Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ҲИФЗ ХОҲЕМ КАРД!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ҲИФЗ ХОҲЕМ КАРД!

by admin
237 views

Имрӯзҳо оид ба Ворух, як гӯшаи кӯҳистони ватанамон баҳсу мунозираҳои беасос вирди забонҳо гашта истодааст, ки ягон шаҳрванди бонангу номуси тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи иваз намудани Ворух бо ҳудуди дигар дар вилояти Бодкан ба ин далел аст. Агар ин суханҳоро ягон шаҳрванди одии қирғиз мегуфт, он қадар боиси тааҷҷуб набуд.

Аз ин баҳси беасос хулоса баровардан мумкин аст, ки вақте роҳбари яке аз идораҳои асосии низоми давлатдорӣ ин гуна рафтор мекунад, ё дар ин вазифа тасодуф омадааст, ё аз таърих умуман тасавурот надорад. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, Бодкан ҳам замини тоҷикон аст. Барои як мансабдоре, ки дар сатҳи баланд фаъолият дорад, чунин сухан кардан тамоман нодуруст аст. Ворух ҳеҷ вақт иваз намешавад, зеро ин гӯшаи диёр ҷузъи ҷудонашавандаи кишвар аст. Изҳороти сардори мақомоти амнияти Қирғизистон нодуруст буда, ӯ бояд суханашро дониста гӯяд. Ворух ҳама вақт як порчаи Тоҷикистони азиз буд ва абадан мемонад. Дар ҳалли чунин баҳсҳо иродаи баланди сиёсӣ зарур аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ин гӯшаи зебои Тоҷикистон-Ворух мардуми тоҷик зиндагӣ мекард ва карда истодааст. Роҳбарияти олии давлати мо ҳамеша ҷонибдори бо гуфтушунид, бо роҳи осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал намудани мушкилоти сарҳадӣ буд ва мебошад. Ҳоло бошад, Ворух марзи номус ва ғурури миллии мост ва аз он бо баҳои ҷонамон ҳимоят мекунем.

Эмомназар ПИРНАЗАРОВ,

номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент,

мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

Related Articles

Leave a Comment