Home ХАБАР ДАСТГИРИИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН ВА ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОРИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ

ДАСТГИРИИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН ВА ТАҚВИЯТИ ИҚТИДОРИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ

by admin
13 views

3 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ вохӯрии ректори донишгоҳ бо докторантони аз рӯйи ихтисос (PhD) баргузор гардид.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳавасмандсозии муҳаққиқони ҷавон, баррасии раванди иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар соли таҳсили 2026-2027 буд.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, инчунин докторантони PhD-и курсҳои якум, дуюм, сеюм ва хатмкардагони ин зинаи таҳсил аз факултетҳои филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус ва филологияи хориҷӣ иштирок намуданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, доир ба ҳадаф ва зарурати баргузории чунин вохӯриҳо, инчунин нақши онҳо дар тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки мулоқоти бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ бо докторантон барои табодули афкор, баррасии дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, инчунин муайян намудани роҳҳои муассири такмили фаъолияти илмии муҳаққиқони ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки тибқи ҳидояту супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои унвонҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди илму маориф ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, докторантон бояд ба таҳияи босифати рисолаҳои илмӣ, омӯзиши амиқи сарчашмаҳо, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот ва нашри натиҷаҳои илмии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар раванди иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳанӯз баъзе мушкилоту камбудиҳо ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо муносибати масъулиятнок ва ҳамкории пайвастаи докторантон, роҳбарони илмӣ ва сохторҳои дахлдори донишгоҳро тақозо менамояд. Роҳбарияти донишгоҳ омода аст, ки барои дастгирии ташаббусҳои илмӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳқиқот ва мусоидат ба фаъолияти муҳаққиқони ҷавон тадбирҳои заруриро амалӣ созад.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ бо ҳар як докторант суҳбати инфиродӣ анҷом дода, аз вазъи иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, ҷараёни таҳияи рисолаҳои илмӣ, дастовардҳо ва мушкилоти онҳо огоҳӣ пайдо кард. Зимни баррасии масъалаҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла беҳтар намудани дастрасӣ ба сарчашмаву маводи зарурии илмӣ, тақвияти роҳнамоии методологӣ ва баргузор намудани семинару машваратҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон доир ба талаботи низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати мутобиқ намудани корҳои илмии докторантон ба меъёрҳои муқарраргардида баромад намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳар як муҳаққиқ бояд зимни таҳияи рисола, омода намудани мақолаҳои илмӣ ва нашри натиҷаҳои таҳқиқот ба талаботи амалкунандаи КОА таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сифату арзиши илмии корҳои худро таъмин созад.

Зикр гардид, ки вохӯриҳои мазкур марҳила ба марҳила бо докторантони дигар факултетҳои донишгоҳ низ баргузор гардида, дар ин замина масъалаҳои вобаста ба раванди таҳқиқот, иҷрои нақшаҳои инфиродӣ ва омодасозии рисолаҳои илмии онҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Related Articles

Leave a Comment