Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ КОШ СУРАЕ БА НОМИ “ПАДАР” МЕБУД…

КОШ СУРАЕ БА НОМИ “ПАДАР” МЕБУД…

by admin
493 views

       Падар такягоҳ, падар сарпаноҳ, падар муттако, падар раҳнамо, падар қиблагоҳ, падар, падар, падар эй тамоми ҳастӣ, ки ками дар кам инсоният мавриди васф ва назараш мегираду қаҳрамони зиндагиашро мешиносад. Медонем ба дилҳо гармӣ, ба заифиҳо тавоноӣ, ба нифоқҳо иттифоқ меоварӣ. Корат ҳамеша ҳифз ва аминияти фарзандону оила аст.

      Ҳамеша аз дарвоза берун аз субҳ то шом пайи дарёфти қути лоямут ҳастӣ. Кор мекунӣ, ранҷ мекашӣ, сардию гармиро таҳаммул менамоӣ, вале боре хастагиятро ба фарзандон нишон намедиҳӣ. Чаро? Зеро ту бузург ва шикастнопарзир дар масири зиндагиӣ!

       Сафедиҳои муйи сарат нишон аз пирӣ нест. Онҳоро гирудори зиндагӣ сафед кардаанд. Фикре, ки фарзандон дуруст камол ёбанду шахсияти нек гарданд ва ниҳоят дар аснои пирӣ асои дасти ростат шаванд. Ин лаҳза саргузаштеро аз ҳаёти падару фарзанде дар зер бароятон меоварам ва дарки маъниро бар худи Шумо ҳавола менамоям, хонандаи азиз!

      Писаре падарашро барои хӯроки шом ба тарабхонае бурд. Падар, ки хеле заиф шуда буд, ғизояшро дуруст наметавонист бихӯрад ва бар рӯи либосҳояш мерехт. Тамоми афроди дар рестурон бо ҳақорат ба сӯи марди пир менигаристанд ва писар ҳам хомӯш буду дар иваз ғизоро ба даҳони падар мегузошт.

      Пас аз он, ки ғизояшонро тановул карданд, писар бо оромӣ падарро ба дастшӯӣ бурд, либосашро тамиз кард, мӯйҳояшро шона кард ва айнакҳояшро танзим карду берун овард. Тамоми афроди дар рестурон мутаваҷҷеҳи ҳардуи онҳо буданд ва бо ҳақорат ба сӯи ҳарду менигаристанд. Писар пули ғизоро пардохт ва бо падар аз он ҷо рафт. Дар ин ҳангом пирамарди дигаре аз ҷамъи ҳозирин аз ҷо баланд шуду садо кард.

-Писар!… Оё фикр намекунӣ чизеро фаромӯш кардаӣ?

Писар посух дод:

-Чизе боқӣ нагузоштаам.

Марди пир гуфт:

     -Бале, писарам боқӣ гузоштаӣ! Дарсе барои тамоми писарон…. Ва умеде барои ҳамаи падарон…!  Хомӯшии  мутлақ бар тамоми рестурон ҳоким шуд.

Кош сурае ба номи “Падар” мебуд, ки чунин оғоз мешуд:

Қасам бар панҷаи дастонат, ки бӯи нон медиҳад.

Ва қасам бар чашмони ҳамеша нигаронат…

Қасам бар буғзи фурӯхурдаат, ки шонаи кӯҳро ларзонд.

Ва қасам бар ғурбатат….Вақте ҳеҷ биҳиште зери поят нест!!!

Ва қасам бар иродатат, ки зиндагиямро умедӣ!

                                      Муҳаммадалӣ УСМОНОВ, ассистенти кафедраи забоншиносӣ

                                        ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ

                                    

Related Articles

Leave a Comment