Home ХАБАР ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ ОНЛАЙНӢ

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ ОНЛАЙНӢ

by admin
17 views

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Самтҳои асосии ислоҳоти қонунгузории интихоботӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ» ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар доираи ҳамоиш Азизаи Нурулло, омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ, дар мавзуи «Роль органов конституционного контроля в механизме защиты избирательных прав граждан в России и странах СНГ» маърӯза пешниҳод намуда, доир ба нақши ин ниҳодҳо дар таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои интихоботии шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии раванди интихобот андешаронӣ кард.

Иштироки намояндагони донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои илмӣ барои табодули таҷриба, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди қонунгузории интихоботӣ мусоидат менамояд.

Related Articles

Leave a Comment