Home АНДЕША ДИЛБОХТАИ АДАБИЁТИ ҒАНИЮ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИКУ ФОРС

ДИЛБОХТАИ АДАБИЁТИ ҒАНИЮ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИКУ ФОРС

by admin
235 views

Дареғо, ки бе мо басе рӯзгор,

Бирӯяд гулу бишкуфад лолазор.

Басе тиру даймоҳу урдубиҳишт,

Биояд, ки мо хок бошему хишт.

                                    Саъдии Шерозӣ

Камина бо Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ аввалҳои моҳи октябри соли 1969 шиносоӣ пайдо карда будам. Он рӯзҳо баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди кафедраи забони тоҷикии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) бо ҳамроҳии Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ дар мошини сабукрав ба ш.Душанбе раҳсипор гардидам. Аҳли оила дар назди «Автовакзал»-и ш.Кӯлоб бо ман хайрухуш намуданд

Ман дар роҳ бо Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ то ш. Душанбе дурудароз пурсупос ва чақ-чақ кардам. Аз суҳбати ӯ ба ман маълум гардид, ки номбурда ба наздикӣ шуъбаи рӯзонаи факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айниро хатм карда, ҳоло корманди ҷавони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ мебошад. Ӯ дар ин вазифа аз соли 1969 то соли 1971 кор кард. Сипас, солҳои 1971-1974 курси пурраи шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айниро гузашт. Вақте ки аспиранти соли якум буд, ман соли охирини (3-юм) курси аспирантураро мегузаштам. Дар ҳамин давра дӯстӣ ва ҳамкории мо боз ҳам қавитар гардид.

Дар давраи таҳсил дар аспирантура ӯ зери роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Холиқ Мирзозода дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Толиби Омулӣ» рисолаи номзадӣ менавишт.

Лаҳзаи ниҳоят ҷолиби диққат ва фаромӯшнашаванда ин аст, ки ҳар ду дар он вақт (моҳҳои апрел ва майи соли 1972) ба сафари хизматӣ (барои корҳои илмӣ) ба шаҳрҳои Москва ва Ленингради (Санкт Петербурги ҳозира) Россия рафтем. 18-рӯз дар шаҳри Москва, як ҳафтаи боқимондаро дар шаҳри Санкт Петербург гузаронидем. Маҳз бо шарофати машғул шудан ба кори илмӣ ба мо ҷавонони одии хатлонӣ дидани ҷойҳои муҳим ва дилкаши таърихӣ ва фарҳангии Россия, аз ҷумла китобхонаи давлатии СССР ба номи В.И.Ленин, китобхонаи давлатии оммавии Ленинград ба номи Салтиков Щедрин, ВДНХ. Зиёрати мақбараи (мавзолейи) Ленин, эрмитажи Ленинград, мавзейи «Царское село» (Литсейе, ки он ҷо А. С. Пушкини ҷавон хонда буд) ва ғайра муяссар гардид. Ба гуфти Мавлоно Ҷомӣ:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Дар солҳои минбаъд дӯст ва ҳамкори азизи мо аз соли 1974 сар карда, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то рӯзҳои вопасини ҳаёташ (5.01.2007) ба сифати муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик содиқона кор карда буд. Дар ин давра дӯстӣ, ҳамкорӣ ва омадурафти аҳли байти мо ба авҷи аъло расид.

Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ ҳамчун шахси зиндадил, ҳушёр, ҳозирҷавоб, маърикаоро, мушкилкушо, суҳбаторо ва ғайра дар ҳама ҷо машҳур гардида буд.

Ёд дорам, боре баъди соҳиби писарчаи нав шуданам аз дотсент, раиси иттифоқи касабаи муаллимони донишгоҳ Абдусаттор Абдулвоҳидов пурсидам, ки барои писари навзодам ягон номи муносиб ёбад. Ӯ дуру дароз фикр кард, аммо ба ёдаш номе наомад. Ногоҳ ҳамкори мо Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ пайдо шуд ва пурсид, ки чӣ гап? Мо асли воқеаро баён кардем. Ӯ аз ман пурсид, ки номҳои писаронатро бо тартиб номбар кунед. Ман номбар кардам:. Абдуқодир, Фаррух, Носир.

