Home АНДЕША НАВИШТАҲОИ ТАБОБАТӢ БО ҲАМКОРИ ҚАДРДОНАМ БЕҚАРОР

НАВИШТАҲОИ ТАБОБАТӢ БО ҲАМКОРИ ҚАДРДОНАМ БЕҚАРОР

by admin
239 views

 

Ҳамкори шиноси донишгоҳамон Беқарор бемор аст: муттасил аз ҳар ҷониб хабарҳо меорад, дар байни дӯстон ва ҳамаи онҳое, ки ба ӯ пайвастагӣ доранд, низоъ меандозад.

Ҳамаи ин амалҳоро аз дили неку меҳрубонӣ ба ҷо меорад, зеро ӯ ҷумла ёронро баробар дӯст медорад: агар дар ягон ҷо нисбат ба ягон кас сухан равад, фурсатро аз даст надода, аз рӯи афсӯсхӯрӣ ва рафъи ҳодиса онро нақл карда медиҳад. Таассуфи ӯ аксар вақт ба ҷанҷол анҷом меёбад.

Бинобар ин, барои табобати Беқарор дорухати зайл зарур аст. Бемор бояд камтар ҷонибҳо рафта, худро бештар ба канор гирад, он вақт барои гирдуои бефоидаи ӯ вақт кам мемонад. Дар он сурат ба дӯстон ва ба худаш кам зиён меорад. Айни замон, ҳар рӯз се доруи хокаро, ки аз андешамандӣ ва дӯстии ҳақиқӣ таркиб ёфтааст, дар ӯ майли ёрӣ расонидани наздикон ва муҳаббати ҳақиқӣ доштанро парварида, ба шараф ва неккирдорӣ асос ёфтаанд, пайваста бояд истеъмол намояд, он гоҳ ӯ аз нақлҳои зараровар эмин хоҳад буд.

Ба соҳибэҳтироми боэътибор Ғайбаталӣ

Дар роҳи пайдо кардани шиносо ба Ғайбаталӣ вохӯрдам. Дониста гирифтам, ки ӯ бемор будааст. Барои манфиати хеш ба шахсияти одамони бошарафу софдил бо ишораҳои норавшан гап зада ғайбат ҳам мекардааст. Ӯ аз рӯи имкониятҳои худ ҳама воситаҳоро истифода мебурдааст. Барои писанд омадан дар чашми кас чоплусӣ мекунад, дар ғайбаш бошад, суханҳои носазою нолоиқро раво медонад ва баҳри соҳибэҳтиромии хеш шараф ва адлу инсофро кайҳо боз фаромӯш карда будааст.

Ғайбаталӣ моҳирии худро нишон дода, ҳар рӯз навигариҳои зиёди ҳайратангез нақл мекунад, гарчанде онҳо дар атроф ба вуқӯъ ҳам наомада бошанд, аз бомаърифатӣ ва боимонии хеш болида, амалҳои ҳамаи ҳамкоронро зери танқид мегирад. Хулоса, барои табобати ин гуна шахсон дорухат зарур аст.

Эзоҳ: Ҳарчанд андеша кардам, ки барои Ғайбаталии муҳтарам бо сабаби авҷгирии бошиддати дардаш дорухат нависам, натавонистам. Барои шифоёбии ӯ маслиҳати дӯстон лозим аст. Ман бошам, аниқ тасдиқ карда наметавонам, ки Ғайбаталӣ аз ин касалӣ раҳоӣ меёфта бошад, ё не, вале ба андешаи ман бемории ӯ табобатнашававанда аст.

Ба мӯҳтарам Саммзабон

Дар ҳаққи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту замм,

Дар ҳаққи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту самм

                                                    Рӯмӣ

Саммзабон шахси мағрур, ҳавобаланду худписанд аст. Ин сифатҳо бевосита аз табиати худдӯстии ӯ ба амал омадаанд. Худдӯстӣ бошад, ба он бурда мерасонад, ки шахс худбину мутакаббир мешавад; кӯшиш мекунад, ки худро беш аз он ки ҳаст, нишон диҳад, фикри дигаронро ба эътибор намегирад, даъвои болонишинӣ ҳам мекунад.

Саммзабон аз хурӯшиданҳои пайваста зуд-зуд бемор мешавад. Барои шифо ёфтани дард ба ӯ дорухат лозим аст. Агар доруи доирашаклро, ки бо номи дӯстӣ ва некӣ дар байни халқ машҳур аст, истеъмол намоӣ, шифо меёбӣ, ё ҳар рӯз 30-40 чакраи соҳирро талаби амал қарор диҳӣ, дигар бадсуханӣ намекунед.

Ба кордидаи муҳтарам Киноягар

Ҳангоми вохӯриҳо ҳамкорон қайд мекарданд, ки соҳибэҳтироми ҳамагон Киноягар шахси оқил ва духӯра аст. Бале, бале… Кимёгар не, Киноягар! Духӯраҳо фақат рӯзҳои гузашта набуданд, онҳо фардо, пасфардо ва доимо дар байни одамон ҳастанд. Бо ишораҳои норавшан сухан гуфтан одат ва иллати доимии онҳост. Иллат бошад (бо гуфтаи Ибни Сино) ду навъ аст: яке баростӣ ва дигаре бо рамзӣ ифода меёбад. Забони духӯраҳо ҳеҷ гоҳ аз ғайбату суханчинӣ баста нест. Чӣ илоҷ?! Одат шудааст. Ба ҳамин маънӣ дар зарбулмасали халқӣ омадааст: «Иллат биравад, одат бимонад.»

Духӯраҳо худро дӯстони сазовор мешуморанд. Аммо афсӯс… дар амал ин тавр нестанд. Халқ панд медиҳад, ки чун иқрори дӯсти кардӣ ва вақте ки сухани меҳру садоқат дар миён омад, дурӯягӣ макун, зеро он кирдори носавоб ва нопокӣ аст.

Мазан раҳ, то бурун аз раҳ наяфтӣ,

Мазан чаҳ, то даруни чаҳ наяфтӣ. Ҳилолӣ

Сиришти духӯра чӣ тавре ки ҳаст, гуфтораш низ ҳамон тавр аст. Аз ин рӯ, дар дониши ирфонӣ омадааст, ки аҳли духӯраҳо мансуби дузаханд.

Иллати Киноягари оқилу духӯраро чӣ тавр муолиҷа бояд кард? Албатта бо дорухат.

Мӯҳтарам Киноягар ҳардам барои худ чизи ғайримконро хоҳиш дорад. Ӯ мехоҳад шахси шуҳратманд бошад, вазифаҳои намоёнро соҳиб шавад ва бесабаб нест, ки баъзан дар ғайби дӯстон дар гуфтугӯ бо ҳамкорон ишора мекунад: «Ман куҷою ӯ куҷо!»

Ин иллат аз хунукмизоҷӣ ба амал омада, ҳангоми тарбияаш шиддат ёфтааст. Барои рафъи ин рутубатҳо ба ӯ лозим аст, ки аз ин кирдори носавоб дурӣ ҷӯяд ва илми ақлиро омӯзад. Агар синну сол барои омӯхтан имкон надиҳад, даргумон аст, ки беморӣ табобат карда шавад.

Ислом ҒУЛОМОВ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи математикаи олӣ

Related Articles

Leave a Comment