Home ХАБАР ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУН- ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «НАВОВАРОН ВА ИХТИРОЪКОРОНИ НАВРАС ВА ҶАВОН»

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУН- ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «НАВОВАРОН ВА ИХТИРОЪКОРОНИ НАВРАС ВА ҶАВОН»

by admin
30 views

Санаи 22.12.2023 дар шаҳри Душанбе ҷамъбасти Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» зери шиори «Қадами устувор ба инноватсия» бо ташаббуси  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 15 то 30 сола баргузор гардид.

Дар озмун-фестивали ҷумҳуриявии мазкур аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Шарипов Анвар ду нафар донишҷӯёни донишгоҳ: Ғаффори Мурод- донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси Таърих ва ҳуқуқи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Сафарзода Сироҷиддин — донишҷӯи соли  5-уми ихтисоси Забони англисӣ-хитоии факултети филологияи хориҷӣ иштирок намуда , Ғаффори Мурод бо пешниҳоди ихтирои  «Мевағундорак» сазовори ҷойи 3-юм ва Дипломи дараҷаи 3 ва Сафарзода Сироҷиддин  бо ихтирои «Либосхушккунак» сазовори ҷойи ифтихорӣ ва бо Дипломи иштирокчиву мукофотпулиҳо зафарёб гардиданд.

Донишҷёни мазкур санаи 25-уми декабри соли ҷорӣ зимни баргузории ҳамоиши устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати натиҷагирии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 зери унвони “ДУРАХШИ ИЛМУ ҲУНАР” бо Ифтихорнома ва мукофотҳои  сарфароз гардонида шуданд.

Раёсат ва ҳайати кормандону омӯзгорони Донишгоҳ донишҷуёнро ба дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаашон дар роҳи азбарнамоии  илму дониш ва фатҳи қуллаҳои баланди соҳа барору муваффақият таманно менамояд.

Related Articles

Leave a Comment