Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ РУШД ВА ТАҲАВВУЛОТИ ИҚТИСОДИ КИШВАР ДАР 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

РУШД ВА ТАҲАВВУЛОТИ ИҚТИСОДИ КИШВАР ДАР 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

by admin
385 views

(Натиҷагирӣ, таҳлилу баррасии соҳаҳои иқтисодиёти кишвар аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21-уми декабри соли 2021)

Дар айни замон дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеъаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.12.2021 ироа гардид, ба сифати ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, тамоми самтҳои муҳимми рушди иҷтимоию-иқтисодӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ватани азизи моро дар тули 30-соли Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ намуд.

Зимни баромади худ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои беназири 30-соли истиқлолиятро дар ин шоҳроҳи нави таърихӣ мавриди назар ва таҳлили амиқ қарор дод, ки бевосита ин комёбиҳо дар замири неъмати бузурги озодӣ ва истиқлолият ба даст омадаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар як Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои мусбати худ аз якдигар фарқкунанда мебошанд. Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар паёмҳо бо он фарқ мекард, ки дар Паёми худ тамоми дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо ва дигаргуниҳои 30-соли истиқлолиятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Сарвари давлат зимни баромади худ қайд намуданд, ки «Барои таъмини зиндагии шоистаи мурдум ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ, Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст».  

Бояд қайд намуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ тамоми бахшҳои муҳимми иқтисоди миллиро таҳлилу баррасӣ намуда ҷиҳати боз ҳам хубтар гардидани кор дар ин самтҳо пешниҳодҳои муҳим ва зарурӣ намуданд.

Мо дар мақолаи мазкур танҳо рушд ва таҳаввулоти соҳаҳои иқтисоди кишвар, аз ҷумла рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, энергетика, соҳибкориву сармоягузорӣ, саноат, молияи давлатӣ ва кишоварзиро таҳлилу омӯзиш ва баҳогузорӣ менамоем.

Пешвои миллат дар паёми навбатии худ ба таҳлилу нишондиҳандаҳои суръати воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таваҷҷӯҳ зиҳир намуда,  иброз доштанд, ки «Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт». Дар ин давра бо зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва инчунин рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ шароити иқтисодии мардуми кишвар дар соли 2021 нисбат ба соли 2000 хубтару беҳтар шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди ин дастовардҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад». Вобаста ба ин гуфтаҳо қайд карданием, ки бо ду баробар зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, боз ҳам сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардад.

Ҷиҳати рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд».

Пешвои миллат оид ба шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор ибрози андеша намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардида, рушди иқтисодӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд ва қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид».

Дар баробари рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ Президенти кишвар таъкид  намуданд, ки «Дар кишвар захираву имкониятҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар соли 2022 барои самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешад». Воқеан дар кишвари мо то ҳол ба дараҷаи зарурӣ захираҳои таббии пурра омӯхта нашудаанд.  Манзури Пешвои миллат низ масъалаи мазкур буда, дар ҳолати истифодаи самараноки захираву имконотҳои мавҷуда боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баланд шуда,  сатҳи некӯаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мекушад, ки энергетикаи «сабз»-ро татбиқ намояд. Бо мақсади рушди энергетикаи «Сабз» Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд. Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад. Таъкид намуданд, ки ин воқеият ва талаботи замони муосир мебошад».

Соҳаи энергетика, ки солҳои охир бо суръати муайян афзоиш ёфта истодааст, Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид, ки дар натиҷа беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем». Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем».

Ба боварии комил гуфта метавонем, ки бо амалӣ шудани лоиҳаҳои бузург, ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ аз ҷумла Стратегияи рушди «Иқтисоди сабз» иқтидорҳои энергетикии кишвар боз ҳам зиёд шуда, дар натиҷа ба яке аз ҳадафҳои миллӣ истиқлолияти энергетикӣ хоҳем расид.

Дар даврони соҳибистиқлоли Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкоривӯ сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин давра аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳибкориву сармоягузорӣ як қатор барномаҳои соҳавӣ қабул ва татбиқ гардиданд. Маҳз ҳамин таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ боис гардид, ки дар муддати 30-соли истиқлолияти давлатӣ мо ба дастовардҳои бузургӣ иқтисодӣ ноил гардем. Роҷеъ ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд, ки дар натиҷа шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд».

Илова бар ин, зикр намуданд, ки «Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид. Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд, ки тар натиҷа 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд».

Бо мақсади рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки он аз 1-уми январи соли 2022 амалӣ мегардад на танҳо имтиёзу сабукиҳо ворид карда шуд, балки ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Илова бар ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат пеш аз ҳама беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва Тоҷикистонро ба як давлати пешрафтаи дунё  табдил додан мебошад. Дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд».

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калиди дорад ва ҳамеша давлату Ҳукумат барои рушди ин соҳа чораҳои зарурӣ меандешад. Дар ин росто ҷиҳати рушди саноатикунонии босуръат кишвар аз тарафи  Ҳукумати мамлакат як қатор стратегияву барномаҳои соҳавӣ аз ҷумла «Стратегияи рушди соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  қабул  карда шуд. Бо дарназардошти ин Президенти кашвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ (26.12.2018) ҳадафи чоруми миллиро саноатикунонии босуръати кишвар эълон намуданд. Қабул ва татбиқи ин барномаҳои соҳавӣ ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат боис гардид, ки дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёбад.

Ҳамзамон, Президенти кишвар бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозорҳо ба маҳсулоти ниёзи мардум ва ба содирод нигаронидашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар натиҷа расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ «Саноатикунонии босуръати кишвар» қайд намуданд, ки «Дар панҷ соли минбаъда 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад». Инчунин  ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо Президенти кишвар иброз доштанд, ки  «Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад». Эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» боис мегардад, ки вазъи иқтисоди мамлакат беҳтар гардида, даромади пулии аҳолӣ зиёд шуда, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил ва дар натиҷа шумораи муҳоҷирон кам шуда, сатҳи камбизоатӣ паст гардонида мешавад.

Дар Паёми имсола масъалаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсусан арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки «Дар соли 2022 даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд шуда, соли 2022 ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 43,8 фоиз баробар мегардад. Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд».

Инчунин, бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад.

Соҳаи кишоварзӣ дар низоми иқтисоди бозоргонӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва муҳимми иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи таҳлилу баррасии рушди соҳаи кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз масъалаҳои муҳимми Паёми имсола арзёбӣ гардид. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад».

Зимни баромади худ Сарвари давлат ба кишоварзони мамлакат ҷиҳати истеҳсол ва таъмин намудани бозорҳо бо молу маҳсулотҳои озуқаворӣ новобаста аз хушксолӣ изҳори минатдорӣ намуданд.

Дар солҳои аввали истиқлолият, солҳои бисёр ҳасосу вазнин, ки гуруснагӣ, хафву хатарҳои зиёд мардумро таҳдид мекард, Президенти кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгири намудани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои Президентӣ тақсим намуданд. Ҳамзамон Президенти кишвар иброз доштанд, ки «Дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд, ки дар ин натиҷа 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд».

Роҷеъ ба ин Президенти кишвар иброз доштанд, ки «Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Илова бар ин, барои соҳа имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар карда шуданд ва дар натиҷа ҳама бахшҳои соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Масалан, дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардида, воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфт, ки дар воқеъ барои рушди иқтисоди миллӣ, тамини аҳолӣ мо маҳсулотҳои гуштӣ ва ба содирот равон намудани маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуд».

Дар баробари ин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт. Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Президенти кишвар соҳаи кишоварзиро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, махсусан қайд намуданд, ки «… бо мақсади дастгирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД–19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шуданд. Дар ин натиҷа истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 6 фоиз афзоиш ёфта,  фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо молу маҳсулоти асосии ниёзи мардум таъмин карда шуд».

Қайд гардид, ки «То замони истиқлолият талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва картошка асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардид. Агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад. Ҳамзамон, соли 2021 беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 70 ҳазор тонна зиёд мебошад».

Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои миллат боз як қадами қатъӣ ба сӯи ояндаи дурахшон арзёбӣ мешавад. Дар умум, ман як омӯзгор ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.12.2021 ироа гардид бо рӯҳияи баланд қабул намуда, ҳамаи дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллатро саривақтӣ, пурмазмун ва барои беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон равонагардида баҳогузорӣ менамоям.

Аз ҷумла, ҷиҳати комилан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, эълон намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои «Рушди саноат», баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «Иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёт, имтиёзҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, занон ва оила татбиқи сиёсати ҷавонон, ва рушди варзишро намунаи олии ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбати мардуми кишвар арзёбӣ менамоям.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо паҳлуи дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро талаб менамоянд.

Бинобар ин, мо бевосита ба таҳлили масъалаҳои самти иқтисодӣ — иҷтимоии Паёми Пешвои миллат, дар 30-соли истиқлолият, ки инъикоскунандаи рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар мебошад, таваҷҷуҳ намуда, муҳимияти онро баён намудем.

Мусаллам аст, ки иҷрои барномаҳои инкишофи иқтисодии кишвар бар души мо ҷавонон вогӯзор мегардад. Бо назардошти ин моро зарур аст, ҳамеша дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар пайи иҷрои ин иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлатамон бошем.

Хулоса, аз таҳлил ва баррасии Паёми Президенти кишвар муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муълум гардид, ки соҳаи иқтисодӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ мақоми  калидиро дар низоми сиёсии кишвар ташкил медиҳад. Дар шароити муосир иқтидори иқтисодии давлат муайянкунандаи мавқеи давлат дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат дар ин самт зарурӣ, саривақтӣ ва ифодакунандаи дурнамои рушди мамлакат мебошад.

Мирзоев Қурбоналӣ Саидович-муовини сардори раёсати таълим, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment