Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО АЗИЗТАРИН ШАХС

АЗИЗТАРИН ШАХС

by admin
229 views

Рӯзе устоди равоншинос барои дарс додан вориди синф шуда, ба донишҷӯён мегӯяд:

— Имрӯз мехоҳам бо шумоён…-, устод каме хомӯш шуда, дар идомаи суханаш – «бозӣ кунем». Сипас аз донишҷӯён хост, ки то як нафарашон бо хоҳиши худ ба назди тахтаи синф барояд. Хонуме хостори ин даъват шуд. Устод аз он хонум хост то номи 30 нафар аз инсонҳои муҳими дар зиндагияшро дар тахтаи синф нависад. Хонум номҳои афроди хонавода, наздикон, дӯстон, ҳамкурсон ва ҳамсоягонашро навишт. Сипас устод аз ӯ хост то номи се нафарро, ки дар зиндагияш аз дигарон дида, он қадар муҳим нестанд, тоза кунад. Хонум номҳои се ҳамсояашро пок кард. Сипас устод хоҳиш кард, ки боз номи панҷ нафари дигарро, ки аз дигарон дида на он қадар муҳиманд, пок кунад. Хонум номҳои панҷ нафар аз ҳамкурсонашро пок кард. Ин амалро бо хоҳиши устодаш идома дод, то лаҳзае, ки номи чаҳор нафар дар рӯи тахтаи синф боқӣ монд: падар, модар, ҳамсар ва ягона писараш.

Синфро сукути мутлақ фаро гирифта буд, чун ҳоло ҳама ҳозирин фаҳмиданд, ки ин амали устод барои он хонум ва ҳар як ҳозирин, як бозии оддӣ набуда, балки дарси ҳаёт будааст.

Устод аз хонум хост, то боз номи як нафари дигарро аз тахта пок кунад, ки дар зиндагияш аз он чор нафар он қадар муҳим нест. Хонум ба тахтаи синф назар кард ва дигар пок кардан барояш бисёр душвор буд, аммо супориши устод буд ва бо дили нохоҳам номи падарашро пок кард.

Устод гуфт:

— Боз номи як нафари дигарро ҳам пок кунед!

Хонум назар ба тахтаи синф кард ва муддате латтапора дар даст қарор истод, чун устод бори дигар барои иҷрои хоҳишаш садо кард. Хонум, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буд, аз тахтаи синф номи модарро пок кард. 

Дар тахтаи синф аз 30 нафари ба хонум дар ҳаёт азиз ва муҳим, фақат ду нафар монда буд, фарзанди ягона ва ҳамсараш.

Устод гуфт: 

— Лутфан боз номи як нафари дигарро пок кунед!

Хонум музтариб ва нигарон шуда буд, дастонаш меларзид, чашмонаш ашкборон ва ранг дар рӯяш намонда буд. Синфро хомӯшӣ фаро гирифт, гӯё касе набуд ва ҳамагон чашмашонро аз хонум ва тахтаи синф намеканданд.

Хомӯширо садои устод халалдор кард:

— Лутфан номи як нафари дигарро, ки дар ҳаёти Шумо азиз ва муҳим аст, боқӣ монда, дуюминро пок кунед!

Хонум ночор оҳиста-оҳиста номи писарашро пок кард ва дигар худро идора карда натавонисту бо садои баланд гиря кард.

Устод аз ӯ хост то дар ҷояш биншинад ва баъд аз чанд дақиқа аз ӯ пурсид:

— Чаро исми ҳамсаратро боқӣ гузоштӣ? Дар ҳоле, ки волидайнатон шуморо бо ҳазорон ранҷу азоб ба воя расонданд, писаратонро бошад ба дунё овардед ва ҳамеша метавонистед ҳамсари дигаре дошта бошед?

Дубора синф дар сукути мутлақ буд, ки зан чӣ посухе дорад ба саволи устод.

Зан ба оромӣ ва садои гиряолӯд гуфт:

— Рӯзе волидайн аз канорам хоҳанд рафт, писарам ҳам рӯзе бо баҳонаи таҳсилу кор, ё ҳар иллати дигаре таркам хоҳад кард. Пас, танҳо марде, ки воқеан кулли зиндагияшро бо ман тақсим мекунад, ин ҳамсарам аст.

Ҳама донишҷӯён аз ҷо баланд шуданд ва барои он, ки зан ҳақиқати зиндагиро бо онҳо дар миён гузошта буд, барояш кафкӯбӣ карданд. Муаллим бошад, сарашро ҷунбонида, бо ишораи «дуруст ҷавоб додед», табассуми пурмаъное кард…

Мантиқ: Азизтарин шахсро шинохтан даркор!

Related Articles

Leave a Comment