоти дахлдор ва сокинони кишвар дастуру супоришҳо медиҳанд. Соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро қабул намудаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад. Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, фаъолиятҳои худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи онҳо ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ системаи иҷтимоию сиёсии кишварро тағир медиҳанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд, талаб мекунад.
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осепазири ҷомеа мебошанд қарор мегиранд. Ва яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон бештар аз надоштани таҷрибаи ҳаётӣ, бекорӣ, маълумоти касбӣ, фаъолият дар муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ, дурӣ аз падару модар ва бепарвои зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон ва ғайраҳо мебошад.
Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Сабаби пайдоиши терроризму экстремизм гуногун буда, ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, идеологӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҷойдоштани камбуди дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳангӣ иттилоотӣ ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр барои пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо имрӯз мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бори дигар ба таълиму тарбия, пурсамар гаштани вақти ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба маҳфилҳои ҳунаромӯзи ҷиддӣ назар намоем. Чунки пешгири намудани амалҳои ифротгароӣ, қабл аз ҳама, ба таълиму тарбияи дурусти оила, мактаб ва дигар муассисаҳои таълимии он вобастагӣ дорад. Пас моро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани ин марзу бум, тарбия намоем ва ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем ва барои ҳимояи он ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷо амал намоем.
Файзов Рамазон, саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносии факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилали Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment