Сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ рӯйдоди муҳимми сиёсиву дипломатӣ ва нишонаи эътирофи байналмилалии саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамкории созанда ва суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Эътирофи хизматҳои арзандаи роҳбари давлат дар арсаи байналмилалӣ
7 ноябри соли 2026 дар доираи сафари расмӣ ва музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд. Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистонро дар фазои тантанавӣ Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақдим намуданд.
Ин рӯйдодро метавон на танҳо ҳамчун қадршиносии хизматҳои шахсии Сарвари давлати Тоҷикистон, балки ҳамчун нишонаи эҳтироми самимии мардуми Қазоқистон нисбат ба мардуми тоҷик ва эътирофи дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти давлатиро ҳамчун тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷонибаи байни давлатҳо маънидод карда, онро пеш аз ҳама қадршиносии хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар арзёбӣ намуданд.
Чунин мавқеи Сарвари давлат бозгӯи он аст, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои дипломатӣ натиҷаи талошҳои муштараки давлат, ҷомеа ва тамоми мардуми кишвар дониста мешаванд.
Хоҷа Аҳмади Ясавӣ – рамзи арзишҳои муштараки маънавию фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ
Моҳияти ин мукофотро бе дарки ҷойгоҳ ва мақоми таърихии шахсияте, ки орден ба номи ӯ гузошта шудааст, пурра шарҳ додан имконнопазир аст.
Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (1100–1166) яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи тамаддуни исломӣ, мутафаккир, ориф, шоир, сӯфӣ ва маорифпарвари асримиёнагӣ дар давлати Қарахониён ба шумор меравад. Осори маънавӣ ва таълимоти ахлоқии ӯ дар ташаккули фарҳанги маънавии халқҳои туркзабон ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозидаанд.
Дар таълимоти Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ғояҳои адолат, инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, поквиҷдонӣ, хоксорӣ, эҳтироми инсон ва масъулияти ахлоқӣ мавқеи муҳим доранд. Ин арзишҳо на танҳо аҳаммияти таърихӣ, балки мазмуни умумибашарӣ дошта, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамзистии осоиштаи халқҳо низ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни маросими супоридани орден таъкид намуданд, мероси Хоҷа Аҳмади Ясавӣ танҳо ба як миллат ё кишвар маҳдуд намешавад, балки ба тамаддуни умумӣ ва халқҳои Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад.
Аз ин нуқтаи назар, ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ таъсис додани мукофоти давлатӣ ва бо он сарфароз гардонидани Президенти Тоҷикистон дорои мазмуни амиқи рамзӣ мебошад. Ин иқдом аз пайванди таърихӣ, наздикии маънавӣ ва умумияти арзишҳои фарҳангии халқҳои минтақа шаҳодат медиҳад.
Дипломатияи созанда ва таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар давраи соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои муҳими рушдро тай намуда, имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд.
Асоси ин муносибатҳоро эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд ташкил медиҳад.
Дар ин раванд нақши роҳбарияти олии ҳар ду давлат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев назаррас мебошад.
Муколамаи мунтазами сиёсӣ, табодули сафарҳои расмӣ, баргузории мулоқотҳои сатҳи олӣ ва ба имзо расидани санадҳои муҳими байнидавлатӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дорои хусусияти бисёрҷанба буда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва амниятро фаро мегирад.
Махсусан, дар шароити тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳои минтақа, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб манфиатҳои муштарак доранд.
Дар ин замина, эътирофи саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ҳамзамон баёнгари аҳаммияти сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошад.
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдории миллӣ
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувори давлатдории тоҷикон мебошад. Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлат ва ҷомеаи тоҷик давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсоз буданд. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва расидан ба ризоияти миллӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим дошт. Дар ин марҳилаи таърихӣ сиёсати сулҳофаронаи роҳбарияти давлат ва талошҳои пайваста барои ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар таъмини устувории давлатдорӣ нақши муҳим бозиданд.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муҳими ҳалли мусолиматомези низоъҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста ҷонибдори ҳалли масъалаҳо тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафҳо ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Маҳз ҳамин равиши созанда дар сиёсати хориҷии кишвар барои баланд гардидани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни суханронӣ дар маросими супоридани орден саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботу амният дар Осиёи Марказӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои минтақа махсус таъкид намуданд. Ин баҳои сиёсӣ бозгӯи он аст, ки нақши Тоҷикистон дар равандҳои минтақавӣ танҳо бо масъалаҳои дуҷониба маҳдуд намешавад, балки ба ташаккули муҳити эътимод, ҳамкорӣ ва суботи умумиминтақавӣ низ таъсир мерасонад.
Муносибатҳои дӯстонаи халқҳо – заминаи устувори ҳамкории давлатҳо
Яке аз хусусиятҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар он ифода меёбад, ки онҳо танҳо ба иродаи сиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодии давлатҳо асос наёфта, дорои решаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мебошанд.
Халқҳои тоҷик ва қазоқ дар тӯли садсолаҳо дар фазои ягонаи таърихӣ ва тамаддунии Осиёи Марказӣ зиндагӣ намуда, бо ҳам робитаҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва маънавӣ барқарор кардаанд.
Мероси муштараки таърихӣ, арзишҳои суннатии инсонпарварӣ, эҳтироми калонсолон, арҷгузорӣ ба оила, меҳмоннавозӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки дӯстии ин ду халқро тақвият мебахшанд.
Дар шароити муосир густариши робитаҳои донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон метавонад дар таҳкими минбаъдаи ин муносибатҳо нақши муассир дошта бошад.
Аз ин лиҳоз, ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ на танҳо нишонаи қадршиносии сиёсӣ, балки рамзи пайванди маънавии халқҳои минтақа ва зарурати ҳифзи арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ низ мебошад.
Аҳаммияти сиёсӣ ва байналмилалии ин рӯйдод
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои геополитикӣ, рақобатҳои иқтисодӣ ва тағйироти низоми муносибатҳои байналмилалӣ хусусияти мураккаб пайдо кардаанд, сиёсати мутавозин, ҳамкории минтақавӣ ва дипломатияи созанда аҳаммияти махсус касб мекунанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини рушди устувор, истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодӣ, ҳифзи амният ва ҳалли мушкилоти умумӣ ба ҳамкории наздик ниёз доранд. Аз ин ҷиҳат, густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон аҳаммияти стратегӣ дошта, метавонад ба таҳкими фазои эътимоду ҳамкорӣ дар тамоми минтақа мусоидат намояд.
Сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ низ дар ҳамин замина арзёбӣ мегардад. Ин иқдом аз ҷониби давлати Қазоқистон эътирофи саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва таъними суботу амнияти минтақавӣ мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, ин рӯйдод нишон медиҳад, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар заминаи эҳтиром, эътимод ва эътирофи хизматҳои тарафайн метавонанд ба сатҳи нави ҳамкорӣ расанд.
Ҳамзамон, чунин қадршиносӣ масъулияти минбаъдаи ҳар ду ҷонибро барои татбиқи ҳадафҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тақвият мебахшад.
Сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ рӯйдоди муҳимми таърихию сиёсӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба шумор меравад.
Ин мукофотро метавон ҳамчун эътирофи хизматҳои арзандаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, рушди шарикии стратегӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ арзёбӣ намуд. Мазмуни рамзии орден, ки номи яке аз мутафаккирони бузурги тамаддуни Осиёи Марказиро дорад, бозгӯи он аст, ки мероси таърихию фарҳангӣ метавонад ҳамчун омили муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳо хизмат намояд.
Бояд таъкид кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон имрӯз на танҳо ба манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ, балки ба эҳтироми мутақобила, наздикии маънавӣ ва пайвандҳои таърихии халқҳо такя мекунанд. Ин рӯйдод барои ҷомеаи Тоҷикистон низ аҳаммияти тарбиявию ватандӯстона дорад. Он зарурати арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамояд. Бешубҳа, таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар буда, дар таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва таҳкими мавқеи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҷовидон бод дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон!
Давлатзода Шуҳрат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
