Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢНАЗАРПУРСИҲО ЧАРО ДАР ҶОМЕА ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ ЗИЁД АСТ?

ЧАРО ДАР ҶОМЕА ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ ЗИЁД АСТ?

by admin
282 views

Дар ҷомеаи имрӯза мартабаи зан рӯз то рӯз боло рафта истодааст. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зан дар радифи мард аз ҳамаи ҳуқуқҳо бархӯрдор буда, комилҳуқуқу озод мебошад, аммо ин зоҳиран аст. Агар аниқтар ба умқи рӯзгори мардум назар кунем, манзараи амалияи зиндагӣ тамоман дигар аст. Ҳақиқату асл он аст, ки аксари занони маҳаллӣ зери хушунати хонаводагӣ қарор доранд. Дар муносибати зану шавҳар зуд-зуд баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд меоянд. Бо ҳар баҳонаи ночиз ҷангу ҷанҷол оғоз шуда, таънаю маломат ба сари зан меборад. Дар ҳолатҳои мастии шавҳар баҳсҳо ба моҷаро ва моҷаро ба латукӯби зан анҷом меёбад. Занҳо борҳо қаҳр карда, ба хонаи волидайнашон мераванд, вале бо тавбаю қасамхӯриҳои шавҳар ва ба хотири фарзандон ба хонаашон боз бармегарданд. Мутаассифона, имӯзҳо аз хушунати оилавӣ занон ва ё дигар аъзои оила даст ба худкушӣ ва ё суиқасд ба ҷони худу кӯдакони оила мекунанд. Аз ин рӯ, хостем то аз чанд рӯшанандеш ба саволи «Чаро дар ҷомеа хушунати оилавӣ зиёд аст?» пурсон шавем.

Савронбӣ Раҳимова, номзади илми филология, раиси Шӯрои занон.

Мо, занон гарчанде медонем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таҳти № 954 аз 19 марти соли 2013 амал мекунад, лекин дар баъзе оилаҳои ҷавон хушунату зӯроварӣ хеле зиёд аст. Ба фикри банда аз сабаби бисёре аз ҷавонон дар оила тарбияи хуб надоштан, баъди хонадор шуданашон бо занҳояшон ҳамчун моли хусусӣ муносибат кардан, зери латукӯб ва ба ҳар баҳонаи ночизе ҷанҷол бардоштан ва дар ин маврид бетарафии модарони онҳо ба хушунати оилавӣ оварда мерасонад. Пешниҳод мекунам, ки қонуни мазкурро миёни оилаҳои тоҷик ВАО ва ҳуқуқшиносону дигар масъулин аз Кумитаи кор бо занон ва оила бифаҳмонанд, зеро ҳама ноадолатиҳо аз надонистани қонун сарчашма мегирад.

Фарухҷон КАРИМОВ, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ.

Ин бисёр саволи бамаврид мебошад. Бештари одамон интизор посухи муккамал ва дуруст ҳастанд. Ба фикри ман ҳамин ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, барои ҳар як инсон дарси ибрат аст. Дигар мо ниёз ба фаҳмондадиҳии касе надорем. Имрӯз хушунат бисёртар дар оилаҳои ҷавон дида мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки волидайн ба навхонадорон тарбияи дуруст накардаанд. Сабабҳои асосии хушунат пинҳон кардани дурӯғ, надоштани ҳунари хӯрокпазӣ ва надонистани муносибати хуб мебошад. Инчунин, барвақт ба шавҳар додани духтарон боиси хушунати онҳо мегардад, зеро онҳо ҳанӯз кӯдак буда, ба хотоҳои зиёд даст мезананд.

Рустам ГУЛОВ, мудири шуъбаи тарбия.

 Вақте ки мо оила мегӯем зери ин мафҳум муҳимтарин ячейкаи давлатро мебинем. Аз ин рӯ, пеш аз барпо намудани оила ҳар як шаҳрванд бояд паҳлӯҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Мутаассифона, дар аксар хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ ва якдигар фаҳмӣ тамоман вуҷуд надорад. Ин аст, ки солҳои охир пароканда шудани оилаҳои ҷавон зиёд ба чашм мерасад. Вақте ки дар байни як оила хархаша ба миён меояд, бояд яке аз онҳо каме сабур бошаду ба суханони якдигар гӯш диҳанд.

Нодира АШӮРОВА, номзади илми филология, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик.

Қувваи мард барои зуроварӣ нест. Дар замони имрӯза, хусусан дар кишварҳои пешрафтаи дунё гиромӣ доштани занро вобаста ба самтҳои бофарҳанги ҷомеа медонанд ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ифтихор доранд, ки онҳо тавонистаанд мавқеи занро дар ҷомеаашон баланд бардоранд. Зан дар аҳди бостон, дар китоби муқаддаси пешазисломии эронинажоддон «Авесто» ба таври хоса тавсиф шуда, ба мавзӯи баробарии ҷойгоҳи зану мард дар ҷомеа бахшҳои гуногуни ин китоб бахшида шудааст. Чунон ки дар «Авесто» оварда шудааст, занон дар гузашта бо мардон баробарҳуқуқ ва аз тамоми ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бархӯрдор будаанд. Чунин сарнавишти тоҷикони мо ишора ба муносибати ҷомеаи фароторихӣ бо занон баёнгари фарҳанги баланди мардуми мо мебошад.

Абдураҳмон ХОЛОВ, ассистенти кафедраи илмҳои компютерӣ.

Ободии Ватани азизи мо аз ободии ҳар хонадону оила ва фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Дар оила, агар доимо ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳо бошанд, чӣ муҳите ваҳшатангезе барои фарзандони ин оила ба вуҷуд меояд? Муҳити носазо ва даҳшатбор. Оқибати чунин муносибатҳо дар муҳити оилавӣ ба ҳодисаҳои дуруғгӯӣ, фиреб додани падару модар, назари бад ба оила ва ҷомеъ мегардад. Агар дар муносибатҳои зану шавҳар зуд-зуд баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд оянд, пас, бо баҳонаи ночиз ҷангу ҷанҷол оғоз ёфта, таънаю маломат ба сари зан меборад. Зан ба моҷароҳо тоб наоварда, борҳо қаҳр карда, маҷбур мешавад, ки ба хонаи волидонаш равад. Зани одил ва вафодор, агар дар оила шароити муносибро мувофиқ ба рафтори оилааш (шавҳараш) иҷро намояд ва ба фарзандонаш, ки қариб қисмати зиёди рӯз бо онҳо машғул аст (агар хонанишин бошад), таълиму тарбияи дурустро ба роҳ монад, дар оила чунин моҷароҳо ба вуҷуд намеоянд. Дар тӯли ҳама соли зиндагии якҷоя, тартиби зиндагидорӣ ва муҳити оилавӣ бештар аз ҳарду вобастагӣ дорад.

Маҳтовбӣ БОРОНОВА, мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷик. Масъалаи оиладорӣ масъалаи мубрами рӯз аст, ҳарчанд атрофи он басҳои бисёре шудаанд, лекин он ҳоло ҳам ҳал нашудаву муҳтоҷи ёрист. Калиди хушбахтии оилавӣ нигоҳ доштани сири хонавода аст, аммо бештари бонувон онро ҳифз карда наметавонанд. Қаблан безурётии зан ё шавҳар ва дигар омилҳои ҷиддӣ боиси вайроншавии оила мегардид, ҳоло бошад, як баҳси лафзӣ ба пошхӯрии оила оварда мерасонад. Оила гаҳвораи инсон аст, макони сабзишу павариши фарзанд ва нигаҳбонии ин гаҳвора бар дӯши модар вогузор шудааст. Зан чун муҷассамаи покиву назокат сазовори парастишу эҳтиром аст. Бо вуҷуди ин, сабаби хушунати оилавӣ ғурури беҷои волидайн, тасмими бошитоби ҷавонон ва ошноии қалб аз издивоҷ мебошад.

Аминҷон ДАВЛАТОВ, мутахасиси маркази бақайдгирӣ ва итилоотии НКТ.

Яке аз сабабҳои хушунати оилавӣ ин аз нофаҳмӣ ва ба зиндагии мустақилона тайёр набудани ҷавонон мебошад. Оилаи солим гуфта оилаеро меноманд, ки дар вай якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, ғамхорӣ, раҳмдилӣ, накӯкорӣ ва бомаърифат буданро нишон медиҳад. Оила бояд дар асоси муносибатҳои одилонаву оқилона, андешаи солим ва муносибатҳои боақлонаи тарафайн сохта шавад. Вазифаҳои оила дар ҷомеа хело васеъ мебошанд. Инсони бомаърифат, хушахлоқу меҳнатдӯстро ба воя расонидан муҳимтарин вазифаи оила ва падару модарон ба ҳисоб меравад. Ҷангу хархаша, зурӣ ва нооромӣ боиси паст шудани сатҳи зиндагӣ мешавад. Дӯстию якдигарфаҳмӣ аз хонадон сар шуда, то ба сиёсати давлатдорӣ рафта мерасад.

Зану шаҳар агар якдил набошанд,

Бидон умре ба як манзил набошанд.

Умар ГУЛМАДОВ, ассистенти кафедраи физикаи умумӣ.

Дуруст аст, ки дар ҷомеаи кунунии мо зану мард баробарҳуқуқанд, вале набояд фаромӯш сохт, ки дар оила зан ва мард ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро доранд. Ин ҷо гап сари он намеравад, ки зан ва мард дар оила баробарҳуқуқ нестанд, балки гап сари ҳамон ӯҳдарориҳои зан ва мард маравад. Ӯҳдадориҳое, ки қабл аз оиладор шудан ба навхонадорон бояд омӯзонида шаванд. Ҳангоми иҷрои пурраи вазифаву ӯҳдарориҳо аз ҷониби зан ва шавҳар гуфтан мумкин аст, ки ҳеҷ гуна хушунат ва зуроварӣ дида намешавад. Агар гӯем, ки зуроварӣ ба зан танҳо аз ҳисоби иҷро накардани ӯҳдадориҳост, дуруст намебуд, чунки баъзан мавридҳое низ ҳастанд, ки зан қасдан мавриди зулму шиканҷа қарор мегирад.

Адураҳмони МУҲАММАДӢ, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими забони тоҷикӣ.

 Сар задани хушунати оилавӣ якчанд омилҳо дорад. Дар байни аъзоёни оила якдигаро дуруст нафаҳмидан, бо ибораи дигар гӯем якдигарнофаҳмӣ ҷой дорад. Шояд хурдсолон ва ё баракс калонсолон то ба охир тоқати шунидани фикри якдигарро надоранд. Яке худро аз дигаре донотар ё боақлтар медонанд ва онҳо ба қароре омада наметавонанд. Аз дигар тараф ин ба ҳолати психологӣ низ вобастагии калон дорад. Гузашта аз ин, дар ҷомеа оилаҳое ҳастанд, ки худ ба шароити оилавӣ чандон тайёр набуда, дар натиҷа бо баъзе душвориҳои зиндагӣ рӯбарӯ мегарданд, ки ин ҳам яке аз омилҳои сар задании хушунати оилавӣ мегардад.

Хайриддин СУФИЕВ, мутахассиси маркази тестӣ.

Яке аз сабабҳои асосии нофаҳмӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин асосан аз тарбияи оила вобастагӣ дорад. Агар духтар ва ё писар дар оилаи солим ба воя расида бошад, пас, ба ин амали шум даст намезанад. Аксари оилаҳое, ки даст ба ҷудошавӣ мезананд, онҳо аз Қуръону ислом ва илму адаб дуранд. Паёмбари Худо гуфтааст, ки ҳар кас, ки даст ба талоқ мезанад, бӯи биҳишт барои ин кас намерасад. Инчунин, бадтарин ҳалолҳо ин талоқ аст. Ба ақидаи шахсии банда сабаби асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон тарбияи дуруст надоштани онҳо мебошад.

Фарзона ҲАСАНОВА, ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг. Хушунати оилавӣ яке аз омилҳое мебошад, ки боиси парокандашавии оилаҳо мешавад. Пайдоиши ин фоҷеа аз қадрношиносӣ ва эҳтиром накардани якдигар мебошад. Аз паҳлӯи дигар назар афканем, пурра ба муносибатҳои оиладорӣ омода набудани навхонадорон мебошад.

 

Таҳияи

 Гулафзои ДАВЛАТ

 Бадриддин ҲИКМАТУЛЛОЗОДА

 Манучеҳр ЛАТИФОВ

 

Related Articles

Leave a Comment