Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭСТРЕМИЗМ БА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТҲО

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭСТРЕМИЗМ БА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТҲО

by admin
223 views
Яке аз масъалаҳои муҳимие, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ин масъалаи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад.
Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу хатарҳои экстремистиву террористӣ гардида то рафт осоиши ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин моро лозим меояд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода муборизаро алайҳи ин хатарҳои номатлуб дучанд зиёд намуда, нагузорем, ки ба истиқлолият ва ваҳдати миллии мо осеб расонад ва ба қадри ин неъмати Худодод бирасем.
Дар тулии солҳои охир зиёда аз 100 мамлакатҳои дунё ҳадафи амалҳои созмонҳои экстремистиву террористии «Ал-қоида», «Ҳизб-ут таҳирир», «Ҳаракати Толибон» қарор гирифтанд, ки бар асари ҳамлаҳои террорисии онҳо садҳо ҳазор нафар одамон ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар манзилҳои худро тарк намудаанд. Дар айни замон бошад ташкилоти террорисии бо ном «Давлати Исломӣ» бо истифода аз номи «Дини Ислом» сафи худро аз ҳисоби ҷавонони аз илму дониш дур буда пур намуда ба амалҳои номатлуб даст зада истодаанд, ки дар байни онҳо мутаассифона ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ мавҷуд мебошанд.
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадим сар карда аҷнабиён бо истифода аз номи дини мубини ислом истифода намуда ба боварии мардум даромада ба корҳои ғайри исломӣ даст мезаданд. Инро мо дар мисоли хиёнаткориҳои роҳбарону аъзоёни фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси сар задании ҷанги шаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, бар аъло мушоҳида намудем. Баъди пошхурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии ҷавонони гумроҳ даромада ба амалҳои харобкорӣ даст зада мехостанд, ки ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳад. Хушбахтона хиради азалӣ ва азму талошҳои мардуми тоҷик нагузошт, ки амалҳои нопоки онҳо ҷомаи амал пӯшад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сабабгори сар задании он Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд 150 ҳазор нафар аҳоли ба ҳалокат расида миллионҳо нафари дигар ба давлатҳои дигар фирор намуда, ходимони бузурги давлат таҳдиду ба қатл расонида мешуданд. Яке аз гуноҳои азиме, ки дар дини ислом қабул гардидааст, ин аз ҳаёт маҳрум намудани инсонҳои бегуноҳ мебошад магар инро роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон намефаҳмиданд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштори бераҳмонаи мардуми осоишта даст заданд.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси худ Ҳизби Наҳзати Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадаш ба давлати исломи табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва бо ин мақсад онҳо хостанд, ки чандин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табадулоти давлатиро ба вуҷуд оранд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба хуби дарк намуданд, ки беҳтарин неъмату дороие, ки насиби онҳо насиб гаштааст ин истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба он осебе расад ва бар зиди ҳама гуна хатарҳои экстремистиву террористӣ муборизаи беамони худро мебаранд. Воқеан ҳам истиқлолияти комил барои ҳар як давлат беҳтарин дорои ба ҳисоб меравад ва мардуми ҳар як давлат бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд. Мо шоҳиди ҳол будем, ки давлатҳои бузурге, ки дороии зиёд доштанд вале истиқлолияти комил, ки надоштанд дар як муддати кутоҳ иқтисодиёти онҳо дар натиҷаи нооромиҳо аз даст рафт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти комил ба даст оварданаш аз самараи он ба хуби насиб гардида дар мубориза ба эстремизму терроризм як қатор қонуну қарорҳои навро қабул намуд. Аз ҷумла, соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)». Инчунин вобаста ба пешгирӣ ва мубриза ба экстремизму терроризм як қатор санадҳоро қабул намуд. Аз ҷумла бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм тасдиқ шудааст. Ҳамзамон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зуроваранда ва тундгароии ба терроризмбаранда барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 15 санади ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намудааст, ки «Деклоратсия дар бораи чораҳои барҳамдиҳии терроризми байналмилалӣ» аз 9 декабри соли 1994, Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм аз 4 июни соли 1999, Конвенсияи ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм аз 16 июни соли 2009 мебошанд. Қонуну санадҳои қабулгардида ба мо имконият медиҳанд, ки мо боз ҳам алайҳи ин амалҳои номатлуби эктремистиву террористӣ мубориза барем.
Лоиқов П. номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment