Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДОНИШГОҲИ МАН-ИНТИХОБИ ҚИБЛАГОҲАМ

ДОНИШГОҲИ МАН-ИНТИХОБИ ҚИБЛАГОҲАМ

by admin
316 views
Ҳафтаву рӯзҳои охирини хатми мактаб буду хонавода сари мавзӯи интихоби касби ман баҳс мекарданд.
Ҳар кадоме аз зовияи хеш ҳадс мезад, ки ман ба кадом касбу пеша ва ихтисосе бояд шомил шавам. Ниҳоят падарам Алсамадов Сафаралӣ (Худобиомурз) бо таҳаммулу шикебоӣ ва интихоби дақиқу ояндабинонаашон ба баҳси хонавода нуқта гузошту гуфт:
-писари ман ба риштаи филологӣ майлу хоҳиши бештар дорад. Инро ман аз баромадҳояшон дар чорабиниҳои мактабӣ, туйю сури пайвандону ёру дӯстонаш пай бурдам. Чанд рӯз қабл ҳам, ки дар як маҳфили мактабӣ минҳайси муҷрӣ баромад кард омӯзгори фанни забон ва адабиёташ Ҷӯрахон Шарипов ва писараммааш, яъне ҷияни ман Ширинов Ҷӯрахон ташвиқ карданд, ки Дилшодро ба риштаи омӯзгорӣ ва ё рӯзноманигорӣ дохил кунем, зеро, майлу рағбат ва ишқу алоқааш ба ин ду самт то ҳаддест, ки ногуфтанӣ. Аз ин рӯ ман мехоҳам Дилшодро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил кунем. Кӯлоб шаҳрест, ки аз ҳар лиҳоз барои мо мусоид ва фазояш ҳам сутуданист. Акааш Файзалӣ (Алсамадов), писараммааш Ҷӯрахон (Ширинов) ва чанд бачаи дигар ҳам ҳамонҷо хондаанд ва ҳоло дар самтҳои мухталиф кору фаъолият доранд.
Модарам бо садои меҳрубононаашон аз ман суол карданд, ки хости худат чист писарам?
Ростӣ хоҳиши ман ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудан буд, аммо инро ошкоро ба волидонам гуфта наметавонистам. Чун апаи бузургам, ки баробар ба падару модарам хостори идома додани таҳсилам буд гуфт:
Интихобатро гӯ. Агар аз ман мепурсиданд як дақиқа ҳам фикр намекардам. Ту чаро хомӯшӣ?
Баъдан хиҷолатмандона гуфтам, ки ман мехоҳам ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шавам. Падарам, ки марди як кам ғазаболуд буданд бо оҳанги каме тунд гуфтанд:
Охир барои одами мехондагӣ чӣ фарқ мекунад, ки дар Кӯлоб хонӣ ва ё дар Душанбе?! Ва баъдан мавзуъ пушида шуд.
Сипас, баъди соате апаам, ки то кунун модарвор аз ман муроғибат мекунаду дар ҳама ҳолат паҳлӯям ҳаст муаддабона гуфтанд, ки ҳоло замони қаҳру ноз нест. Медонам ту журналист шудан мехоҳӣ, вале дар ҳамин ришта хон баъди хатм ту бидуни мушкил метавони, ки дар бахши рӯзноманигори кор кунӣ?!
Баъди ин машварат каме фикр карда, ба хулосае омадам, ки агар ман ҳоло тибқи хостаи хонаводаам накунам аз идомаи таҳсил мемонам ва оқибат чун баъзе бачаҳои деҳ бекасбу кор овораю сарсон мешавам. Дар сар ҳамин андеша тасдиқи фикри хонаводаро ба апаам гуфтаму пайи омодагӣ шудам.
Фурсат фаро расид. Ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ супорида, имтиҳоноти дохилшавиро бо баҳои аъло ҷамъбаст карда, сазовори унвони пуршарафи донишҷӯӣ гардидам.
Баъди фурсати кӯтоҳе Донишгоҳро наон тавре, ки тасаввур мекардам, балки болотару авлотар аз он дарёфтам. Муаллим ва муаллимаҳои ҳалиму меҳрубон, серғайрату серталаб ва дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ, бо донишу касбияти фавқулодда ба дарсҳо дохил шуда, ҳар кадом равзанаҳои тозаву ғайритасаввури илму донишро рӯи мо боз мекарданд. Баъдан хулоса шуду тамоми назарҳои ман нисбат ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба таври кулл ботил гардиданд.
