Home ХАБАР ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МАТБУОТИ ТОҶИК

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МАТБУОТИ ТОҶИК

by admin
266 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинӣ таҳти унвони “Гуфтугӯи ду насл” бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, роҳбари Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат”, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, директори Муассисаи давлатии телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуданд. Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон суханронӣ намуда, аҳли толорро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, қайд намуданд, ки “Бо назардошти масоили мазкур гуфтан мумкин аст, ки «Бухорои шариф», қабл аз ҳама, барои дифоъ аз манфиатҳои миллати тоҷик ва посух гуфтан ба тавҳиноте, ки дар матбуоти пантуркистӣ нашр мешуд, рӯи чоп омадааст. Ин ҳадафҳои аслии нашрияро дар шумораи аввали рӯзномаи «Бухорои шариф» бараъло мушоҳида намудан мумкин аст.” Баъдан директори Муассисаи давлатии телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода ва Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб доир ба таърихи пайдоиши матбуоти тоҷик суханронӣ намуданд. Ҳамчунин як қатор омӯзгорон ва рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб бо сипосномаи ректори донишгоҳ ва академияи ВАО ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир чорабинӣ бо саволу ҷавоби донишҷӯён ба рӯзноманигорон ба анҷом расид .

Related Articles

Leave a Comment