Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ

by admin
13 views

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Бо ҳамин мақсад ҷаласаи васеи Кумитаи падарону модарони факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2026-2027 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ Қаюмова Мубина, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бобозода Бахтовар, ҳайати омӯзгорону кормандон ва падару модари донишҷӯёни факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин, намояндагони раёсати таълиму тарбия ва садорати факултет зимни суханронӣ оид ба қоидаву муқаррароти оинномаҳои донишгоҳӣ, вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯ, сари вақт ҳозир шудан ба дарс ва дигар мавзуъҳои алоқаманд ба таълиму тарбия ибрози андеша намуда, диққати волидайнро ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа, бақои саодатбор ва ободии мулк аз таълиму тарбияи насли бофарҳангу донишманд ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир вобастагии амиқ дорад. Дар баробари ин, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва бедор намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди Ватан, аз ҷумла омодагӣ ба иҷрои қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ-хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар ташаккули шахсияти комил ва ватандӯсти насли ҷавон аҳаммияти муҳим дорад. Зеро касби дониш, камолоти маънавӣ ва дарки масъулияти ҳифзи марзу буми кишвар бояд дар ҳамбастагӣ ташаккул ёфта, заминаи омодагии ҷавононро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан фароҳам оварад.

Мусаллам аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас дар баробари падару модар ҷомеа ва дигар қишрҳои он низ саҳми назаррас доранд. Бо вуҷуди ин, набояд фаромӯш сохт, ки тарбияи нахустин аз оила оғоз ёфта, оила ҳамчун мактаби аввалини ҳаёт дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, хислат ва рафтори фарзанд нақши калидӣ мебозад. Аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муносибати огоҳонаи падару модар ба тарбияи фарзанд хулқу атвор ва рафтори минбаъдаи ӯ вобастагии зиёд дорад. Фарзанд аксаран намунаи рафтору муносибатеро, ки дар муҳити оила мушоҳида мекунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ такрор менамояд. Агар дар фазои оила муҳити маърифатпарварӣ, эҳтиром, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳукмфармо бошад, фарзанд низ дар рӯҳияи донишомӯзӣ, рафтори оқилона ва садоқат ба Ватан ба камол мерасад. Баръакс, агар ӯ шоҳиди ҷаҳолат, бетафовутӣ ва бемасъулиятӣ гардад, эҳтимоли таъсири манфии чунин муҳит ба ташаккули шахсияти ӯ зиёд хоҳад буд. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти фарзанд, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва омода сохтани ӯ ба иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳифзи Ватан, бояд аз муҳити оила оғоз ёфта, дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа тақвият дода шавад.

Дар вохӯрӣ падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароитҳое, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардааст, дидан намуданд. Дар охир зумрае аз донишҷӯёни фаъол ва волидайни онҳо бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Related Articles

Leave a Comment