Home ХАБАР ПАЙВАНДИ НАСЛҲО: СИНФХОНА БА НОМИ ОМӮЗГОРИ СОҲИБЭҲТИРОМ САИДҶОН ҲАФИЗОВ

ПАЙВАНДИ НАСЛҲО: СИНФХОНА БА НОМИ ОМӮЗГОРИ СОҲИБЭҲТИРОМ САИДҶОН ҲАФИЗОВ

by admin
11 views

(Дар заминаи арҷгузорӣ ба хизматҳои омӯзгорони варзида ва гиромидошти мактаби омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Арҷгузорӣ ба омӯзгор арҷгузорӣ ба илму маърифат, заҳмати содиқона ва ояндаи насли наврас аст. Омӯзгороне, ки умри хешро ба таълиму тарбияи ҷавонон, рушди илму дониш ва тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат мебахшанд, бо гузашти солҳо низ дар қалби шогирдон ва хотираи ҷомеа ҷойгоҳи хосса доранд. Таъсиси синфхона ба номи чунин шахсиятҳо на танҳо нишони эҳтиром ба хизматҳои арзишманди онҳо, балки иқдоми муҳим дар таҳкими пайванди маънавии наслҳо ва идомаи анъанаҳои неки омӯзгорӣ ба шумор меравад.

Дар ҳамин замина, дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ синфхона ба номи омӯзгори соҳибтаҷриба, Аълочии маорифи Тоҷикистон Саидҷон Ҳафизов таъсис дода шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи синфхона ректори донишгоҳ профессор Сафарзода Мунир Ватан ҳайати роҳбарияти донишгоҳ ва устод Саидҷон Ҳафизов иштирок намуда, ин иқдомро ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз заҳматҳои чандинсолаи омӯзгорӣ ва саҳми арзандаи ӯ дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ карданд.

Ректор зимни суҳбат таъкид доштан, ки таъсиси чунин синфхонаҳо бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварони Пешвои миллат роҳандозӣ гардида,  дар муҳити донишгоҳӣ аҳаммияти хосса дорад. Зеро ҳар як синфхонае, ки ба номи омӯзгори соҳибэҳтиром гузошта мешавад, метавонад ба макони омӯзиши зиндагӣ, фаъолияти касбӣ ва арзишҳои инсонӣ табдил ёбад. Ин иқдом ба донишҷӯён ёдрас менамояд, ки роҳи дониш аз меҳнату талош, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касби интихобшуда мегузарад.

Саидҷон Ҳафизов 10 апрели соли 1944 дар шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг, дар хонадони зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ ба омӯзиши илм ва фаъолияти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ дошта, пас аз хатми мактаби миёна роҳи донишандӯзиро дар самти биология идома додааст. Солҳои 1963-1966 хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо намуда, сипас таҳсили худро дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ки имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ном дорад, идома додааст. Соли 1971 ин муассисаи олии таълимиро хатм намуда, фаъолияти касбии худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон бахшидааст.

Фаъолияти меҳнатии устод Саидҷон Ҳафизов бо Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлоб, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ном дорад, пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ фаъолияти омӯзгории худро дар ин муассиса оғоз намуда, аз таъсисдодагон ва аввалин декани факултети химия ва биолия мебошад.

Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ Саидҷон Ҳафизов дар вазифаҳои гуногуни омӯзгорӣ ва роҳбарӣ фаъолият намуда, барои таҳкими заминаҳои таълимӣ ва ташкилии муассиса хизмат кардааст. Солҳои 1975-1977 мудири кафедраи мудофиаи шаҳрвандӣ, солҳои 1992-1996 декани факултети химия ва биология, солҳои 2009-2010 муовини декани факултети омӯзгорӣ ва солҳои 2011-2012 мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ буд. Баъдан, солҳои 2012-2021 дар кафедраи тарбияи томактабии донишгоҳ ба ҳайси муаллими калон фаъолият намуда, аз моҳи сентябри соли 2021 фаъолияти худро дар кафедраи биология ва методикаи таълими он идома додааст.

Ин пайдарҳамии фаъолияти касбӣ аз таҷрибаи ғанӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагии устод ба иҷрои вазифаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ шаҳодат медиҳад. Фаъолият дар вазифаҳои роҳбарӣ ва омӯзгорӣ барои ӯ имконият фароҳам овардааст, ки на танҳо донишҳои тахассусии худро ба шогирдон омӯзонад, балки дар ташкили раванди таълим, такмили фаъолияти сохторҳои таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон низ саҳм гузорад.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти Саидҷон Ҳафизов танҳо бо соҳаи омӯзгорӣ маҳдуд намешавад. Ӯ ҳамчунин варзишгар буда, соли 1980 ба унвони номзад ба Устоди варзиши СССР оид ба тенниси рӯйи миз мушарраф гардидааст. Ин ҷиҳати зиндагии устод бозгӯйи таваҷҷуҳи ӯ ба тарбияи ҷисмонӣ, иродаи қавӣ ва аҳаммияти ҳамоҳангии рушди зеҳнию ҷисмонии инсон мебошад. Омезиши фаъолияти омӯзгорӣ ва варзишӣ намунаи ибратест, ки аҳаммияти тарзи ҳаёти фаъол, интизом ва талоши пайвастаро барои расидан ба ҳадафҳо таъкид мекунад.

Хизматҳои бисёрсолаи устод дар соҳаи маориф бо мукофотҳои арзанда қадрдонӣ гардидаанд. Соли 1993 ӯ бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ҳамчунин соли 1965 барои хизматҳои худ бо медали ҷашнии «ХХ соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудааст. Ин қадршиносиҳо бозгӯйи марҳилаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва касбии ӯ мебошанд.

Саҳми омӯзгор дар ҷомеа танҳо бо солҳои собиқаи корӣ ё вазифаҳои ишғолкардааш муайян намегардад. Арзиши аслии фаъолияти ӯ дар донишҳое таҷассум меёбад, ки ба шогирдон меомӯзонад, дар масъулиятшиносие, ки дар онҳо тарбия мекунад ва дар муносибати некбинонаву самимие, ки ба муҳити таълимӣ ворид месозад. Аз ин нигоҳ, фаъолияти Саидҷон Ҳафизов ҳамчун омӯзгори дорои таҷрибаи чандинсола ва роҳбари собиқадори сохторҳои таълимӣ ҷузъи муҳими таърихи факултети химия ва биология ва мактаби омӯзгории донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Ифтитоҳи синфхона ба номи устод Саидҷон Ҳафизов заминаи мусоид фароҳам меорад, то донишҷӯёни имрӯза бо роҳи тайкардаи омӯзгорони соҳибтаҷриба бештар ошно шаванд ва дарк намоянд, ки пешрафти илму маориф маҳсули заҳмати пайваста, садоқат ба касб ва масъулият дар назди ҷомеа аст. Ин синфхона метавонад ҳамчун рамзи эҳтиром ба омӯзгор, ёдгори заҳматҳои созанда ва василаи таҳкими робитаи маънавии байни насли калонсолу ҷавон хизмат намояд.

Related Articles

Leave a Comment