Имрӯз қисмате аз манотиқи ҷаҳон пур аз ҷангу хунрезист. Дар бисёре аз кишварҳо ҷангу хунрезиву ноадолатӣ дар авҷ аст. Ҳар рӯз ҳазорон нафар мурда истодаанд. Чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки бераҳмтарин махлуқ дар рӯи замин инсон аст. Бераҳмие, ки инсон ба инсон мекунад, ҳеҷ як ҳайвон ба ҳамтои худ инро раво намебинад. Бо вуҷуди ақл доштан инсон чаро ин қадар ахмақ аст? Ҳамдигарро чаро мекушад, носазо мегӯяд, таҳқир мекунад? Бовар кунед, хонандаи азиз дар баъзе мавридҳо муносибати ҳайвонот аз мо инсонҳо дида ҳазорон маротиба адолатпарварона аст. Лоҳутии бузург мефармояд:
Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳарду?
Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳарду?
Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳарду?
Вакилону вазиронанд хоин фош мегӯям,
Агар дар зери теғам, ё ба рӯйи дор, ё ҳарду.
Аз ин рӯ, хостем аз чанд соҳибназар ба саволи»Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳарду?» пурсон шавем.
Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, таҳлилгари масоили минтақа.
Мусибат аз ҳардуст. Воқеан аз ҳарду. Чун кишварҳои абарқудрат макони зиёд доранд ва дар сиёсат ва равишҳои кишварҳои зери нуфуз ё камқудрат таъсир мерасонанд. Кишварҳои камқудрат, дар айни ҳол кишварҳои ҷаҳони ислом бештарашон кишварҳои нодор ва ақибуфтодаанд ва бадтар аз ин огоҳии ками мардумони онҳо боиси сар задани ҳар гуна мушкилот ва даргирӣ шуда метавонад.
Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР, рӯзноманигор, роҳбари Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Ҷангҳои хонумонсӯзи кишварҳои мусулмонӣ, пеш аз ҳама аз номуттаҳидӣ ва ихтилофоти мазҳабист, мусалламан аз ин вазъият абарқудратҳо ва душманони Ислом хеле хуб истифода карда истодаанд. Коргардонашон мутмаъинан Исроил аст.
Озар САЛИМ, шоир.
Радифи»Ё ҳар ду», ки Устод Лоҳутӣ аз он дар ғазали бисёр зебои худ истифода кардааст, ба масал таҷоҳули ориф аст. Яъне, шоир чизеро медонад, аммо боз ҳам худро сода вонамуд карда, ҷавобашро аз дигарон интизор аст, аммо дар мавриди суоли шумо чунин гуфтаниям, ки ҷангҳои хонумонсӯз дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин кори ҳарду аст, яъне аз ҷонибе манфиатҳои абарқудратҳо ва аз ҷониби дигар таассубу ноогоҳии мусулмонон аст.
Султони ҲАМАД, рӯзноманигор.
Мутаассифона, ҷангҳои дохилӣ дар бархе аз кишварҳои мусулмонӣ, воқеъияти замони мост. Киро муқассири сар задани ин ҷангҳо номидан мумкин аст? Албатта, ба ин савол посухи аниқ додан хеле мушкил аст. Дар ҳар куҷо ин ҷангҳо бо сабабҳо ва шеваҳои гуногун оғоз мешаванд. Дар бархе аз кишварҳо бо айби давлатдорон, дар баъзе аз кишварҳои дигар бо гуноҳи мухолифонашон ин моҷароҳову ин ҷангҳо оғоз мегиранд. Яъне, аксаран ин ҷангҳо бо айби худи мусулмонон ба вуқуъ мепайванданд. Инсофу адолати иҷтимоиро поймол кардан, зулму ситам намудан, фикру андеша ва сухану ақидаи якдигарро таҳаммул накардан, зиёд шудани фисқу фасод дар зиндагӣ, ба мушкилот сабр нанамудан, ҳушёриро аз даст додан, пойбанди фитнаву дасиса шудан боиси сар задани чунин низоъҳовуҷангҳои хонумонсӯз мешавад. Албатта, дар ин байн душманони дини мубини ислом ва мусулмонон, ки дар олам кам нестанд, нақши муайяне доранд. Онҳо ҳатман ба оташи ҷанг равған мерезанд, вале агар мусалмонҳо ҳамеша ҳушёру зирак ва дурандеш бошанд, душманонашон наметавонанд, онҳоро ба муқобили якдигар ба ҷанг бархезонанд. Бинобар ин, асосан «ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост».
Кароматулло САИДОВ, рӯзноманигори Телевизиони Тоҷикистон.
Ба андешаи ман Ислом ба зоти худ пок аст. Мӯъминон пайрави дини исломанд ва дар ин дин омада, ки мусулмон бародари мусулмон аст. Агар чунин бошад, пас, мӯъмин наметавонад, ки бародари мӯъмини худро ба азобу шиканҷа равона созад. Ба дидгоҳи расонаҳои хабарӣ агар назар созем, пас, маълум мегардад, ки гурӯҳҳои махсуси ифротӣ мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро дар пироҳани ислом пиёда созанд.
Ҷамшеди ҚУВВАТ, сокини шаҳри Душанбе.
Албатта мусибат аз ҳар ду тараф мешавад, вале ба назари ман мусибати аслӣ аз худи мо мусулмонҳост. Аз ноогоҳӣ мо исломро шиор карда, дар зери пардаи он ба чи корҳои ғайриинсоние даст мезанем. Мусулмонон агар хоҳанд, ки гирифтори мусибат нашаванд, рӯ ба омӯзиш бояд биёранд ва аз пайравӣ ба ҳар равия ва фирқаҳои ифротӣ даст бикашанд. Танҳо омӯзиш ва огаҳӣ метавонад моро аз мусибатҳо наҷот диҳад.
Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигор, собиқ сухангӯи Президенти АИ ҶТ.
Ин пеш аз ҳама сиёсати ғарб аст, ки бо истифода аз ҳама имкониятҳо намегузорад, ки дар кишварҳои мусулмоннишин сулҳу оромӣ бошад. Пурқувватии давлатҳои исломӣ ба фоидаи ғарб нест, зеро агар давлатҳои мусулмоннишин пурқувват бошанд, давлате чун Исроилро маҷбур мекунанд, ки ба сиёсати ғосибонаи худ хотима бахшад ва ҳудудҳои ишғолии худро бозгардонад. Мусибат дар куффор аст. Ин яқин аст. Куффор ба ҳадде доност, ки мусибатро бо дасти мусулмонон анҷом медиҳад. Бештари мусулмонон бесаводу ҷоҳиланд. Мисоли рӯшани он Лодану Бағдодиҳост. Албатта, яқин ҳам шуду исбот ҳам шуд, ки Бағдодӣ яҳудист, аммо Лодан араб буд. Инҳо бо фалсафаи ҷиҳод хуни садҳо ҳазорро рехтанд, ки 99 дарсади онҳо мусулмонон буданд. Дар ҷиҳоди инҳо ҷоҳилияти тафаккур бармалост. Ин фанатизму ин рӯҳияи аблаҳонаро куффор ба нафъи худ истифода мебарад. Дар Афғонистон ва Покистон даҳҳо ҳизби исломӣ ҳаст, ки ҳамдигарро кофир медонанд. Войи мо ки ин найрангҳоро пай намебарем ва гумон мекунем, ки ҷиҳод дорем. Инҳо садқаи номи ҷиҳод шаванд. Инҳо худфурӯхтагонанду бас. Ва ҳатто ин чанд тане, ки аз Тоҷикистон ҳам рафтанд ва дар Сурияву кушта шуданд ва имрӯз даҳҳо тифлаконашон муҳтоҷи гармии дидору як бурдаи нонанд. Магар онҳо ҷиҳод кардаанд? Дар Сурия куҷо кофир, ки кофир кушанд? Албатта мусулмон куштанд. Тамоми ҷангҳо манфиатҳо доранд, аммо мутаассифона дар ҳамааш халқи осоишта ҷабр мебинад, мемирад ва хонумонсӯхта мешавад, зеро тамоми ҷанг дар замони имрӯз аз»бозиҳои сиёсӣ» сар зада истодаанд, ки мисоли рӯшани он ба харобазор табдил ёфтани давлати Сурия аст. Наметавонем онеро, ки дини худро дорад куфр гӯем, зеро кофир танҳо касест, ки дин надорад. Аммо имрӯз»мусулмонҳо» ҳар нафаре, ки аз аҳли Ислом нест, пеши худ куфр мехонанду гӯё бо он ҷиҳод мекунанд. Ҷиҳоде, ки онҳо дар тафаккури худ дорад, аслан ҷиҳод нест, зеро ҷиҳод кардан рехтани хуни ҳамзоти худ набуд ва нест. Мусибат аз куффор аст, ки бо найранг мусулмонони ҷоҳилро ба ҷанг меорад…
Таҳияи
Ҷаҳонгир РУСТАМ