Ӯ гуфт:

 — Инашро ном монед «Нозим». Абдусаттор Абдулвоҳидов дар ҳайрат монда чунин гуфт: — Эҳ, ба Худо рост мегӯяд. Ҳамин тариқ, номи писари чоруми мо «Нозим» боқӣ монд.

Мисоли дигар. 28 сентябри соли 1998 дар донишгоҳ ҷашни 60-солагии зодрӯзи камина бо тантана қайд гардид. Дар толори № 2-и донишгоҳ баъди суханҳои сарвари маърака-ректори онвақта муҳтарам академик Самариддин Каримов ва дигарон ҳамкори мо Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ дар ҳаққи соҳибҷашн суханони неку писандида гуфт. Нимаи дуюми рӯз он маърака дар хонаам бо ташкили зиёфати муносиб ва савту суруд якчанд соат давом кард. Бо пешниҳоди мудири кафедраи навбунёди «Методикаи забон ва адабиёти тоҷик», пири кор устод Қодир Рустамов сарварии ин маъракаи хотирмонро ба Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ супорид. Маъракаи мазкур хеле хуб ва бо таври намунавӣ гузашт. Он дар кассета сабт ёфтааст, ки барои ман ёдгории таърихӣ мебошад.

Дӯст ва ҳамкори мо Саидҷаъфаров Шовалӣ марди шӯх ва ширингуфторе буданд, ки гуфтаҳои ӯ диққати ҳамаро ба худ ҷалб менамуд ва сомеонро ба ханда меовард. Ӯ ҳангоми суҳбат калимаҳои «классикӣ», аз ҷумла вожаҳои арабии дар асоси ҷамъбандии шикастаи арабӣ («ҷамъи мукассар») сохта шударо, аз қабили «натоиҷ», «вазоиф», «муваззаф», «уфтодан» (ба маънои «афтидан») мӯшикофона кор мефармуд, ки пиру барно аз он завқ мебурданд ва ба ваҷд меомаданд.

Ба қалами Саидҷаъфаров Шоҳвалӣ беш аз 100 мақолаи илмию тадқиқотӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ мансуб аст, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва фишурдаҳои гуногун рӯи чопро дидаанд. Яке аз рисолаҳои машҳури ӯ «Фатҳи қуллаҳо» (1993) ном дошта, дар он эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтааст. Камина ба ин асар дар вақташ дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1.05.1994, №2) тақризи хонданбобе навишта будам. Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1999) ба шумор мерафт.

Ҳамкори азиз ва меҳрубони мо ногаҳон, аз сактаи дил ин ҷаҳонро падруд гуфт. Охирин рӯзи ҳаёти фоҷиавии Саидҷаъфаров Шоҳвалиро собиқ шогирди мо донишҷӯ Наботов Рустам нағз дар хотир дорад. Ҳамкори мо роҳравон бо шогирдаш Наботов Рустам дар назди саҳни бинои маъмурияти онвақтаи донишгоҳ якчанд шоҳбайтҳои шоирони адабиёти классикии тоҷику форсро қироат намуд, ки дар байни онҳо шоҳбайти машҳури объекти тадқиқотиаш-Толиби Омулӣ низ буд, ки ба таври зайл аст.

Пироҳане аз тори вафо дӯхта будам,

Чун тоби ҷафои ту наовард, кафан шуд.

Ёдат ба хайр, дӯст ва ҳамкори азизу қадрдони мо!

                                                                                                                                  Қаюм САНГОВ,

номзади илмҳои педагогӣ,

дотсенти кафедраи забони

тоҷикӣ бо методикаи таълими он.

Related Articles

Leave a Comment