Вале, дар соли сеюм мехондам. Дар нимсолаи аввал, ки он замон мудирияти факултаи филологияи тоҷикро Фарход Шафизода бар душ доштанд маро назди худ хонду барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машварат карданд. Гуфтам бояд сари ин мавзуъ бо падарам суҳбат кунам.
Ба падарам занг зада асли матлабро бозгӯ намудам. Падарам фаҳмиданд, ки таҳсил танҳо барои як нимсола аст розигӣ надоданд ва ба ҷойи мо бачаҳои дигар сафарбар шуданд. Нимсолаи аввали таҳсил хатм шуду мо ба таътили зимистона баромадем. Даҳуми феврал баъди адои истироҳат ба Донишгоҳ омадем. Рӯзи аввали таҳсили нимсолаи дуввум буд. Декани факулта вориди синфхона шуду ману чанд ҳамсабақи дигарамро номгир карда, гуфт ҳамаи шумо аз дарс озод ва фардо таҳсилатон дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома мекунад. Ҳайрон шудам ростӣ. Берун баромада ба падарам тамос гирифтаву ҳодисаро аз ибтидо то интиҳо қисса кардам.
Боз ҳам қиблагоҳам бо ҷурми муваққатан будани таҳсил розигӣ надоданд, аммо кор аз кор гузашта буд. Ҳарчанд падарам воситаҳоро истифода карданд, ки маро баргардонанд бенатиҷа шуду норозиёна маро ба Душанбе фиристод.
Омадем ба пойтахт. Дар бинои асосии донишгоҳ ману ҳамроҳонамро хуш пазироӣ карда, бо роҳбаладе сӯи хобгоҳи рақами 6, воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён, маъмул бо ҷазира равон карданд. Дар хобгоҳ моро дар як утоқ ҷой карданду аз рӯзи дигар ба дарс рафтем. Ростӣ муҳит бароямон комилан бегона буд. Аммо дӯстони нав моро хеле хубу хуш пазироӣ карда, ба муҳит ошно сохтанд. Таҳсил идома кард, бидуни тағйирот, чун Донишгоҳи худамон. Ва баъдан бо анҷоми нимсолаи дуюми соли сеюми таҳсил ҳамроҳонам бозпас гаштанд ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Ман, ки дар ҷараёни таҳсил аз рӯи ишқу алоқаи орзуҳои бачагӣ бо радиои Садои Душанбе ҳамкорӣ мекардам бо ваъдаи кор тасмим гирифтам, ки инҷо бимонам. Бо ин мақсад роҳ пеш гирифтам сӯи хона. Агарчӣ қиблагоҳам мехостанд баъди хатми Донишгоҳ ба кор бароям, вале ваъдаҳои роҳбарияти вақти Радиои Точикистон ҷиҳати ба кор қабул карданро ғанимат дониста, талош кардам ризогии падарамро баҳри шуъбаи ғоибона гузаштан ба даст биорам. Бо исрор ва миёнаравии пайвандон ин ба ман муяссар шуд. Декани факулта, ки баъди Фарҳод Шафизода Бахтиёр Ғаффоров таъин шуданд барои гузаштан ба шуъбаи ғоибона мусоидат карда, дар амалӣ шудани орзуҳоям мусоидати фаъол намуданд.
Корро аз идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Радиои Тоҷикистон минҳайси муҳаррири хурд оғоз карда, баъдан муҳаррир, муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Радиои Тоҷикистон, муҳаррири варзидаи идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Телевизиони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири шабакаи бурунмарзии радиои Овози тоҷик, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон ва аз 3-юми декабри соли 2021 сармуҳаррири ИДОРАИ ҶАВОНӢ, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ РАДИОИ ТОҶИКИСТОН шуда кор карда истодаам.
Хулас, интихоби хонаводаам, хусусан падари бузургворам самар овард ва ифтихормандам, ки дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳастам.
Дар зимн ба ҳама довталабон тавсия медиҳам, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро интихоб карда, дониш, биниш ва ҷаҳонбиниатонро инҷо ҳамқадам ба замона бисозед.
Дилшод Алсамадов -дастпарвари ДД Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment