Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ САРЧАШМАИ ЗИНДАГОНӢ ОБ АСТ!

САРЧАШМАИ ЗИНДАГОНӢ ОБ АСТ!

by admin
422 views

Тоҷикистон як неъмати худодод, як мӯъҷизаи табиат, як доираи биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас, месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем.

Месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатраи обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем. Дар радифи пиряхҳои азим, дарё ҳои бузург ва кӯлҳои хушманзара чашмасорон ҳам аз муъҷизаиҳои кишвари биҳиштосоӣ мо ба шумор мераванд. Оби зулоли чашмасорон аз қаъри замин ва ё аз синаи кӯҳ ҷӯшида, фавора зада, манзараҳои афсонавиро чун наққоши моҳир рангинтар ва марзҳои тафсидаро чун соҳили босаховат менамояд. На фақат бар мо, балки барои тамоми халқҳои ҷаҳон оби чашмасорон мӯъҷизаи бе назир ва фавқулода ба ҳисоб меравад. Ба ягон халқи ҷаҳон муясар нагаштааст, ки ба чашмасорон чун тоҷикон ин қадар номи зебо ва шоиставу шоирона гузошта бошад. Об равшаниву нур, манбаи асосии ҳаёт, сабаби ҳастии оламӣ, наботот, ҳайвонот ва асли бақову пойдории зиндагӣ ва табиат аст. Об неъмати бебаҳову муқаддасест, ки таровату зебоӣ ва сарсабзиву нишоту зиндагӣ аз он вобаста аст. Захираи оби тоза дар кишвари мо ниҳоят зиёд аст, ки он дар рӯдхонаҳо, кӯлҳо, чащмаҳо ва дар пиряхҳо ҷамъ шудааст.

Обҳо дар кӯҳи мо ях бастааст,

Сангҳо дар кӯҳи мо шах бастааст.

Дар ҳар қадам ин манзараҳои дилраборо мебинем, ки ин ягон муболиға нахоҳад буд, балки дар шакли табии онҳоро худи табиати мо офаридаанд.

Комрони АБДУЛЛО,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment