Home ХАБАР МАҲФИЛИ НАВБАТИИ «РУССКАЯ РЕЧЬ» БАРГУЗОР ГАРДИД

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ «РУССКАЯ РЕЧЬ» БАРГУЗОР ГАРДИД

by admin
13 views

Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии кафедраи забони муосири рус таҳти унвони «Русская речь» бо роҳбарии ассистенти кафедра Шарипов Мадиброҳим баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил роҳбари он суханронӣ намуда, нақши забони русиро дар густариши ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти муошират ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо таъкид кард. Сипас, маърӯзачиён ва мавзуъҳои баромади онҳо ба ҳозирин муаррифӣ гардиданд.

Дар идома донишҷӯи курси чоруми факултет Бойматова Бебаҳо дар мавзуи «Лексико-семантическая характеристика молодёжного сленга» ва донишҷӯи курси чоруми факултет Амирова Фарзона дар мавзуи «Лексикология русского языка и её основные понятия и категории» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Зимни маърӯзаҳо хусусиятҳои луғавию маъноии сленги ҷавонон, нақши он дар муоширати муосир, инчунин мафҳумҳо ва категорияҳои асосии лексикологияи забони русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment