Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ-МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ЗАМОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ-МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ЗАМОНИ МУОСИР

by admin
334 views
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, мақсади истифода бурдани он ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст заданӣ шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этники аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад ки он мумкин ба ифротгароӣ оварда расонад.
Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат ин дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремистӣ дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.
Чи тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.
Аз ин рӯ, аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доред.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи терроризму ифротгароӣ диққати ҷиддӣ дода, терроризмро маҳкум намуда, қайд карданд, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардидани амалҳои терористӣ, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд. Ин ҳама возеҳ нишон медиҳанд, ки тероризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Ҷаборов Бобомурод, саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment